Муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ фаъолнок мешаванд

[:tj] 

 

 

 

Дар маҷлиси ҳисоботӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки рӯзи 26-уми июни соли равон доир гардида буд, рафти татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ ба таври васеъ баррасӣ гардида, сардорони шуъба ва мудирони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо барои тезонидани кор дар ин самт ва саривақт ислоҳ намудани камбудиҳои ҷойдошта супориши қатъӣ гирифта буданд.

Аз ҷумлаи ноҳияҳои интиқолдиҳандаи муҳоҷирони дохилӣ якеаш ноҳияи Айнӣ ба ҳисоб меравад ва тибқи нақша давра ба давра аз ин ноҳияи камзамин як қисми муайяни аҳолӣ ба ноҳияҳои Зафарободи вилояти Суғд ва Хуросони вилояти Хатлон муҳоҷир карда мешаванд.

Дар давоми семоҳаи сеюми соли равон дар самти иҷрои супоришу вазифагузориҳои сардори Раёсат ва ислоҳи норасоиҳои ҷойдошта бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ як силсила корҳоро ба иҷро расонид. Чунончи моҳи июл дар ҳамҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷалби ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷаласаи комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ, ҳамзамон  бо муҳоҷирони мазкур суҳбати инфиродӣ гузаронида шуд.

Яке мушкилоти чандин сол боз ҳалнашуда сафарбарнамоии муҳоҷирони дохилии солҳои 2016 – 2018 ба ноҳияи Хуросон ба ҳисоб меравад. Баъди сафари кории мудири бахши Хадамоти муҳоҷирати ноҳияи Айнӣ Баҳрулло Ғайбуллоев ба ноҳияи Хуросон ва суҳбати инфиродӣ бо муҳоҷирони дохилӣ корҳо дар самти бунёди манзил бамаротиб ҷоннок шуд. Айни замон сохтмони манзили истиқоматии 2 оила пурра ба охир расида, 6 оила девор бардоштаанд. 13 оила барои оғози корҳои сохтмонӣ сангу шағал оварданд. Хонаводаҳои боқимонда аз паи тахт намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ оид ба истифодаи замин ва дигар корҳои ташкилӣ ҳастанд.

 

                                                                             Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                                 дар ноҳияи Айнӣ    [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо