Намояндагӣ дар ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ба фаъолият шурӯъ намуд

Боиси қайд аст, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ, рушди бозори меҳнат ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ дар маркази диққати ҳамешагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷират қарор дорад ва дар самти мазкур корҳои амалӣ ба анҷом мерасанд. Далели ин гуфтаҳо дар доираи сафари гурӯҳи кории вазорат таҳти роҳбарии вазир Амонзода Ширин Шодӣ ба шаҳри Исфара, 1-уми апрели соли равон дар ҷамоати деҳоти Ворух таъсис ёфтани намояндагии Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд мебошад.

Дар асоси ин маслиҳату дастурҳо таҳти назорати шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара ва мусоидати МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд Намояндагӣ ҳоло фаъолият бурда, корҳои муайянро иҷро карда истодааст.

Аз ҷумла, бо назардошти сар шудани муҳоҷирати оммавии шаҳрвандон, давоми моҳҳои сипаришуда дар ҳудуди ҷамоати деҳот, ки аз 20 маҳаллаи аҳолинишин иборат аст, бо ҷалби намояндагони ҳама қишрҳои ҷомеа чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ гузаронида шуд. Дар рафти мулоқотҳо бо аҳолӣ ба онҳо пеш аз ҳама моҳияту мазмуни фармони Президенти Федератсияи Россия «Дар бораи чораҳои ҳуқуқӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар давраи пандемияи COVID – 19» ва қоидаҳои муҳоҷирати бехатар фаҳмонида шуд. Ҳамзамон дигар масъалаҳои доғи рӯз аз қабили пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, нашъамандӣ, коррупсия, савдои одамон, истифодаи намудҳои бадтарини меҳнати кӯдак баррасӣ гардида, аҳли ҷомеа ба ривоҷи бунёдкорию созандагӣ, муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои муаззами миллат, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муносибати неки дӯстона бо ҳамсоягон, таҳкими дӯстию рафоқат даъват карда шуданд.

Дар Намояндагӣ рӯйхати шаҳрвандони аз қаламрави Федератсияи Россия берункардашуда ва воридшавиашон муваққатан манъгардида мавҷуд буда, ҳамарӯза сокинони ҷамоат тариқи хаттию шифоҳӣ барои санҷидани шиноснома ва муайян кардани вазъи ҳуқуқии худ муроҷиат менамоянд. Дар рафти баррасии муроҷиати онҳо низ корҳои ташвиқотию тарғиботӣ роҳандозӣ мегардад.

Намояндагии Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд дар ҷамоати деҳоти Ворух дар самти иҷрои вазифаҳои хизматӣ минбаъд низ аз имкониятҳо босамар истифода мебарад.

Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо