Муҳоҷирон, бояд омода бошед!

[:tj]Оғоз аз 1-уми январи соли 2015 шаҳрвандони хориҷие, ки бо тартиби бераводид ба Федератсияи Русия ворид мешаванд ва ба сини 18-солагӣ расидаанд, метавонанд фаъолияти меҳнатии худро дар назди шахсони воқеӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва соҳбкорони инфиродӣ анҷом диҳанд.

Ҳар як муҳочир бояд, пеш аз сафар омодагии ҷидди бинад, зеро ба муҳоҷират рафтан кори осон нест. Барои рафтан ба муҳоҷирати меҳнатӣбояд аз қонунгузорӣ ҳамон давлат  бохабар бошад. Муҳоҷири меҳнатӣдар вақти убури сарҳад дар корти муҳоҷират мақсади сафарро дуруст нишон диҳад (кор). Баъд аз воридгардидан ба қаламрави кишвари воридот муҳоҷири меҳнатиро зарур меояд, ки дар муддати 30-рўзи тақвимӣбарои гирифтани патент ба ВКД ФР оид масъалаҳои муҳоҷират аризаи худро  пешниҳод намояд.

Пас муҳоҷири меҳнатиро зарур меояд, ки барои гирифтани патент ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

1.Ариза дар бораи дадани патент .

2.Ҳуҷҷати тасдиққунандаи шахсият ва аз ҷониби Федератсияи Русия эътирофшуда (шиноснома).

3.Корти муҳоҷират бо нишон додани (кор) ҳамчун мақсади сафар ба Федератсияи Русия ва қайди мақомоти назорати сарҳадӣдар бораи вуруд ба Федератсияи Русия, қайди мақомоти ҳудуди ВКД ФР оид ба масъалаҳои муҳоҷират барои додани  корти муҳоҷирати мазкур .

4.Ба муҳлати амалисозии фаъолияти меҳнатӣшартномаи (полис) суғуртаи ихтиёри тиббї, ки дар ҳудуди Федератсияи Русия эътироф дорад ё шартномаи дар бораи расонидани хизмати пулакии тиббӣ, ки бо созмони тиббӣдар субъекти Федератсияи Русия ҷойгиршуда, ки дар ҳудуди он шаҳрванди хориҷӣмақсади амалӣнамудани фаъолияти меҳнатиро дорад,баста шудааст.

5.Ҳуҷҷатҳои тастиқкунадаи надоштани бемориҳои нашъмандӣва бемориҳои сирояткунанда, ки барои атрофиён хатарнок буда, дар рўихати аз ҷониби мақомоти федералии ваколатдори ҳокимияти иҷроияи Ҳукумати Федератсияи Русия тасдиқ шудааст, инчунин шаҳодатномаи надоштани беморие, ки боиси сирояти вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО-ВИЧ) мегардад ва онро созмони тиббии дар ҳудуди Федератсияи Русия қарордошта додааст.

6.Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи донистани забони русӣ, дониши таърихи Русия ва асосҳои қонунгузори Федератсияи Русия.

7.Дар сурати пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои зикршуда пас аз гузаштани (30) рўзи тақвимӣаз рўзи вуруд ба Федератсияи Русия: ҳуҷҷати тасдиқкунадаи пардохти ҷарима барои вайрон кардани муҳлати муроҷиат ҷиҳати ба расмият даровардани патент.

8.Ҳуҷҷат дар бораи бақайдгирии муҳоҷират дар ҷойи иқомат.

Соҳибназари Қ.

мутахасиси Шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ

ба муҳоҷирони меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират

            дар шаҳри Душанбе[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо