Нақшаи сафар ба Федератсияи Россия

Шумо бояд муҳлат ва мақсади сафарро муайян намоед: таҳсил, фаъолияти корӣ, бо мақсади шахсӣ, ки аз он ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ҷиҳатӣ будубоши қонунӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия вобастагӣ дорад.

Барои шиносоӣ бо тартиби гирифтани патент Шумо метавонед ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар тамоми вилоятҳо, шаҳруноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед ва ё аз сомонаи расмии Хадамоти муҳоҷират (www.migration.tj) истифода намоед.

Муҳиммаш: Агар Шумо қаблан ба Федератсияи Россия сафар намуда бошед, боварӣ ҳосил намоед, ки дар Федератсияи Россия ба қонунвайронкунӣ роҳ надодаед: мӯҳлати имконпазири будубошро вайрон накардаед, Шумо аз ҳуҷҷатҳои қалбакӣ истифода набурдаед.

Барои дастрас намудани маълумот оид ба манъ будани воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа ба Федератсияи Россия, метавонед аз сомоноаи расмии Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия (www.fms.gov.ru) истифода баред: «Санҷиши мавҷудияти асос ҷиҳатинадодани иҷозат барои воридшавӣ ба ҳудуди Федератсияи Россия ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа тариқи Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия» ва ё ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоед, ки он ҷо маҳзани маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавии онҳо ба Федератсияи Россия манъ карда шудааст, мавҷуд аст.

Муҳиммаш: Ҳангоми ба фурӯдгоҳ ва ё истгоҳи роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон омадан, пур кардани варақаи муҳоҷиратӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади баҳисобгирии рафту омади шаҳрвандон зарур аст. Варақаи мазкур пур карда шуда, пеш аз сафар ба намояндаи Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.

 

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо