Мулоқоти Сардори Хадамоти муҳоҷират бо намояндаи Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Германия (GIZ)

[:tj] 

19 марти соли равон Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода намояндаи Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Германия GIZ Матиас Брандтро ба ҳузур пазируфт.

Нахуст Сардори Хадамоти муҳоҷират ташрифи меҳмонро ба Хадамот  хайрамақдам гуфта, ҷиҳати  тақвият ва густариши  ҳамкориҳо арзи сипос намуд.

Зимни мулоқот Сардори Хадамот Тоҳир Каримзода оид ба фаъолияти Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъият ва дурнамои муҳоҷират, касбомӯзии муҳоҷирон, донистани забонҳои хориҷӣ, инчунин ҷалби муҳоҷирони баргашта ба бозори меҳнат андешаронӣ намуд.

ӯ қайд намуданд, ки имрӯз муҳоҷирати меҳнатӣ равандест, ки аксари кишварҳои олам бо ин падида рӯ ба рӯ мебошанд. Муҳоҷирати меҳнатӣ паҳлӯҳои гуногун дошта, ниёз ба омӯзиш ва таҳқиқоти бештар дорад.

Дар навбати худ Матиас Брандт иброз намуд, ки ҳадаф аз сафари мазкур – омӯзиш ва гузаронидани таҳлил ва тадқиқоти муштарак дар самти имконияти ҳамгироии муҳоҷирони ба Ватан баргашта ва ҷалби онҳо ба бозори меҳнат ҷиҳати беҳтарсозии ҷанбаҳои иқтисодии кишвар мебошад.

Дар фарҷоми мулоқот Тарафҳо омодагии худро баҳри тақвият ва густариши ҳамкориҳои минбаъда баён доштанд.

Сипас намояндаи GIZ аз МД «Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе дидан намуд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

 

                                                                                      Анвар Юсупов

 

 

 

 

                         [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо