Муассисаҳои таълимӣ бо маводҳои зидиэпидемиявӣ таъмин  гардиданд

[:tj] 

 

Бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ҷиҳати бурдани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ оид ба бемории сироятии “Коронавирус” ва пешгирии он дар байни аҳолии ҳудуди ноҳияи Варзоб, якҷоя бо кормандони бахшҳои кор бо занон ва оила, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таҳти роҳбарии бевоситаи муовини раиси ноҳияи Варзоб Маҳтоб Қосимзода дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Лучоб, деҳаи Лучоб, деҳоти Варзоб-Қалъа, деҳаҳои Хоҷа-Оби-Гарм, Ҳушёрӣ ва байни кормандони идораи шабакаҳои барқии ноҳия, муассисаи давлатии тавонбахшии кӣдакони маюби “Чорбоғ” корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, бо дастрас намудани ёддоштҳо ва насб намудани шиору овезаҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷоннок карда шуда, то ҳол идома дорад.

Тавре аз бахши Хадамоти муҳоҷират иттилоъ дода шуд, раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Варзоб директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия барои пешгирии бемории мазкур аз ҳисоби маблағҳои дар буҷеташон буда ва шахсони саховатманд муассисаҳои таълимии ноҳияро бо маводҳои зидиэпидемиявӣ 1100 адад парасетамол, 600 адад валерианка, 420 адад нашатирка, 14000 адад маҳлулҳои антисептикӣ, 480 кг хокаи хлор, 900 литр моеъи хлор, 22000 адад ниқоб, 140 адад собуни моеъ ва 540 адад маводҳои таблиғотӣ дастрас карда шуд.

Ҳамзамон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳлулҳои антисептикӣ 17 адад (600 мл) ва 17 адад (5 литр) дастрас гардида, ба муассисаҳои мазкур тақсим карда шуд.

Бахш ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳои Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти муҳоҷират ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб чораҳои самарабахш меандешад.

 

                                                                  Олимзода Орифҷон Олим

                                                      сардори бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                     раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон

                                                  “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Варзоб[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо