Мулоқоти Ширин Амонзода бо намояндагони ҷамъияти “Дӯстӣ”-и шаҳри Новосибирск ва соҳибкорони муваффақ

25 июни соли равон Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо роҳбари ҷамъияти “Дӯстӣ”-и шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия Сияршо Абдуҷабборов ва аъзои ин ҷамъияти тоҷикон – соҳибкорони мувафақи тоҷик мулоқот намуд.

Дар мулоқот масъалаҳои муҳоҷират, вазъи фаъолияти муташаккилони ҳамватанон, раванди ҳуҷҷатгузорӣ, ҷоннок намудани фаъолияти ҷамъиятҳои тоҷикон – диаспораҳо, дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ба раванди ободкориҳои кишвар муҳокима гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ин соҳибкорон то имрӯз дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар гӯшаҳои кишвари азизамон саҳм гузошта, дар давраи бемории ҳамагири КОВИД-19 муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷикро дар кишвари иқомат дастгирӣ намудаанд.

Барои тақвияти фаъолияти диаспораҳо, дастгирии ниёзмандон ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонии кишвар соҳибкорон бо Ифтихорномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо