Мулоқоти С.Тағойзода бо А.Митянина

[:tj]25 сентябри соли 2017 дар бинои Дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурӣ ва мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода бо муовини губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина ва ҳайати ҳамроҳаш доир гардид.

Зимни мулоқот, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва  ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, масъалаҳои марбут ба раванди ҳамкориҳо дар соҳаҳои дахлдори фаъолияти вазорат, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатӣ ва шуғли аҳолӣ мавриди муҳокимаю баррасии тарафайн қарор дода шуданд.

Зикр гардид, ки баъди шаҳри Москав ва вилояти Москав шаҳри Санкт-Петербургу вилояти Ленинград мақоми дуюмро доир ба қабули муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд. Дар вилояти Ленинград муҳоҷирони меҳнатӣ асосан дар  соҳаҳои сохтмон, савдо, таъмиру  хизматрасонии техникӣ,  хоҷагии қишлоқ ва ғайра кору фаъолият менамоянд.

Бо хушҳолӣ қайд карда шуд, ки равобити Вазорат бо Ҳукумати Санкт-Петебург, аз ҷумла бо Кумита оид ба меҳнат ва шуғли аҳолии Ҳукумати Санкт-Петербург баъди гузаронидани Рўзҳои Санкт-Петербург дар Душанбе (7-9 ноябри соли 2014)  рушду тавсеа ёфтанд.

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ миёни Кумита оид ба меҳнат ва шуғли аҳолии Санкт-Петербург ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайян ба сомон расонида шудааст. Тартиби ҳамкорӣ ва ҳамдастии Ҷонибҳо оид ба интихоби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар Санкт-Петербург муайян карда шуд. Бо дастгирии Кумитаи мазкур дар шаҳрҳои Душанбе, Кўлоб ва Қурғонтеппа Марказҳои машваратӣ ва бокортаъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои Санкт-Петербург  кушода шуданд. Тавассути ин марказҳо теъдоди муайяни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муташаккилона дар муассисаю ташкилотҳои Санкт-Петербург бо кор таъмин карда шуданд. Қарор шуд, ки фаъолият дар доираи ин лоиҳа минбаъд васеътар карда шавад.

Ҷонибҳо омодагии ҳаматарафаи худро баҳри таҳкими равобити дўстона ва ҳамкориҳо  ба  манфиати рушди босуботи ду кишвар ва мардуми он иброз намуданд.

                                                      Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ

                                     ва робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират

                                                                                   ва шуғли аҳолии ҶТ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо