МУЛОҚОТИ МУСТАҚИМИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ВАЗИРИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ДОИР ГАРДИД

[:tj] 

 

10 июли соли равон бо  мақсади тақвияти ҳамкориҳо дар самти меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои марбут ба он  мулоқоти мустақими Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Гулрӯ Ҷабборзода бо Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия Котяков Антон Олегович доир гардид.

Зимни мулоқот ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои густариши ҳамкориҳо дар доираи  санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии  муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, Созишнома миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ки муқаррароти  онҳо ба тақвияти ҳамкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва танзими масьалаҳои бозори меҳнат равона гардидааст, баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо дар ҷараёни  мулоқот роҷеъ ба таъсиси Гурӯҳи коршиносони муштарак баҳри  татбиқи босамари санадҳои ҳамкории амалкунанда ва ҳамзамон, таҳияи нақшаи кории Тарафҳо барои солҳои 2021-2022  мубодилаи афкор сурат гирифт.

Баҳри ҳалли масоили ҷойдошта дар самти марбута мувофиқа шуд, ки масъалаҳои рӯзмарра дар соҳаи муҳоҷират, меҳнат ва шуғл мавриди баррасиву муҳокимаи коршиносони тарафҳо қарор дода шаванд.

Дар хотимаи ҷаласа ҷонибҳо барои таҳияи амалҳои муштарак дар самтҳои мавриди назар ба мувофиқа расиданд.

 

                                            Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии

                                                                                 Ҷумҳурии  Тоҷикистон[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо