Нишасти матбуотии Раёсат

[:tj]Дар асоси ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, шуъбаю бахшҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту муассисаҳо аз 08.01.2019. бо мақсади татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.09.2011, №АП-1729 санаи 15.02.2019 нишасти матбуотии муштараки Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,Сарраёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир гардид.

Чун дар нишастҳои қаблӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо мақсади додани маълумоти бештар ба кормандони воситаҳои ахбор оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2019, варақаи иттилоотӣ тақсим намуд. Ҳамзамон дар ҷузвдони махсус ба онҳо маводҳои конселярӣ, шумораи охирини рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират», матни тағйироту иловаҳо ба қонунгузории федералии Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, буклету дастурамалҳои ба муҳоҷирати бехатар, тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва мубориза ба муқобили терроризму экстремизм, бемориҳои гузаранда, аз ҷумла ВНМО бахшидашударо дастрас намуд.

Дар нишасти матбуотӣ кормандони воситаҳои ахбори чопию электронии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ иштирок намуданд.

Дар оғози нишаст кормандони воситаҳои ахбор гузориши сардори Раёсат Зайнура Шарифиро оид ба фаъолияти Раёсат дар давоми соли 2019 шуниданд. Баъдан сардори Сарраёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят Шермуҳаммад Нодирӣ ва муовини сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Манзура Мавлонова суханронӣ намуданд.

Аксари саволҳои додаи рўзноманигорон ба соҳаи муҳоҷират, қабл аз ҳама муҳоҷирати меҳнатӣ бастагӣ дошт. Зайнура Шарофзода ба саволҳои намояндагони агентиҳои иттилоотии «Согд-нюс» М. Почоева, «Инфо – нюс» Н. Мирсаидов, нашрияҳои «Ҳақиқати Суғд» Ш. Олимова, «Суғд ҳақиқати» Т. Дўстматова, «Сухани халқ» М. Раҳимзода, телевизиони «7 ситора» Ў. Раҷабова, радиои «Пайванд» Ҷ. Маъруфов ва дигарон посух дода, баён дошт ки ҳамкории Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо мунтазам густариш меёбад ва ин, албатта, падидаи нек аст.

Тибқи мушоҳида рўзноманигорон бештар ба масоили ба қайдгирии муҳоҷирон, муайян намудани шумораи аниқи муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар хориҷа, сабабҳои нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта имсол камтар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани шаҳрвандон, саҳми ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушд дар ободонии диёр, муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави вилоят мароқ зоҳир намуданд.

 

                                                                                            Мардон ҚУРБОНОВ

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо