Паёми Призидент-роҳнамои миллат

[:tj]Дар солҳои соҳибистиқлоияти Ватанамон ҳамасола ба мақоми олии қонунгузор пешниҳод шудани паёми Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ба ҳукми анъана даромда, аҳли ҷомеъа ин санади таърихиро чун роҳнамои худ қабул менамояд. Соли равон маротибаи аввал Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки мо онро на танҳо чун раҳнамо, балки чун дастур амал қабул намудем.

Дастуру ҳидоят ва супоришу вазифагузориҳое, ки аз ин Паём бармеояд, ҳамаги ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини пешрафти иқтисодии мамлакат нигаронида шудаанд. То ба сатҳи 31% паст рафтани сатҳи камбизоатӣ ва 73,5 сол баробар гардидани синну соли миёнаи умр ва ба маротиб кам шудани фавти модару кӯдак, дар Паём зикр ёфт, шаҳодати сол то сол беҳтар шудани некӯаҳволии халқ аст.

Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки аз моҳи июли соли ҷорӣ ҳаҷми музди ақали меҳнат ба 400 сомонӣ баробар, музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷавӣ, мақомоти қудратию ҳифзи ҳуқуқ, нафақаю кӯмакпулӣ ва стипендияи донишҷӯён зиёд карда мешавад. Баҳри амали намудани ин тадбир аз буҷети давлат зиёда аз 1 миллиард сомонӣ маблағ ҷудо мегардад. Ин ғамхорӣ ва дастгирӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки давлату Ҳукумат ва шахсан Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша пушту паноҳи халқ ҳастанд.

Боиси хурсандист, ки дар Паёми имсола бо масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва бо ҷои кор таъмин намудани аҳолӣ низ эътибори хоса зоҳир гардид. Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд, ки дар давоми соли 2016 зиёда аз 200 ҳазор ҷои нави корӣ фароҳам оварда мешавад. Ин тадбир имкон медиҳад, ки ҳазорон нафар муҳоҷирони меҳнатӣ низ дар диёри худ бо ҷои кор таъмин шаванд.

Чуноне, ки маълум аст, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳадафҳои асосиву стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд. Иҷрои корҳое, ки дар Паёми имсола ба нақша гирифта шудаанд, расидан ба ин ҳадафҳоро наздиктар месозанд. Чунончи, бо иқтидори 300 мегаватт ба кор даромадани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии поитахт вазъи таъминоти аҳолиро бо барқ хеле беҳтар мегардонад.

Сулҳу Ваҳдат ва тинҷию амонӣ асоси ҳамагуна пешрафту тараққиёт аст. Шукрона, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ Эмомали Раҳмон дар Ватани азизамон сулҳу Ваҳдат, тинҷию амонӣ ва серию пурӣ ҳукмфармост. Пешвои миллат барҳақ қайд намуданд, ки халқи мо имруз халқи солҳои 90-уми асри гузашта нест, ки ба ҳар гуна ҳангомаю дасиса бовар кунад. Тири Абдуҳалим Назаров барин бадхоҳону душманони миллат ҳаргиз ба ҳадаф намерасад, ҳатман хок мехурад. Аммо аҳли ҷомеъа набояд ҳушёрии сиёсиро аз даст даҳанд. Зеро замони муосир, замони хатарзо, ҷаҳонишавии давлатҳову тамаддунҳост, ки бисёр ҷиҳатҳои манфӣ ҳам дорад. Ба гуфти Аттори Нишопурӣ:

Шукр гӯӣ неъматат афзун шавад,
В-ар нагӯӣ аз кафат берун шавад.

Паёми Сардори давлатамон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асоии фаъолияти моро барои соли 2016 ва солҳои минбаъда муайану мушаххас кард. Аҳли ҷомеъаро зарур аст, ки бо шукрона аз давру замон ва шароиту имкониятҳои фароҳам овардашуда бунёдкорию созандагиро пеш гиранд, Тоҷикистонро ободу худро хушбахт гардонанд.

Соли ҷорӣ соли таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолият аст. Биёед дар партави Паёми Призидент ин иди Саидро бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирем ва ватандусти ҳақиқӣ буданамонро дар амал нишон диҳем!

          Хидиров А,
   мудири бахши ХМ ҶСК
«Фурудгоҳ»-и шаҳри уҷанд[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо