МУЛОҚОТИ МУСТАҚИМИ ГУЛРӮ ҶАББОРЗОДА ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО МЭРИЛИН ЙОСЕФСОН РОҲБАРИ НАМОЯНДАГИИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

[:tj] 

15 июни соли ҷорӣ  мулоқоти мустақими  Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гулрӯ Ҷабборзода бо  роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафир Мэрилин Йосефсон доир гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҷорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои вазорат  ва Иттиҳоди Аврупоро, аз ҷумла раванди амалӣ гардидани лоиҳаҳо, ки ба тақвияти таҳсилоти ибтидоии касби, муҳоҷират ва шуғли аҳоли равона гардиданд  баррасӣ намуданд.

Дар робита ба ин, ҷонибҳо барои тақвияти фаъолиятҳои муштарак дар самти  коҳиш додани паёмадҳои пандемияи COVID-19 ба бозори меҳнат ва муҳоҷират ба мувофиқа расиданд. Ҳамзамон, аз ҷониби роҳбари Намояндагӣ дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа: стратегияҳо, барномаҳои дахлдор ва таҳкими неруи вазорат ибрози омодагӣ карда шуд.

Дар ҷараёни суҳбат Гулрӯ Ҷабборзода  аз татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар  самтҳои гуногуни вазорат изҳори қаноатмандӣ намуд.

Ҳамчунин, дар ин мулоқот масъалаҳои дигари рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла кумакҳои техникӣ дар самти муҳоҷират ва ба касбомӯзӣ фаро гирифтани ҷавонон, инчунин омода намудани кадрҳои баландихтисоси сатҳи байналмилалӣ муҳокима гардиданд.

Дар интиҳои суҳбат ҳамчунин масъалаҳои марбута ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

 

                                         Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии

                                                                                                Ҷумҳурии Тоҷикистон  

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо