Муассисае, ки хизматрасонии босифат меомӯзонад

[:tj] 

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба мақоми олии қонунгузор Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор сохтанд, ки дар муддати панҷ соли оянда шаҳрвандони аз 18-сола болои касбу ҳунарнадоштаро ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кунанд ва ҷиҳати саросар соҳибкасб кардани аҳолӣ тадбирҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд.

-Ҳамчунин Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро зарур аст, ки сифати таҳсилот ва касбомӯзиро дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар созад ва ихтисосу ҳунарҳоеро, ки барои кишвар заруранд, таъсис дода, ҷиҳати ба шуғл таъмин шудани сокинони мамлакат, бахусус занону духтарон тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд,- махсус таъкид карданд Пешвои муаззами миллат.

Айни замон дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд» низ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат тадбирҳои муҳим андешида, маъмурияти муассиса барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва омода кардани мутахассисони ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ аз имкониятҳо босамар истифода бурда истодааст. Қобили зикр аст, ки литсейи мазкур маҳз дар замони соҳибистиқлолии Ватанамон ба дастовардҳои ҷолиб соҳиб шуда, ҳоло яке аз беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад.

Таҳти сарварии Хайрулло Нурматов ҷомеаи меҳнатии аҳлу тифоқ сарҷамъ омадаанд. Дар пешбурди таълиму тарбия муовинони директор оид ба корҳои таълими истеҳсолӣ Манзура Алиева, оид ба таълим Абдураҳмон Сатторов, оид ба тарбия Зӯҳро Қӯзибоева саҳми калон доранд. Омӯзгори фанни тахассусӣ Мамлакат Ҳайдарова, фанни математика Башорат Бойматова, устои таълимӣ Ориф Усмонов ва дигар омӯзгорону устоҳои таълимии собиқадору ботаҷриба барои насли ҷавони ҳамкорони худ намунаи ибрат ҳастанд. Падидаи ҷолиб вазифаи ба зиммадоштаашонро софдилона, саривақт ва босифат иҷро намудани аҳли ҷомеаи меҳнатист.

Онҳо дар давраи карантин ҳам бекор нанишаста, ба худомӯзӣ, такмили донишу малакаи касбиашон ва навиштани мақолаву маводҳои методӣ – таълимӣ машғул гардиданд. Чандин намунаҳои эҷодашон дар хонаи муаллимон гузошта шудааст, ки барои касбомӯзон ва омӯзгорону устоҳои таълимии ҷавон ҳамчун роҳнамо ва дастури методӣ хизмат карда метавонанд.

Бино ба иттилои муовини директор оид ба корҳои таълими истеҳсолӣ Манзура Алиева МТД «Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд» соли 1974 чун омӯзишгоҳи касбии №56 ташкил шуда, соли 1976 ба омӯзишгоҳи касбию техникӣ, соли 1996 ба литсейи касбии истеҳсолоти дӯзандагӣ табдил ёфтааст.

Бо назардошти самтҳои афзалиятноки литсейҳои касбӣ, тибқи фармони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2004, №78 Литсейи касбии истеҳсолоти дӯзандагии №56 «Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд» номгузорӣ шуд.

Давоми 45 соли мавҷудияташ литсей ба зиёда аз 14 ҳазор нафар наврасону ҷавонон касбу ҳунар омӯзонидааст, ки дар пешрафту тараққиёти хоҷагии халқи ҷумҳурию вилоят саҳми худро гузошта истодаанд.

Ҳоло дар заминаи синфи 9, бо таҳсили муҳлаташ дусола аз рӯи ихтисосҳои дӯзанда, дӯзанда – зардӯз, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил, ҳисобдор бо омӯзиши асосҳои кор бо компютер, ошпаз – қаннод, санъати сартарошӣ ва косметикаи ороишӣ мутахассис омода карда мешавад. Бо таҳсили муҳлаташ яксола дар заминаи синфи 11 бошад, хонандагон аз рӯи ихтисосҳои дӯзанда, дӯзанда – зардӯз, санъати сартарошӣ ва косметикаи ороишӣ, ҳисобдор бо омӯзиши асосҳои кор бо компютер, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, ошпаз – қаннод, технологияи истеҳсоли нонпазӣ (қаннодӣ), челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил, барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил касб омӯзонида мешаванд.

Литсей дар бинои чорошёна ҷойгир буда, дорои 15 кабинети умумитаълимӣ,  12 кабинети фанҳои тахассусӣ, 10 устохонаи таълимӣ, 3 ташхисгоҳ (лаборатория), хонаи муаллимон, ҳуҷраи методӣ, нуқтаи тиббӣ, варзишгоҳ, майдончаи варзишӣ, маҷлисгоҳ барои 200 ҷои нишаст, намоишгоҳи ҳунарҳои хонандагон, китобхона ва ошхона аст. Синфхонаи технологияи информатсионӣ бо 9 адад, кабинети ихтисоси «ҳисобдор бо омӯзиши асосҳои кор бо компютер» бо 20 адад  ва Маркази иттилоотӣ бо 5 адад компютери замонавии ба шабакаи Интернет пайваст муҷҷаҳаз мебошанд. Албатта, мавриди истифода қарор доштани 4 адад проектор,  3 адад тахтаи электронӣ, принтер ва скайнер ҳам ба сифати машғулиятҳо таъсири мусбат мерасонад.

-Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва доираи омодагиҳо ба ҷашни мубораки 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 боз як сехи дузандагӣ ва сехи ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардид,- гуфт зимни мусоҳиба Манзура Алиева.

Ба таълиму тарбия ва касбомӯзонии хонандагон 40 нафар омӯзгор ва 24 нафар устои таълимӣ машғул мебошанд. Литсей бо омӯзгорон ва устоҳои таълимӣ пурра таъмин аст ва онҳо аз рӯи нақша саривақт аз курсҳои такмили ихтисосу бозомӯзӣ гузашта истодаанд.

Аз ҷумлаи 489 нафар хонандагони муассиса 213 нафарашон писар ва 276 нафарашон духтар буда, 380 нафар тариқи буҷавӣ ва 113 нафар тариқи шартномавӣ таҳсил менамоянд.

-Айни замон як қатор литсейҳои касбии вилоти Суғд ба ҳайси муассисаи пилотӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи Бонки Осиёии Рушд тарзи таълими модулиро ҷорӣ намуда истодаанд. Моҳияти ин усули таълим ин аст, ки хонанда баъди дар синфхона ду соат дарс хондан 4 соат дар устохона кор мекунад. Бо ибораи дигар, дониши назариявии гирифтаашро дар амал татбиқ менамояд. Дар самти касбомӯзонӣ чунин усули таълим хеле таъсирбахш ва самаранок аст. Боиси қайд аст, ки дар муассисаи мо чанд сол пеш усули таълими модулӣ ҷорӣ гардида, бартарии худро аз усули маъмулии таълим нишон дода истодааст. Назарияро бо амалия пайвастан маҳорати касбиро хеле баланд мебардорад ва дар рафти фаъолиятамон ҳамарӯза ин ҳолатро мушоҳида менамоем,- изҳор дошт Манзурат Алиева.

Номбурда дар идомаи мусоҳиба қайд кард, ки асоси тайёрии ибтидои касбиро таълими истеҳсолӣ ташкил медиҳад. Дар барномаи омӯзиш 2 давраи таълими истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст: дар устохонаи таълимӣ ва дар корхонаҳои истеҳсолӣ.

Мувофиқи шартномаи байни литсей ва корхонаву муассисаҳо хонандагон таҷрибаомӯзии истеҳсолиро аз рӯи ихтисоси челонгари таъмири автомобил дар ҶСП МТТ «Автосервис», ҶСК «АРЗ», ҶС «Сорбон», аз рӯи ихтисоси монтёри таъмири таҷҳизоти барқӣ дар ҶС «7 Ганҷ», ҶС «Тролейбусҳои шаҳри Хуҷанд», ҶС «Тефтекс», Шабакаҳои барқи шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон, аз рӯи ихтисоси ҳисобдор дар «Амонатбонк»-у «Соҳибкорбонк», ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти  ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт ва шаҳри Конибодом, аз рӯи ихтисоси нонпаз – қаннод дар сехҳои қаннодии «Минутка», «Лаззат», «Ангубин», «Шаҳди Хуҷанд», «Шириниҳои Тоҷикистон», аз рӯи ихтисоси дӯзанда дар ҶДММ «Барфак», КХ «Профи»,  КХ «Азиз – Ко», устохонаҳои дӯзандагии № 1,2,3 ва 4-и литсей, аз рӯи ихтисоси санъати сартарошӣ  дар толорҳои ороишӣ ва занонаи «Сабрина», «Аэлита», Муҳайё», «Нозанин», «Имиҷ», «Шабнам», аз рӯи ихтисоси ошпаз – қаннод дар тарабхона ва ошхонаҳои «Хушбахтӣ», «Зайтун», «Насиба», «Хони Хучанд», «Баҳори Аҷам» мегузаронанд.

Падидаи ҷолиб ба китобхонаи муассиса аъзо будани ҳамаи омӯзгорон, устоҳои таълимӣ ва хонандагон аст. Китобхона дар утоқи барҳаво ҷойгир, бо як адад компютер ва принтер таъмин буда, дорои 50 ҷои нишаст мебошад ва фонди умумии китобии он наздик ба 10 ҳазор нусхаро ташкил медиҳад. “Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни шогирдонамон ҳамеша китобхониро талқин менамоем ва панду маслиҳатамон барҳадар намеравад” мегӯяд Манзура Алиева. Дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” фаъолона иштирок намудани аксари хонандагон ва китобхони беҳтарин эътироф шудани хонанда Дилафрӯз Султонова далели ин гуфтаҳои муовини директори муассиса оид ба корҳои таълими истеҳсолист.

Ногуфта намонад, ки хонандагони литсей мунтазам дар озмуну олимпиадаҳо, чорабиниҳои адабию фарҳангӣ фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён мешаванд. Аз ҷумлаи чунин фаъолону ғолибон метавон Аниса Турсунова, Шаҳриёр Ҷӯразода ва даҳҳо нафари дигарро ном бурд, ки ифтихори ҳамсинфон ва омӯзгорону устоҳои таълимии худ ҳастанд. Дар озмунҳои “Либоси беҳтарини пешхизмат” ва “Дастони тиллоӣ” ғолиб омадану сазовори мақоми аввал гардидани шогирдони Мадина Зоидова дастоварде буд, ки ном ва мақому шуҳрати литсейро дар миқёси вилояту ҷумҳурӣ баланд бардошт.

МДТ “Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд” ҳамкориро  бо Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ – техникӣ ва омӯзиш» – и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар доираи  «Барномаи омӯзиши инклюзивӣ дар асоси талаботи бозори меҳнат” ҳамасола курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил менамояд.

Ин курсҳои кутоҳмуддатро соли 2019-ум 356 (дӯзанда 72, ҳисобдор 85, санъати сартарошӣ 45, асосҳои омӯзиши компютер 57, техникаи санитарӣ 23, қаннод 17, ошпаз 53, омӯзиши забони русӣ 27) нафар хатм намуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд. Аз ҷумлаи онҳо 23 нафар аз рӯи ихтисоси ҳисобдор ва 15 нафар аз рӯи ихтисоси дӯзанда шаҳрвандони маъюб  буданд.  Дар ин радиф 10 нафар аз рӯи ихтисоси ошпаз ва 20 нафар аз рӯи ихтисоси сартарош дар курсҳои кӯтоҳмуддати 3-моҳа ба касбомӯзонӣ фаро гирифта шуданд. Шумораи соли гузашта ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ҷалбшудагон 386 нафар мебошад.

Мутаассифона, паҳншавии бемории “Коронавирус” дар миқёси олам ва пеш аз муҳлат қатъ гардидани соли таҳсили 2019 – 2020 ба рафти ҷалби шаҳрвандон ба курсҳои кӯтоҳмуддат низ таъсири манфӣ расонд. Новобаста ба ин, давоми семоҳаи аввали соли равон аз рӯи ихтисосҳои қаннод ва санъати сартарошӣ 56 нафар шунавандагон ба курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат ҷалб гардиданд. Чун соли нави таҳсил оғоз шуд, дар самти мазкур корбариро аз нав ба роҳ хоҳем монд,- гуфт Манзура Алиева.

Зимни боздид бо чашми худ дидем, ки дар муассиса беҳтарин шароити касбу ҳунаромӯзӣ фароҳам оварда шудааст. Новобаста ба ин, боз корҳои таъмиру навсозӣ идома доранд. Директори литсей Хайрулло Нурматов баён дошт, ки ҳамаи пешравиҳои фаъолияташон ба шарофати таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари муаззами давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғду шаҳри Хуҷанд аст, ки аз ин боис сидқан сипосгузор мебошанд.

-Айни замон тамоми кӯшишу ғайрати хонандагону омӯзгорон ва устоҳои таълимӣ ба таҷлили солгарди навбатии Истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубамон равона шудааст. Дар баробари баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбия, тайёр намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ тақвият бахшидани заминаи моддӣ – техникии муассиса ва боз ҳам ободу зеботар гардонидани он мақсади ҳамешагии мост. Барои ноил гардидан ба ин мақсад аз имкониятҳо босамар истифода бурда истодаем ва итминон дорем, ки талошҳои дастҷамъонаамон самараи нек медиҳад,- гуфт Хайрулло Нурматов оид ба нақшаҳои ояндаашон.

Дар роҳи амалисозии нақшаву ниятҳои нек ба аҳли муассиса барору комёбӣ мехоҳем.

Мардон ҚУРБОНОВ

 

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо