Мулоқоти вакилони Парламенти ҶТ бо фаъолони диаспораҳо ва муҳоҷирони тоҷик дар Санкт-Петербург

[:tj]

  • 13-уми марти соли равон дар Консулгарии генералии ҶТ дар шахри Санкт-Петербург вохӯрии вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ бо соҳибкорон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик баргузор гардид.
  • Шариф Раҳимзода, намояндаи Парламенти ҶТ зимни баромадаш доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод суханронӣ кард. Вакили Парламент ба фаъолият шурӯъ кардани агрегати якуми НБО-и Роғунро дастоварди бузург дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикӣ арзёбӣ карда, марҳилаи нави муносибатҳои дӯстонаи миёни Тоҷикистону Узбекистон қадами ҷиддӣ бобати таҳкими мавқеи кишвар дар минтақа номид. Инчунин доир ба зиёд гардидани ММД дар ҳаҷми 7,3% дар соли 2018 ва оғози фаъолияти минтақаи озод дар шаҳри Кӯлоб ҳамчун самараҳои неки сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат шарҳ дода шуд.

    Ҳамчунин дар бобати хатари ташкилотҳои ифротӣ таъкид шуд, ки бархе аз ҷавонон бо роҳҳои гуногун ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ ҷалб шуда, оқибат шаъни миллату давлати тоҷикро доғдор мекунанд. Дар ин раванд, ташкили паймону дигар ҳаракатҳои иртиҷоӣ аз тарафи мухолифини тоҷик дар кишварҳои Аврупо мавриди танқид қарор дода шуд. Ба ҳозирин расонда шуд, ки фирефтаи ин гуна гурӯҳҳо нашуда, танҳо барои барои беҳдошти сатҳи зиндагии худ, пешравӣ ва шукуфоии давлату миллати хеш бояд саҳми худро гузошт.

  • Баъдан Раҷабова Лутфия Нусратовна, вакили МН МО ЧТ, раиси кумитаи илм ва маорифи МН баромад намуд. Номбурда дар оғози суханрониаш қайд кард, ки сиёсати феълии Ҳукумати ҶТ хусусият ва афзалияти иҷтимоиро дар бар гирифта, афзоиш ёфтани аҳолӣ мунтазам ба он водор мекунад, ки муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва донишгоҳҳо дар қаламравӣ кишвар зиёд карда шавад. Сипас мунтазам ба муҳокимаи мушкилоти ҷалб шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракату ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ сухан ронда, қайд кард, ки маҳз кишварҳои абарқудрат ва ташкилотҳои байналмилалӣ мехоҳанд бо роҳи ташкил кардани давлатҳои исломии тафриқаандоз, ба монанди ДИИШ ҷавононро ба сафҳои худ ҷалб карда, бевосита тухми терроризму экстремизмро дар давлатҳои мусулмоннишин паҳн намоянд. Бо ин роҳ онҳо мехоҳанд, дар ҷумҳуриҳои навтаъсис, ба монанди Тоҷикистон ва ғайраҳо равандҳои номатлуб инкишоф ёфта, оқибати он ба нести рафтани давлат оварда мерасонад. Аз ноустувории ҳукуматҳо дар кишварҳои араб, муташанниҷ будани вазъ дар Украинаро мисол оварда, иброз карда шуд, ки дар натиҷа танҳо миллатҳои алоҳида зарар дида, мухолифон ва душманони давлат фоида мебинанд.
  • Ч Чуноне, ки як гурӯҳ шаҳрвандони мо муқими кишварҳои ғарбӣ шуда, аз номи ҳизби наҳзати исломӣ ва дигар ташкилотҳо зиддӣ миллати худ даъвоҳои беасос мекунад. Онҳо аз ҳисоби кишварҳои алоҳида сармоягузорӣ шуда, тибқи супориши онҳо бояд вазифаашонро иҷро намуда, номи баланди тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ доғдор мекунанд.
  • М Мо шаҳрвандон, ҷавонон бояд зиддӣ ин гуна қувваҳо бошему, онҳоро маҳкум намоем. Нагузорем, ки ба халқи тоҷик зарари худро расонанд. Инчунин ҳодисаи кӯштори сайёҳон дар шоҳроҳи Данғараи вилояти Хатлон аз тарафи аъзоёни ҳизби наҳзати исломӣ мисол оварда шуда, ин ҳолат симои душманонаи ин ташкилоти террористиро бори дигар собит мекунад.
  • Баъдан, роҳбари диаспораи “Аҷам” Усмонов М.А., роҳбари диаспораи “Иттиҳодияи халқҳои Помир” Бердов Б.Б., аъзои ташкилоти ҷавонони “СМТ” Маҳмадҷонов Хушбахт, соҳибкор Саидов Муҳаммадюнус баромадҳо намуда, меҳмононро хайрамақдам намуданд. Ҳамчунин номбаршудагон ҷалбшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ маҳкум карда, фазои интернетиро майдони васеъ ва фиреб кардани ҷавонон ҳисоб карданд. Онҳо даъват бар он карданд, ки ҳизби наҳзати исломи, “салафия” ва дигар равандҳои ифротӣ ба манфиати миллати тоҷик кор намекунанд ва бинобар ин, зиддӣ он бояд муборизаи беамон бурд. Дар ин маврид Маҳмадҷонов Х. пешниҳод кард, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар назар аст бо имкониятҳои ташкилоти ҷавонони “СМТ” конференсия оид ба мавзӯи “Ҷавонон, саҳми онҳо дар ҶТ, хатари терроризм ва экстремизм” ташкил ва доир намоянд.
  • Баъдан аз тарафи иштирокчиён саволҳои гуногун пешниҳод гардид, ки ба ҳамаи онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.
    Дар охир соҳибкорон, донишҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз ташрифи меҳмонон-вакилон изҳори минтадорӣ намуданд ва таклиф карданд, ки мунтазам барои мулоқот ва хабаргирӣ ба назди муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ сафарҳо анҷом диҳанд.

 

                                       Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва

                                              шуғли аҳолии ҶТдар ФР оид ба муҳоҷират 

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо