Оилаҳои ноустувор ба муросо омаданд

[:tj] 

12-уми ноябр гурўҳи корӣ дар ҳайати муовини раиси ноҳияи Деваштич Г.Нуруллозода, мудири бахши кор бо занон ва оила З. Аҳмадҷонова, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират С. Баҳодурова, котиби комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кўдак М. Ёқубова, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Л. Файззода ва сардори Маркази солимии репродуктивӣ Х. Шокирова дар Ҷамоати деҳоти Ростровут тариқи гардиши хона ба хона дар байни сокинон вобаста ба масоили доғи рўз, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатии бехатар, таҳкими оилаю оиладорӣ, мубориза ба муқобили терроризму экстремизм ва бемориҳои сироятӣ корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ бурданд.

Дар умум гурўҳи корӣ дар деҳаҳои Ростровут, Хишекат, Бобучак, Офтобрў ва Даҳкат ба 39 оила ташриф оварда, ҳамзамон дар масҷиди ҷомеи маркази ҷамоат бо 105 нафар намозгузорон – шаҳрвандон мулоқот анҷом доданд.

Дар рафти гардиши хона ба хона тибқи маслиҳату насиҳат ва корбарии аъзои гурўҳи корӣ оилаҳои ноустувори Абдурауф Юлдошев ва НигинаБобоева (деҳаи Ростровут), Акбаралӣ Ашўрову Шарифа Валиева ва Аюбҷон Раззоқову Ҷонона Раҳимова (деҳаи Хишекат) муросо дода шуданд.

Дар ин радиф дар деҳаи Бобучак бо ҷалби 62 нафар духтарону занон дар маҳаллаҳои деҳаи Бобучак 5 адад мулоқоти хурд гузаронида шуд.

Зимни боздид аз бунгоҳи тиббии деҳаи Ростровут ва мулоқот бо кормандони бунгоҳу як гурўҳ бонувон масоили пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз ҷумла хушунат дар оила, даст ба худкушӣ задании бонувон ва қасд ба он, никоҳи хешутаборӣ, бемориҳои сироятӣ, рафти амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар рафти мулоқотҳо мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич Санавбар Баҳодурова оид ба муҳоҷирати бехатар суханронӣ кард.

 

                                                               Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                         дар ноҳияи Деваштич

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо