Мулоқот бо Владислав Маркевич

21 майи соли равон Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо роҳбари Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Владислав Ватславович Маркевич мулоқот намуд.

Мулоқот вобаста ба анҷоми муҳлати фаъолияти Владислав Ватславович дар Тоҷикистон сурат гирифта, аснои он Ширин Амонзода барои аз соли 2013 то инҷониб талош варзидан ва нақш гузоштан дар таҳкими ҳамкориҳои байни мақомотҳои масъули идоракунии равандҳои муҳоҷирати ду кишвар, махсусан, баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони ҳарду кишвар ба мавсуф изҳори сипос намуд.

Дар фарҷом Ширин Амонзода ба Владислав Ватславович дар фаъолияти минбаъдааш барору муваффақият таманно намуд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо