[:tj]
Баъди эълон гаштани Истиқлолияти давлатӣ дар кишвари азизи мо падидаҳои ҳақталошӣ, истиқлолхоҳӣ ба кашмакашиҳои манфиатҷӯёнаи сиёсӣ табдил ёфта, Тоҷикистонро вартаи ҳалокатбор ва ҷанги бародаркушӣ фаро гирифт
Дар чунин давраи ҳассос, низоъҳои сиёсӣ, харобшавии институтҳои давлатдорӣ замон ва таърих шахсеро барои раҳонидан аз вартаи ҳалокат ва муттаҳидсозии миллат ба майдон овард, ки нияту орзуяш бо дарки худшиносии миллӣ ва ормонҳои ҳазорсолаи миллат ҳамовоз буд. Замону таърих, рисолати наҷоти миллат аз парешонӣ, барқарорсозии институтҳои давлатдориро дар асоси принсипҳои муосири демократӣ, бо дарназардошти арзишҳои миллӣ ва ташаббуси оғози бунёди сохтмонҳои азими асри навро ба дасти фарзанди фидокори миллат Эмомалӣ Раҳмон супорид.
Ӯ азизи ҳар хонадон ҳаст…
Барҳақ, рисолати хайрхоҳона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва институти президентӣ чун таъминкунандаи тавозуни баробари фаъолияти идоракунӣ барои ташаккули андешаи миллӣ аҳамияти калони илмӣ доранд. Зеро танҳо ӯ чун меъмори сулҳ миёни тоҷикон, оташи ҷанги худкуширо хомӯш намуда, ваҳдати комили миллиро баркарор намуд. Яъне Президенти мамлакат чун меъмори сулҳи тоҷикон, на танҳо азизи ҳар хонадони тоҷик шуд, балки таҷрибаи андӯхтааш дар ин самт дар арсаи ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифт. Чунки миллатҳо ва давлатҳои зиёде маълуманд, ки тӯли солиёни дароз меваи талхи ҷанги шаҳрвандиро мечашанду аз вартаи он баромада наметавонанд. Албатта, вобаста ба он муддати тӯлони донишмандон мақоми робитаи ҳамбастаи шахс ва таърих, созандагии инсонро дар ҷомеасозӣ кабул надоштанду бар он ақида буданд, ки накши шахс дар гирдгардон намудани чархи таърих, маҳдуд аст. Вале таърихи ҷаҳонӣ худ гувоҳ аст, ки тағйироти бунёдӣ барои муайян намудани роҳу равияи созанда дар умури ҷомеасозӣ ба фаъолияти амалии шахсиятҳои алоҳида, ки нияташ аз ормону иродаи қавӣ ва умқи таъриху фарҳанги халқу ҷомеа реша мегирад, вобаста аст. Инак, воқеияти замони истиқлолият ба хубӣ исбот намуд, ки ин фарзанди наҷибу некиродаи халки тоҷик ҳамчун шахсияти таърихӣ рисолати хешро дар ҷомеасозӣ ва давлатсозии миллӣ сарбаландона иҷро намуд.
Рисолати асосии Пешво – ба созиш оварданду муттаҳид намудан
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омад, ки Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба парокандагиву гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯ ба рӯ шуда буд. Дар ин вазъи нобасомонӣ табиист, ки рисолати асосии Пешво – ба созиш овардан ва муттаҳид сохтани гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа дар асоси идеяҳои нав ва арзишу идеалҳои миллӣ мебошад.
Ҳамин аст, ки яке аз хислатҳои наҷиби Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин назари нек ва ватанхоҳона ба ҳамаи минтақаҳои мамлакат баҳри рушду нумӯи онҳо мебошад. Намунаи барҷастаи чунин муносибати самимии Сарвари давлат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон арзёбӣ мегардад. Бояд гуфт, ки қаблан ягон роҳбари Тоҷикистон ин қадар сафари судманди корӣ ва силсиламулоқоти самимонаро бо мардуми вилоят накарда буд.
Бадахшон дар замони меъмори ваҳдат гул кард
Бо дастгирии ҳамаҷонибаи Президенти муаззами мо дар солҳои охир симои шаҳру навоҳии вилоят комилан тағйир ёфт. Сол аз сол теъдоди иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ ва истеҳсолии вилоят афзуда, феълан ВМКБ аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт. Ҳоло мусаллам аст, ки мардуми вилоят Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллат самимона дӯст медоранду ифтихор аз он доранд, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ кору зиндагӣ мекунанд. Ӯ ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат тавонист дар муддати кӯтоҳи таърихӣ давлати миллиро бо тамоми рукнҳои давлатдориаш бунёд созад ва обрӯю нуфузи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорад.
Пешравӣ дар соҳаи маорифу илм
Соли 2018 дар доираи сафари кори худ Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ, бинои маъмурии Раёсати маорифи вилоят, шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ ва зерсохторҳои онро мавриди истифода қарор доданд. Бино аз чор ошёна иборат буда, дорои 42 ҳуҷра мебошад. Дар он зиёда аз 100 нафар корманди соҳа бо ҳуҷраҳои корӣ таъмин гардида, ҳамзамон ошхона барои 40 ҷой ва хобгоҳ барои 30 нафар корманди соҳаи маориф, ки аз ноҳияҳои дурдаст ташриф меоранд, пешбинӣ шуда буд. Бино дорои синфхонаи компютерӣ бо 24 ҷой, китобхона, толори хониш, утоқҳои методӣ барои фанҳои табиӣ, риёзӣ, синфҳои ибтидоӣ, забонҳо ва равияи гуманитарӣ мебошад. Ҳамчунин барои кормандони бахши Хадамоти назорати давлатии соҳаи маорифи вилоят утоқҳои алоҳидаи корӣ пешбинӣ гардидааст. Ғайр аз ин, дар ин бино чор зерсохтори Раёсати маориф ҷойгир мебошад. Дар ошёнаи якуми бинои Раёсати маориф, Муассисаи давлатии «Маркази технологияи иттилоотии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон», синфхонаи компютерӣ, ошхона ҷойгиранд. Ҳамчунин, дар ин бино «Маркази рушди истеъдодҳо» низ ҷойгир мебошад. Маркази мазкур бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳо, ташаккул додани малакаю маҳорат ва лаёқатмандии насли наврас, эҷодкориву созандагӣ таъсис ёфта, то ба имрӯз аз саросари вилоят хонандагонро ҷамъ овардааст.
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ – боргоҳи маърифати ҷаҳонӣ
14-уми сентябри соли 2018 Президенти мамлакат дар шаҳри Хоруғ бинои Донишгоҳи Осиёи Марказиро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд. Бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ дар асоси шартномаи байналмилалӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Фонди Оғохон сохта шуда, аз биноҳои таълимии дуошёна ва се ошёна иборат мебошад.
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ асосан дорои ду ихтисос, омӯзиши илм дар бораи замин ва муҳити зист ва иқтисодиёт буда, ба донишҷӯён устодон аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон бо истифода аз роҳу воситаҳои муосири таълим дарс мегӯянд. Ҳамаи синфхонаҳо дорои шароиту имкониятҳои муосири таълим буда, бо таҷҳизоти пешрафта таъмин мебошанд. Самти таълим дар донишгоҳ асосан ба тадқиқот нигаронида шуда, донишҷӯён бо истифода аз роҳу воситаҳои муосири донишомӯзӣ, махсусан технологияи компютерӣ ба омӯзиш ва корҳои илмӣ ҷалб карда мешаванд.
Таълим дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо забони англисӣ ба роҳ монда шуда, дар он мутахассисони рақобатпазир ба бозори ҷаҳонӣ омода карда мешавад. Тибқи низомнома донишҷӯён тариқи шартномавӣ қабул карда мешаванд ва ҳамзамон ба ҷавонони лаёқатманд имтиёзҳо муқаррар гардидааст.
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бевосита дар заминаи дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бунёд гардида, он барои донишҷӯёни тоҷик ва дар оянда омода намудани мутахассиони соҳибихтисос дар сатҳи ҷаҳонӣ заминаи асосӣ фароҳам меорад.
Маркази фарҳангу иҷтимоъ дар Хоруғ
Ғайр аз ин, сохтмони бинои театри миллӣ дар маркази вилоят аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 946 ҷойи нишаст тарҳрезӣ шудааст ва масоҳати умумии бино 7261, 2 м 2 – ро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, баҳри коҳиш додани эҳтиёҷоти мардуми шаҳр ба манзили зист бо иқдоми Ҳукумати кишвар аз соли 2017 сохтмони ду бинои 12 – ошёна идома дорад.
Дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва омодагӣ ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ моҳи марти соли ҷорӣ маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакон “Мадагаскар – Памир” дар шаҳри Хоруғ ифтитоҳ гардид. Моҳи июни соли 2019 дар натиҷаи ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва бахши хусусӣ дар дохили бинои тиҷоратии “Памир Плаза” маркази дилхушии кӯдакон “Аладдин” ба истифода дода шуд.
Инчунин, дар Хоруғ барои сайёҳон 11 адад ширкатҳои сайёҳӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд. Мавриди зикр аст, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби фонди захиравии Роҳбарияти Олии давлат Мактаби президентӣ дар шаҳри Хоруғ, хобгоҳи донишҷӯён барои Донишгоҳи давлатии Хоруғ сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд. Инчунин дар шаҳри Хоруғ ҳоло Маҷмааи варзишӣ бо тамоми шароити муосири варзишӣ мавҷуд аст. Феълан аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар бинои таълимии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ба маблағи умумии зиёда аз 80 миллион сомонӣ босуръат идома дорад.
То 30 – солагӣ даҳҳо иншооти дигар бунёд мешавад
Тибқи нақшаи аз ҷониби Ҳукумати кишвар тасдиқшуда ба муносибати ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди вилоят сохтмон ва таъмиру азнавсозии 90 иншооти дигар аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва маблағҳои марказонидашудаи вазорату идораҳо, инчунин, бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Илова бар ин, дар шаҳри Хоруғ корҳои омодагӣ барои бунёди маҳалли нави аҳолинишин дар мавзеи Тем босуръат амалӣ шуда истодаанд. Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2016 – 2020 ба фароҳам овардани шароит барои рушди устувори маҳал, ташкил намудани ҷойҳои кори нав ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони вилоят нигаронида шудааст. Дар доираи барнома татбиқи 110 лоиҳа ва бунёду азнавсозии беш аз 1500 иншоот ба маблағи умумии беш аз 4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 85 фоизи он барои беҳдошти шароити инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он равона мегардад.
Бахши Хадамоти муҳоҷират
дар шаҳри Хоруғ
[:]