[:tj]
Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад, Пистаи бе мағз агар лаб во кунад, расво шавад.
Аввалан салому паёми самимӣ ва саршор аз меҳру муҳаббати ҳамватанони муқими вилояти Иркутскро ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони азиз мерасонам. Дар қатори сокинони ваҳдатшиори кишвари азизамон, ҳамватанони ин гӯшаи дурдасти Федератсияи Россия шукронаи тинҷиву оромии Тоҷикистони азизамонро мекунанд. Зеро аксари хешу табор ва наздикон маҳз дар мулки бобоӣ ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии осудаҳолона мебаранд. Имрӯз мо ба корҳои бунёдкориву ободонӣ, ваҳдату эҷодкории мардуми шарифи Тоҷикистон назар карда, бовариамон ба устуворию пойдории сиёсати давлат ва ҷонибдории мардум дар роҳи татбиқи волотарин ормонҳо ва барномаҳои давлатдорӣ дучанд мегардад.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, бемории вабои «коронавирус» дар як муддати кӯтоҳ тамоми аҳолии ҷаҳонро ба ташвиш ва ба таҳлука андохта, ҳатто давлатҳои абарқудрат натавонистанд, ки аз он раҳоӣ ёбанд. Суръати паҳншавии он инсониятро ба миллату мазҳаб ва ба худию бегона ҷудо накард. Тоҷикистони азиз, ки як қисми ҷудонашавандаи кураи сайёраи ҷаҳонист, муттассифона ба ин гирдоби вабо низ гирифтор шуд, ки ин боз як санҷиши дигар дар таърихи миллатамон гардид. Бемории «коронавирус» барои сокинони Тоҷикистон ҳам як навъ санҷиш ва имтиҳони зиндагист.
Чи тавре, ки муҳтарам Президенти кишвар дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, мо борҳо аз чунин санҷишу имтиҳонхои зиндагӣ гузаштаем ва аз ин санҷиши вазнинро низ хоҳем гузашт. Ҳақ ба ҷониби хирадмандест, ки мегӯянд, зиндагӣ маҷмӯаи бешу кам нест ва он аз ҳодисаву ҳолатҳои ғайричашмдошт ва ғайриинтизор пур аст. Ҳар як рӯйдоди ҳаёт барои инсон панду ибрат ва таҷрибаи рӯзу рӯзгор мебошад. Мо бояд, ки дар ин рӯзҳои сахтарин, новобаста аз мавқеамон дар ҷомеа, бо ҳам дусту иттифоқ буда, ғамхору меҳрубон ва дастгири якдигар шавем. Ин суханонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба дар баромаду вохӯриҳои сатҳои гуногун ишора мекунанд. Хушбахтона, имрӯзҳо дар тамоми шабакаҳо, аз ҷумла дар шабакаҳои интернетӣ низ, маводҳои зиёди умедбахш ба чоп расида истодаанд ва ҳамаи онҳо аз одоби дӯстию бародарӣ, иттифоқию муттаҳидии миллатамон шаҳодат медиҳанд.
Аммо, мутаассифона дар ин рӯзҳои душвору вазнин барои мардуми хайрхоҳу босабри тоҷик, нафарони бадхох ва бадбини миллат бо рафторҳои фитнаангези худ оромию осудагии мардумро халалдор намуда, мақсадҳои ночизи ғаразноки худро, аз фурсати муносиб истифода бурда, дар расонаҳо хабару ҳангомаҳои бардурӯғ пахш карда истодаанд. Иддае, аз ин бо ном мухолифони давлати Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе расонаҳои хабарии хориҷӣ кӯшиш мекунанд, ки суботу оромии мардуми кишвари азизамонро халалдор намоянд. Чи хеле мегӯянд – Қуввати неки надорӣ, бади накун.
Макун ғайбат агар ақлат тамом аст,
Кӣ гуфтори ту дар ғайбат ҳаром аст.
Агар айби ту гардад бар ту зоҳир,
Ба айби кас куҷо пардози охир.
Аз ин ҷост, ки барои ноил шудан ба пирӯзии комил дар мубориза бо вабои аср ва таъмини рӯзгори босаодати мардуми кишвари маҳбубамон ҳамаи мо – ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, хурду бузурги Тоҷикистон, чи дар дохили кишвар ва чӣ берун аз он ба қадри шароиту имкониятҳо вазифадор ҳастем, ки дар ин кори хайр саҳмгузор бошем.
Аз ин ҷост, ки мо дар назди раёсати ҷамъият ситоди ҳамоҳангсозиро созмон додаем ва имрӯзҳо бо ҷаҳду талоши фарзандони содиқи халқу миллат, ҳамзамон хамватанони бо нангу номусу саховатпеша, барои дастгирӣ намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки дар мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси касби-техникӣ таҳсил доранд, инчунин ҳамватанони камбизоат кумаку ёрии хаматарафа расонида истодаем.
Раёсати ҷамъияти тоҷикони вилояти Иркутск, дар давоми зиёда аз 20 соли фаъолияти кориаш, ягон дақиқа аз Тоҷикистони азиз ҷудо набуда, ҳамеша аз ҳаёти ҳамарӯзаи кишварамон бохабар мебошад. Аз ин ҷост, ҳамватанони боору номуси тоҷикистонии вилояти Иркутск сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистони азизро бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра дастгирӣ менамоянд.
Хушбахтона имрӯзҳо – ҳамарӯза ҳамватанони боору номус ва саховатманди кишвари азизамон қавииродагӣ ва ҳадафмандии худро бо рафторҳои намунавиашон нишон дода, саъю талош барои дастгирӣ намудани табибон, ниёзмандону муҳтоҷон карда истоданд, ки дар ин ҷода намунаи инсондӯстии онҳоро нишон медиҳад. Бо камоли ҳурмату эҳтиром ба ин фарзандони бахайру эҳсон ва саховатманди миллат ва ба тамоми кулли мардуми соҳибмаърифату сарбаланди Тоҷикистони азиз ҳазорҳо аҳсану ташаккур мегуем. Орзуманди онем, ки дар хонадони ҳамаи шумо, ҳамватанони азиз чароғи муқаддаси оромӣ, саломатии бардавом ва хушрӯзию саодат доимо фурӯзон бошад. Биоед, ҳамагон дуо кунем, ки дар Тоҷикистони азизи мо доимо зиндагии комилу бардавом, маъвои сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафтию ободӣ ҳукумрон бошад!
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Бо камоли эҳтиром,
1. Раиси ҷамъияти миллӣ-фарҳангии
ба номи «Соотечественник»-и тоҷикони вилояти Иркутск М.Р. Маликшоев
2. Роҳбари созмони ҷавонон ва донишҷӯёни
Тоҷикистонии вилояти Иркутски ФР Д.Х. Саторов
- Аъзои раёсати ҷамъият, шуморашон иборат аз 15 нафар
[:]