Мулоқотҳо дар ноҳияи Ашт

[:tj]Дар доираи ҳамкории Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд бо ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон»  30 май дар ҷамоатҳои Шодоба ва Меҳрободи ноҳияи Ашт семинари иттилоотӣ-маърифатӣ доир гардид. Ба ин чорабиниҳо зиёда аз 80 нафар шаҳрвандон ҷалб гардиданд.

Чуноне, ки мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Н. Назарова иттилоъ дод, мавзўи асосии чорабиниҳои мазкур муҳоҷирати бехатар, муқовимат бо эктремизм ва терроризм, пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО, чораҳои бехатарӣ дар давраи баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол, моҳияти Созишномаҳои байни ҳукуматии миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон ва дигар масъалаҳои ба муҳтоҷират вобастагї дошта буд.

Ба ҳайати гурўҳи ташвиқотӣ намояндаи ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» Ш. Собирова, сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсат Р. Раҳимов, мутахассиси ҳамин шуъба Н. Сатторова, намояндаи «Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд Н. Ҳусейнова ва сарвари Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО дар ноҳияи Ашт М. Пулотов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Тибқи нақша чунин чорабиниҳои муштарак дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ гузаронида мешаванд.

Бахши Хадамоти муҳоҷират

дар ноҳияи Ашт

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо