Муҳоҷирони экологи огоҳонида шуданд

[:tj] 

 

Дар маҷлиси ҳисоботии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолият дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020, ки 15-уми январ бо иштироки муовини сардори Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Хадамоти муҳоҷират Хайриддин Маҳмадуллозода доир гардид, масъалаи танзими раванди муҳоҷирати дохилию экологӣ ба таври васеъ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва вобаста ба он дар назди масъулини шаҳру ноҳияҳои қабулкунанда ва интиқолдиҳандаи муҳоҷирон вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Дар самти иҷрои супоришу вазифагузориҳо айни замон дар миқёси шаҳри Панҷакент низ корбарӣ идома дорад. Аз ҷумла, бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва мусоидат ба ҳалли муаммою мушкилоти ҷойдошта кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент бо муҳоҷирони экологии солҳои 2007 – 2019 аз ҳисоби сокинони ҷамоатҳои деҳоти Шинг, Амондара ва Рудакӣ мулоқот намуданд. Ин чорабинӣ рузи 22-юми январ доир гардид ва дар он сарварону намояндагони 32 хонаводаи муҳоҷирони экологӣ иштирок доштанд.

Зимни мулоқот маълум шуд, ки аз ҷумлаи онҳо 25 оила сохтмони манзили истиқоматиро пурра ба анҷом расонидаанд. 5 оила таҳкурсии иморатро рехта, бо гарм шудани ҳаво корҳои сохтмониро давом медиҳанд. Мутаассифона, 2 оила то ҳол дар самти бунёди манзил корбарӣ накардаанд. Онҳо сабаби ба таъхир афтодани корҳои сохтмониро дар минтақи хавфнок ҷойгир ва ба сохтмони манзил номувофиқ будани қитъаҳои замини наздиҳавлигии барояшон ҷудогардида нишон доданд.

Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент Абурайҳон Абдушаҳидов зимни суҳбати озод ба иштирокчиёни мулоқот бори дигар тартиби кучонидани муҳоҷирони экологӣ, гирифтани сертификат оид ба ҳуқуқи истифодаи замин, шаҳодатнома, қарзи имтиёзнок ва муҳлати баргардонидани онро аз руи Низомнома фаҳмонида, даъват ба амал овард, ки дар мавриди кучидан аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои бехавф ба кашолкорӣ роҳ надиҳанд. Ба оилаҳои ба корҳои сохтмонӣ оғознакарда огоҳнома супорида, барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар минтақаҳои бехавф то 1-уми июни соли 2020 муҳлат муқаррар гардид.

 

                                                             Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                           дар шаҳри Панҷакент[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо