Мулоқот дар маҳаллаи Варзоб-ГЭС

[:tj] 

Чорабинии иттилоотӣ маърифатие, ки бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар маҳаллаи Варзоб-ГЭС – и ноҳияи И.Сомонӣ доир гардид, ба мавзӯи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ва  муҳоҷирати бехатар бахшида шуд.

Дар назди иштирокчиён, ки асосан зодагони маҳалла, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, инчунин раис ва имомхатиби маҳалла буданд, кормандони масъули Марказ машваратчии калон Шаҳбоз Раупов, машваратчиён Фаридун Саидов ва Орифҷон Абдураҳмонов  суханронӣ карда доир ба мавзӯъҳои пеш аз сафар ҳатман аз ташхиси тиббӣ гузаштан, пешаки муайян кардани ҷойи зист ва кор дар хориҷи кишвар, бо корфармо пешакӣ бастани шартномаи меҳнатӣ, санҷиши иҷозат барои интиқоли муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби ширкати вакансияҳои пешниҳодшаванда, гирифтани машварат ва сертификати донистани забони русӣ, фаҳмонидани талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 таҳти №776, «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», бовар накардан ба ваъдаҳои бардурӯғи гуррӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ва доир ба масъалаҳои мубрами рӯз мубодилаи афкор доир намуданд.

Инчунин дар мулоқот оиди пешгирии касалиҳои сироятии ВНМО (ВИЧ-СПИД), пешгирии касалиҳои сил ва ғайра маълумот пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон доир ба омодагии муҳоҷирон барои сафар ба давлати Қатар ва вазъи он гуфтугу карда шуд.

Дар умум 65 нафар сокинони маҳалла дар мулоқот иштирок доштанд. Зимни боздидашон аз гӯшаи маълумотдиҳии ташкилнамудаи Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе ба онҳо маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ тақсим гардид.

 

                                                                                      Анвар ЮСУПОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо