Омода шаведу баъд ба сафар бароед!

[:tj]Имрўзҳо ба шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе садҳо нафар сокинони пойтахт ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ муроҷиат менамоянд ва  аз қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ пурсон мешаванд.

Аслан, шаҳрвандон ба раёсат барои шиносномаи худро аз санҷиш гузаронидан, оид ба қонунгузориҳои нави кишвари Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла тарзи гирифтани сертификат, патент, омода намудани ҳуҷҷатҳо ва дигар паҳлуҳои он пурсон мешаванд.

Шаҳрвандоне, ки ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ ба давлати қабулкунанда сафар менамоянд, ба талаботҳои бозори ҷаҳонӣ, сатҳи забондонӣ ва малакаи касбии кишварҳои қабулкунанда мутобиқат намояд. Бояд таъкид намуд, ки имрўз бозори ҷаҳонӣ танҳо ба муҳоҷирони касбу ҳунар дошта эҳтиёҷ дорад. Айни замон, дар  минтақаҳои гуногуни кишвари Россия танҳо ба кор ҳамон шахсонеро қабул менамоянд, ки касбу ҳунари ба бозори меҳнат ҷавобгў бошад.

Дар хатми ҳар як суҳбату вохўриҳо кормандони шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, бори дигар муроҷиаткунандагонро таъкид менамояд, ки пеш аз сафар ҳар як шаҳрванд бояд огаҳ бошад, ки тибқи қонунгузории давлати зикгардида барои омода намудани ҳуҷҷатҳо ва гирифтани патент мўҳлати 30 рўзи тақвимӣ муқаррар шудааст ва аз ҳар яки онҳо масъулияти баланд талаб менамояд ва баъд аз гирифтани патент онҳо вазифадоранд, саривақт маблағи патентро супорида, фаъоляити меҳнатии худро идома диҳанд.

Барои гирифтани патент дар муддати 30 рўзи тақвимӣ аз рўзи ворид шудан ба қаламрави Федератсияи Россия Шумо шахсан ё тавассути созмони субъекти ваколатдори давлатии зикргардида ҳуҷҷатҳои зеринро ба мақомоти Сарраёсати Вазорати корҳои дохилӣ ФР оид ба масъалаҳои муҳоҷират пешниҳод мекунед:

  1. Ариза дар бораи гирифтани патент.
  2. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва аз ҷониби Федератсияи Россия эътирофшуда.
  3. Корти муҳоҷират бо нишон додани «кор» ҳамчун мақсади сафар ба Федератсияи Россия ва қайди мақомоти назорати сарҳадӣ дар бораи вуруд ба он кишвар, қайди мақомоти ҳудудии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилӣ ФР оид ба масъалаҳои муҳоҷират дар бораи додани кори муҳоҷиратии мазкур.
  4. Ба мўҳлати амалисозии фаъолияти меҳнатӣ шартномаи (полиси) суғуртаи ихтиёрии тиббӣ, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия эътибор дошта ё шартнома дар бораи расонидани хизмати пулакии тиббӣ, ки бо созмони тиббии дар субъекти Федератсияи Россия ҷойгиршуда, ки дар ҳудуди он шаҳрванди хориҷӣ мақсади амалӣ намудани фаъолияти меҳнатиро дорад, баста шудааст.
  5. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи надоштани бемориҳои нашъмандӣ ва бемориҳои сирояткунанда, кибарои атрофиён хатарнок буда, дар рўйхати аз ҷониби мақомоти Федералии ваколатдори ҳокимияти иҷроияи Ҳукумати Федератсияи Россия тасдиқ шудааст, инчунин шаҳодатнома (сертификат)-и надоштани беморие, ки боиси сирояти вируси норасоии масунияти одам (ВНМО-ВИЧ) мегардад ва онро созмони тиббии дар ҳудуди давлати мазкур қарордошта додааст.
  6. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи донистани забони русӣ, таърихи кишвари Россия ва асосҳои қонунгузории ин кишвар.
  7. Дар сурати пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои зикршуда пас аз гузаштани (30) сӣ рўзи тақвимӣ аз рўзи вуруд ба Федератсияи Россия: ҳуҷҷати тасдиқкунанда, пардохтани ҷарима барои вайрон кардани мўҳлати     муроҷиат ҷиҳати ба расмият даровардани патент.
  8. Ҳуҷҷатҳо дар бораи бақайдгирии муҳоҷират дар ҷойи иқомат.

Аз ин лиҳоз, кормандони раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе хоҳиш менамояд, пеш аз сафар ҳатман ба раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ва дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоянд.

                                  Нарзулозода Фирдавс

              сармутахассиси шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ

 ба муҳоҷирони меҳнатии раёсати Хадамоти муҳоҷират

                            дар шаҳри Душанбе

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо