Мо омодаем кумак намоем!

[:tj]Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-и Раёсати ХМ дар шаҳри Душанбе ҳамарўза садҳо нафар шаҳрвандони ҷумҳуриро, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия равонаанд, муроҷиат менамоянд.

Дар навбати худ кормандони масъули шуъба ба сокинони мамлакат, ки барои санҷиши маҷбуран берункардан (депортация), иҷозаи кор ва патент дар Россия ва оид ба навоварӣ дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Россия бо муроҷиат омадаанд, маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

Ҳаррўз ба шуъба зиёда аз 150 нафар шаҳрвандон, ки тавассути тайёра ба кишвари Россия равонаанд муроҷиат намуда, ному насаби худро дар руйхати беруншудагони шаҳрвандони кишварамон, ки дар маҳзанаи иттилоотии  ВКД Федератсияи Россия (собиқ ФМС) дар самти муҳоҷират ҳар рўза ворид мешаванд, мавҷуд мебошад, бо тариқи шабакаи интернет-онлайн ба роҳ монда шудааст, пурсон мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки шаҳрвандоне қонунҳои будубоши кишвари Россияро вайрон намуда хориҷ карда шудаанд, ба мўҳлати аз се то панҷ сол ворид шудан ба ин давлат манъ аст. Аммо ҳастанд ҳолатҳое, ки шаҳрванди ҷумҳурӣ бе ягон асос аз қаламравӣ ин мамлакат аз тарафи сохторҳои дахлдори Россия берун карда мешаванд.

Айни замон кормандони шуъба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотиро дар танзими муҳоҷирати меҳнатӣ дар байни шаҳрвандон пурзур намуда, бо ҳар яки аз онҳо дар алоҳидагӣ сўҳбатҳо гузаронида маслиҳатҳои ҳуқуқӣ медиҳанд. Ба ғайр аз ин, ба онҳо  маводҳои иттилоотӣ оид ба қонунгузории  нави  Федератсияи  Россия  ройгон тақдим мешавад.

Мутаассифона, имрўзҳо қисми зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ягон омодагӣ ба Федератсияи Россия равона мегарданд, онҳо ба ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ роҳ медиҳанд ва ҳамзамон дар маҳзани маълумоти муваққтан манъшудагон дарҷ мегарданд. Баъд аз бозгашт, онҳо ҳуқуқи ба ин кишвар дубора ворид шуданро надоранд боиси нигаронист.

Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва КВД “Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе”-и Раёсати ХМ дар шаҳри Душанбе аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки азми сафари Федератсияи Россия доранд, хоҳиш карда мешавад, аз тағйиру иловаҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии Россия огаҳ бошанду, онро ба пуррагӣ риоя намоянд.

                                                                          Шамшод Гулаҳмадов

сардори баст сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ

 ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва КВД «Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе»-и Раёсати ХМ дар шаҳри Душанбе

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо