Омода шаведу, баъд ба сафар бароед!

[:tj]Имрӯзҳо ба бахши қабули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе садҳо нафар сокинони шаҳр ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, оиди қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ пурсон мешаванд.

Сармутахассиси Раёсат Фирдавс Бозоров, ки бисёри вақти кории худро дар суҳбат бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ мегузаронад, чунин ибрози ақида намуд.

ӯ гуфт, ҳамарӯза ба Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, ҷавонони сину соли гуногун ташриф оварда, шиносномаи худро аз санҷиш гузаронида, оиди қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, тарзи гирифтани Сертификат, патент, омода намудани ҳуҷҷатҳо ва дигар масъалаҳои муҳоҷират пурсон мешаванд. Дар навбати худ мо кормандони Раёсат омодаем, ки ба ҳар яки онҳо кумаки  худро расонем.

Имрӯзҳо кормандони Раёсат бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандони мамлакат, ки омодаи сафар ба хориҷи кишвар, бахусус ба минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия мебошанд, пурзӯр намуда истодаанд.

Фирдавс Бозоров қайд намуд, ки аксарияти шаҳрвандони ҷумҳурӣ нифти ба кишвари Россия барои кор рафтанро мекунанд, аммо онҳо андеша намекунанд, ки дар давлати Россия рӯз то рӯз кору фаъолият намудан дучанд мушкил гардидааст. Чуноне, ки мо огаҳем, барои омода намудани ҳуҷҷатҳо ва гирифтани патент мӯҳлати 30 рӯзи тақвимӣ  муқаррар шудааст ва аз ҳар яки мо масъулияти баландро талаб менамояд. Баъд аз гирифтани патент ҳар як шаҳрвандони ҷумҳурӣ вазифадор аст, ки дар вақташ маблағи патентро пардохт намуда фаъолияти меҳнатии худро идома диҳад.

Бояд таъкид намуд, ки имрӯз бозори ҷаҳонӣ танҳо ба муҳоҷирони касбу ҳунар дошта муҳтоҷ аст. Вақти он расидааст, ки ҳар як фарди муҳоҷир, ки ба хориҷи кишвар сафар мекунад, инро дарк намояд ва падару модари он бетараф набошад.

Айни замон дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия танҳо ба кор ҳамон шахсонеро қабул мекунанд, ки мутахассисанд. Шахсоне, ки ягон касб надоранд сарсону саргардон аз  шаш моҳ то як сол бекор гашта, худро ва волидайни худро ба ташвиш меандозанд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе иттиллоъ медиҳад, ки ҳар як фарди тоҷике, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад, пеш аз сафар ҳатман ба Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он муроҷиат намояд. Дар сафар дар даст буклетҳо оид ба қонунгузориҳои Федератсияи Россия дошта бошанд, нисбати ихтисоси худ имтиҳон супорида ҳуҷҷат (сертификат) гиранд. Шаҳрвандони мамлакат бояд аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия тест (имтиҳон) супорида соҳиби Сертификат шаванд, аз ташхисӣ тиббӣ гузашта бо корфармо шартномаи меҳнатӣ баста патент гирифта оромона кору фаъолият намоянд.

                                                                             Анвар Юсупов

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо