Мизи мудаввар дар мавзӯъи “Муҳоҷират, бехатарӣ, тандурустӣ: нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ”

[:tj]18 сентябри соли равон Намояндагӣ дар кори мизи мудаввар дар мавзӯъи “Муҳоҷират, бехатарӣ, тандурустӣ: нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ”, ки дар Хонаи миллатҳои шаҳри Москва баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуд.

Чуноне котиби матбуоти Намонядагӣ дар ФР Иброҳим Аҳмадов иттилоъ дод, чорабинӣ бо ташаббуси Комиссия оид ба сиёсати иттилоотӣ дар ҳамкорӣ бо Комиссия оид ба муҳоҷират ва Комиссия оид ба бехатарии ҷамъиятӣ ва дипломатияи халқии Шӯро оид ба корҳои миллиятҳои назди Ҳукумати шаҳри Москва ва Ассотсиатсияи миллии табибони хизматнишондодаи ФР баргузор шуда, ҳадафи асосии он иҷрои самарабахши Амри Президенти ФР аз 31.10.2018 с. “Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷиратии Федератсияи Россия барои солҳои 2019-2025” мебошад.

Дар мизи мудаввар раиси Комиссия оид ба бехатарии ҷамъиятӣ ва дипломатияи халқии Шӯро оид ба корҳои миллиятҳои назди Ҳукумати шаҳри Москва Драгой Федор Георгиевич, Раиси Комиссия оид ба муҳоҷирати Шӯрои мазкур Московский Юрий Викторович. муовини раиси Шурои мазкур Кругових Игор Эрикович, Президенти Ассотсиатсияи миллии табибони хизматнишондодаи ФР, роҳбари ЛОР клиникаи ГБУЗ МО МОНИКИ ба номи М.Ф. Владимирский д.и.т. Егоров Виктор Иванович, намояндагони мақомоти муҳоҷиратӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Молдова ва рузноманигорон иштирок намуданд.

Дар рафти чорабинӣ масъалаҳо марбут ба татбиқи қонунгузорӣ, вазъи феълии дастрасии муҳоҷирони меҳнатӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр шуд, ки вақтҳои охир бо дарназардошти такмили қонунгузорӣ дар соҳаи муҳоҷират дастрасии муҳоҷирони меҳнатӣ беҳтар шуда истодааст, вале то ҳол дар ин самт камбудиҳо ҷой доранд. Ба гуфти масъулини соҳа дастрасии муҳоҷирони меҳнатиро ба хизматрасониҳои тиббии умумӣ механизми барасмиятдарории патент ва дар асоси он гирифтани полиси суғуртаи тиббӣто ҷойе ин масъаларо ҳал намудааст. Ба масъалаи вазъи бемориҳои сироятӣ миёни муҳоҷирони меҳнатӣ ва таъсири он ба ҷомеаи маҳаллӣ дахл намуда, мутахассисони соҳа изҳор доштанд, ки таҳлили 10 соли охир нишон медиҳад, ки дар ин ҷо хатари ҷиддӣ вуҷуд надорад. Яъне бемориҳои сироятӣ чӣ тавре, ки аз шаҳрвандони хориҷӣ ба мардуми маҳаллӣ сироят мекунад, ҳамун миқдор аз мардуми маҳаллӣ ба муҳоҷирон низ бемориҳои сироятии иҷтимоӣ мегузаронанд. Аммо, дар баъзе ҳолатҳо  бинобар мавҷуд будани эҳтимолияти ихроҷ шудани шаҳрванди хориҷӣ аз қаламрави Россия ҳангоми муайян кардани сироят, қисме аз шаҳрвандони сироятшуда аз табобат даст мекашанд ё ки ба будубоши ғайриқонунӣ мегузаранд.

Дар интиҳои мизи мудаввар иштирокдорони чорабинӣ пешниҳодоти худро вобаста ба беҳдошти шароити дастрасии муҳоҷирон манзур намуданд.

Чун яке аз заминаҳои дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ин будубоши қонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди ФР аст ва хизматрасониҳои тиббӣ тибқи қонунҳои амалкунанда асосан тариқи полиси тиббӣ ба муҳоҷирони меҳнатии патент барасмиятдароварда пешбинӣ шудааст, дар навбати худ Намояндагӣ пешниҳод кард, ки дар қонунгузории муҳоҷиратӣ муҳлати будубоши аъзои оилаи муҳоҷирон низ ба инобат гирифта шавад, ки дастрасӣ ба хидматрасониҳои тиббӣ ва таҳсили аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ беҳтар шавад. Зеро мувофиқи қонунгузорӣ, аъзои оилаи муҳоҷири меҳнатӣ, дар сурати барасмият надаровардани патент дар давоми 180 рӯз ҳуқуқи аз 90 рӯз зиёд будубош карданро надорад.

Пешниҳод аз ҷониби котиботи мизи мудаввар қабул карда шуд ва барои муҳокима ва баррасӣ ба Шӯро оид ба корҳои миллатҳои назди Ҳукумати шаҳри Москва манзур карда мешавад.

                                                                                    Анвар ЮСУПОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо