МУЛОҚОТ БО МУҲОҶИРОНИ БАВАТАНБАРГАШТА

[:tj] 

Дар бинои маъмурии шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати гузаронидани тадқиқоти сотсиологӣ, шунидани фикри иштирокчиён оид ба масоили баррасишаванда, ба қайд гирифтани пешниҳоду дархостҳо ва дар якҷоягӣ дарёфтани роҳи ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар самти бо ҷои кор таъмин намудани аҳолӣ мулоқоти намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Мирзоиён ва Х. Ализода бо як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатии баватанбаргашта ва ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатмкарда доир шуд.

Баъди сухани ифтитоҳии сардори шуъба М. Саторова ва муаррифӣ намудани меҳмонон ба иширокчиён иттилоъ дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо Дафтари минтақавии Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират Оҷонсии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳоҷират ва Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон тадқиқоти минтақавиро таҳти унвони «Муҳоҷирати ҷавонон аз Осиёи Марказӣ: таҳлили таваккалҳо ва коҳиш додани натиҷаҳои манфии онҳо» роҳандозӣ менамояд. Тадқиқоти мазкур дар доираи лоиҳаи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират «Барномаи минтақавии Осиё оид ба муҳоҷират», ки аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст, амалӣ мегардад. Ҳадафи асосии тадқиқот таҳияи тавсияҳои амалӣаст, ки ба мақомоти давлатии кишварҳои минтақа пешкаш мегардад.

Тадқиқот бо мақсади муайян намудани ҳаҷм ва динамикаи муҳоҷирати ҷавонон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, омилҳо ва сабабҳо, инчунин роҳҳои коҳиши он гузаронида мешавад.

Дар рафти тадқиқот суҳбатҳои коршиносон бо мутахассисони соҳаи муҳоҷират, масъулини бахши кор бо ҷавонон ва кормандони созмонҳои ҷамъиятӣ ташкил карда мешавад. Ҳамзамон мусоҳибаҳои ихтисосӣ ва нишастҳои мубоҳисавӣ бо ҷавонони аз 16 то 35-сола, ки дар хориҷи кишвар кор мекунанд (кор мекарданд), дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд (таҳсил мекарданд), инчунин тасмим доранд оянда дар хориҷи кишвар кор ё таҳсил кунанд, ба роҳ монда мешавад.

Паҷуҳиши мазкур давоми моҳи июн дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ва минтақаҳои атрофи он пурра аз ҷониби кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. муҳоҷирони меҳнатии баватанбаргашта ва ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатмкарда фаро гирифта мешаванд.

Дар рафти суҳбати озод намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Мирзоиён ва Х. Ализода аз тадбирандешиҳои давлату Ҳукумат ҷиҳати фароҳам овардани ҷойҳои нави кор, бо ҷои кор дар Ватан таъмин намудани ҷавонони дар хориҷа таҳсилкарда, дастуру ҳидоятҳо ва иқдомҳои ватандӯстонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди бахши хусусӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ба кор андохтани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва кушодани заминҳои нав, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва дар маҷмӯъ саноатикунонии босуръати мамлакат ёдовар шуданд ва ҷавононро ба ташаббускорию ташкилотчигӣ даъват намуданд.

Иштирокчиёни мулоқот дар навбати худ андешаҳояшонро баён дошта, саволномаи иборат аз даҳ саволбударо пур, таклифу пешниҳодҳояшонро манзур намуданд ва ба пурсишҳояшон посух гирифтанд.

 

                                                                            Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                                               дар шаҳри Хуҷанд

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо