Муҳоҷирони меҳнатиро мебояд, ки соҳибкасб ва забондон бошанд

[:tj]Имрӯзҳо дар тамоми идораву муассисаҳо, корхонаҳои саноатӣ, таълимгоҳҳо ва инчунин хоҷагиҳои деҳқониву хусусии ноҳияи Ванҷ низ чун саросари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва чорсуи кишвар баҳри амалисозии Паёми ҳидоятгар ва раҳнамунсозӣ навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар сокинони ин диёр низ саъю талош намуда истодаанд. Аз ҷумла дар Паёми имсолаи Роҳбари давлат ироа гардидааст, ки “Ҳамзамон бо ин, ба Вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм супориш дода мешавд, ки барои таҷдиди назар кардани барномаву нақшаҳои таълимӣ касбҳои коргарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва таъмини муассисаҳои зикршуда бо китобҳои дарсӣ чораҳои заруриро ба роҳ монанд”.
Ҳанӯз дар нахустин солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳия биноҳои маркази шуғли аҳолӣ, маркази таълими калонсолон ва инчунин Хадамоти муҳоҷират сохта шуда, бо навтарин таҷҳизотҳои донишомӯзӣ ва касбомӯзӣ ва дастгоҳҳои техникӣ ва иттилоотии муосир таъмин мебошанд. Танҳо соли гузашта барои муҳоҷирон ва калонсолоне, ки дар ин даргоҳ касбу ҳунар меомӯзанд бинои ошхона ва нуқтаи хизматрасонӣ бунёд гардидааст. Ҳамчунин муҳоҷирон бо китобҳои таълими касбу ҳунар ва забономӯзӣ низ дастрасии васеъ пайдо кардаанд. Ба онҳо омӯзгорон ва устоҳои пуртаҷриба таълим медиҳанд, то ки пеш аз муҳоҷирати меҳнатӣ соҳибкасб шаванд. Алалхусус дар чунин даврае, ки бо сабаби бемории пандемияи КОВИД-19 ҷавонон ва дигар калонсолон ба муҳоҷирати меҳнатӣ муваққатан рафта наметавонад, онҳо шароиту имконият ва вақт доранд, ки дар маркази таълими калонсолон ба омӯзиш фаро гирифта шуда, соҳиби касбу ҳунар шаванд.
Аз ҳамин хотир кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират ва шуғли аҳолии ноҳияи Ванҷ ба рустоҳои баландкуҳ ва дурдасти водиҳои Ванҷи боло ва Язгулом сафари хизматӣ намуда, ҷавонони ин минтақаи биҳиштосоро ба касбомӯзиву ҳунармандӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ даъват ба амал меоранд.
Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо дар марказ ва деҳоти ноҳияи Ванҷ ба истиқболи ҷашни пурифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 90 иншоот бунёд гашта истодааст. Аксарияти сохтмончиён муҳоҷирони меҳнатие мебошанд, ки бо маслиҳат, пешниҳодҳо ва кӯмаки бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ванҷ дар Маркази таълими калонсолони диёри пурганҷашон омӯзиш гирифта, соҳибкасб ва соҳибҳунар гардидаанд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират
дар ноҳияи Ванҷ

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо