«Нелегал – тобистон» чӣ натиҷа дод?

[:tj] 

 

Бо мақсади таъмини иҷрои талаботи саривақтии нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) ва фармоиши якҷояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон №212 аз 05.04.2018, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон №4 аз 02.04.2019 ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон №68 аз 02.04.2019, ҳамзамон ҷиҳати иҷрои талаботи супориши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 342/7-1487 аз 02.04.2019 дар давраи аз 16 то 19 июл дар миқёси вилояти Суғд ҳам марҳилаи дуюми чорабиниҳои фаврӣ – профилактикии муштарак ва амалиёти махсус доир ба пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои муташаккилонаи ҷинояткоре, ки ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва хариду фурӯши одамон машғул мебошанд, амалиёти муштарак таҳти унвони шартии «Нелегал – тобистон» гузаронида шуд.

Дар ин амалиёт ба ғайр аз гурӯҳи санҷишии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки ба ҳайати он кормандони ботаҷрибаю собиқадор шомил буданд, сохторҳои зертобеи Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо низ иштирок намуданд.

Барои роҳбарӣ ва назорати умумӣ, дар муҳлати муайяншуда таъмин намудани иҷрои босифати талаботи чорабиниҳои дар нақшаи муштарак пешбинишуда, андешидани чораҳои саривақтӣ дар ҳолати тағйир ёфтани вазъи оперативӣ – ҷиноӣ Ситоди оперативӣ таъсис ёфта буд, ки ба ҳайати он намояндагони Раёсат ҳам дохил буданд.

Қабл аз оғози чорабиниҳои фаврӣ – профилактикии муштарак ва амалиёти махсус дар ҷаласаи кории назди Сардори Раёсат ҳайати гурӯҳи санҷишӣ ва дигар кормандони дар санҷишҳои назоратӣ иштироккунанда огоҳонида шуданд, ки ба дағаливу беҳурматӣ нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, суиистифода аз мансаби хизматӣ, тамаъҷӯию ришваситонӣ роҳ надода, аз чаҳорчӯбаи қонун берун набароянд ва ба амалҳои ғайриқонунӣ даст назананд.

Дар давраи пешбинишуда ҳар рӯз (ба ғайр аз рӯзи якшанбе) дар макони зист ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла корхонаҳои муштарак ва ширкатҳои бо ҷалби қувваи кори хориҷӣ фаъолиятбаранда, объектҳои сохтмонию саноатӣ, меҳмонхонаю хобгоҳҳо, бозору марказҳои тиҷоратӣ, тарабхонаю марказҳои дилхушӣ, боғҳои истироҳатию фарҳангӣ, терминалҳои нақлиётӣ, ҷойҳои ҷамъшавии теъдоди зиёди одамон санҷишҳои назоратӣ гузаронида шуд.

Зимни санҷишҳои назоратӣ дар ҶСК ТАҚҲ «Алиф Сармоя» ва Парник: СИ Ҳомидов Илҳомҷон (шаҳри Хуҷанд), ҶДММ «Довуд – 2015», ҶДММ «Бӯстон – Спитамен», СИ Чан  Чиӣзюнҳ, ҶДММ «Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой» (шаҳри Бӯстон), ҶДММ «Сахо ва К» (шаҳри Гулистон), ҶДММ «Тейинг – Лонг», ҶДММ «ККА», ҶДММ «Маҳсулоти нави Тоҷикистону Хитой» (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҶДММ «Ли – Мин» (ноҳияи Деваштич) ва ҶДММ «Ясин – МС – Суғд» (ноҳияи Мастчоҳ) маълум гардид, ки солҳои охир ба туфайли пурзӯр намудани назорат, роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ, корбарӣ дар байни роҳбарияти корхонаҳои муштарак ва ширкатҳои бо ҷалби қувваи хориҷӣ фаъолиятбаранда масъулин ба масъалаи расмикунонии саривақтии будубош ва фаъолияти меҳнатии қонунии шаҳрвандони хориҷӣ эътибори махсус медиҳанд.

Новобаста ба ин, се ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ошкор шуд. Маълум гардид, ки шаҳрвандони  Ҷумҳурии халқии Хитой Кон Хуичан дар ҶДММ “Сахо ва К”, Ван Сиаофей дар ҶДММ «Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой» ва Чжао Чжитзюн дар ҶДММ “Лунг Чунг”, воқеъ дар шоҳроҳи Хуҷанд  – Ғафуров, бинои “Мусаффо” бидуни иҷозат ба кор фаъолияти меҳнатӣ мебаранд. Нисбати Кон Хуичан, Ван Сиаофей ва Чжао Чжитзюн бо моддаи 138 қисми 3 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқувайронкунии маъмурӣ оғоз ва баррасӣ карда шуд.

Раёсат тасмим гирифтааст, ки минбаъд ҳам дар самти ташкили санҷишҳои назоратӣ ва таъмини иштироки фаъолонаи кормандон дар чорабиниҳои фаврӣ – профилактикии муштарак ва амалиётҳои махсус аз имкониятҳо босамар истифода мебарад.

Мардон ҚУРБОНОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо