Нақшаи ташкили маркази машваратӣ ва омодагии қабл аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар Ворух

Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ ба ҷамоати деҳаи Ворухи шаҳри Исфараи вилояти Суғд сафари корӣ намуд. Дар доираи сафар ҳайати гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз Раҳмонзода Абдуғаффор Азиз – муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Муродзода Дӯстмурод Ҳайит – сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Каримзода Тоҳир Авғон – сардори Хадамоти муҳоҷират, Баротзода Бобохон Хол – сардори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Қурбонзода Файзиддин – сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ, Муродзода Муҳсин Муқим – сармутахассиси Раёсати таҳлил, молия ва дурнамо, сардорони раёсатҳои Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд низ сафарбар гардиданд. Зимни боздид аз иншоотҳои сохташуда барои соҳибкасб намудани аҳолии ҷамоат ташкил намудани курсҳои кутоҳмуддати қаннодӣ, кафшергарӣ, дузандагӣ ва омӯзиши малакаҳои нави коргарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасмим гирифта шуд, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барои соҳибкасб намудани занону бонувон, ҷавонону наврасон, калонсолон ва дар умум аҳолии ҷамоати деҳаи мазкур курсҳои кутоҳмуддати омӯзишии ройгон ба роҳ монда шуда, филлиали муассисаи давлатии Маркази омӯзишии калонсолон таъсис дода мешавад. Дар ин замина, барои таъмини марказ бо лавозимотҳои зарурӣ 10 адад копютер ва таҷҳизотҳои ихтисоси кафшергарӣ, дузандагӣ ва дигар лавозимотҳои зарурӣ аз ҷониби Вазорат туҳфа карда мешавад. Ҳамчунин, дар деҳаи мазкур маркази омодагӣ пеш аз сафар барои муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил ва ба роҳ монда мешавад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо