Муҳоҷири корӣ дар Россия чӣ тавр соҳиби патент мешавад?

[:tj]Барои гирифтани патент дар муддати 30 рўзи тақвимӣ аз рўзи ворид шудан ба қаламрави Федератсияи Россия ҳар як шаҳрванди мамлакат шахсан ё тавассути созмони субъекти ваколатдори давлати Россия ҳуҷҷатҳои зеринро ба мақомоти ВКД ФР оид ба масъалаҳои муҳоҷират пешниҳод мекунад:

  1. Ариза дар бораи гирифтани патент.
  2. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва аз ҷониби Федератсияи Россия эътирофшуда.
  3. Корти муҳоҷират бо нишон додани «кор» ҳамчун мақсади сафар ба Федератсияи Россия ва қайди мақомоти назорати сарҳадӣ дар бораи вуруд ба он кишвар, қайди мақомоти ҳудудии Хадамоти Федералии муҳоҷирати Россия дар бораи додани корти муҳоҷиратии мазкур.
  4. Ба муҳлати амалисозии фаъолияти меҳнатӣ шартномаи (полиси) суғуртаи ихтиёрии тиббӣ, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия эътибор дорад ё шартнома дар бораи расонидани хизмати пулакии тиббӣ, ки бо созмони тиббии дар субъекти Федератсияи Россия ҷойгиршуда, ки дар ҳудуди он шаҳрванди хориҷӣ мақсади амалӣ намудани фаъолияти меҳнатиро дорад, баста шудааст.
  5. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи надоштани бемориҳои нашъамандӣ ва бемориҳои сирояткунанда, ки барои атрофиён хатарнок буда, дар рўйхати аз ҷониби мақомотии Федералии ваколатдори ҳокимияти иҷроияи Ҳукумати Федератсияи Россия тасдиқ шудааст, инчунин шаҳодатнома (сертификат)-и надоштани беморие, ки боиси сирояти вируси норасоии масунияти одам (ВНМО-ВИЧ) мегардад ва онро созмони тиббии дар ҳудуди давлати мазкур додаст.
  6. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи донистани забони русӣ, таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия.
  7. Дар сурати пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои зикршуда пас аз гузаштани (30) сӣ рўзи тақвимӣ аз рўзи вуруд ба Федератсияи Россия: ҳуҷҷати тасдиқкунанда пардохти ҷарима барои вайрон кардани муҳлати муроҷиат ҷиҳати ба расмият даровардани патент.
  8. Ҳуҷҷатҳо дар бораи ба қайдгирии муҳоҷиратӣ дар ҷойи иқомат.

 

                                                                                         Анвар Юсупов  [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо