Мулоқот бо хонандагони литсей

[:tj] 

 

 

Бино ба иттилои сармутахассиси МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд Умедахон  Ҳошимова 8-уми сентябри соли равон марказ якҷоя бо шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ва маркази вилоятии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар МДТ “Литсеи касбӣ – политехникӣ” шаҳри Хуҷанд бо омӯзгорон ва хонандагон мулоқот доир намуданд. Дар ин мулоқот 50 нафар омӯзгорон ва хонандагон ширкат варзиданд.

Мавзӯи асосии мулоқот ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии «Коронавирус» COVID-19 ва рафти амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» буда, ба хонандагон дар бораи муҳоҷирати меҳнатии бехатар, пешгирӣ ва мубориза бо падидаву омилҳои номатлуб, аз ҷумла шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, рифоҷи бунёдкорию созандагӣ ва риояи қоидаҳои санитарӣ – гигиенӣ суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба омӯзгорон ва хонандагони литсей 100 адад ниқобҳои тиббии муҳофизатӣ, дастпӯшакҳо, маводҳои иттилоотиву тарғиботӣ ва маводҳои антисептикӣ тақсим карда шуда, дар ин самт чорабиниҳо идома доранд.

 

                                              МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш

                                    аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд

 

 

                                                                [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо