Паём  барои ҳар яки мо роҳнамо мебошад

[:tj]     Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳим як соли дар пеш истодаи фаъолияти тамоми сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар кишвар таҷассум намуда, барои расидан ба зиндагии аз ин шоиста ва сазовортар барои ҳар яки мо роҳнамо мебошад.

26 январ дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони бахшу шуъбаву раёсатҳои дастгоҳи марказӣ ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе пахши мустақими Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишоварро тавассути шабакаҳои телевизионӣ тамошо намуданд.

Дар Паёми имсола Ҷаноби Олӣ тамоми самтҳои мухталифи ҷомеаро таҳлил намуда, вобаста ба рушди соҳаҳаи гуногуни кишвар ибрози назар намуданд ва қайд карданд:  “Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад”.

Яъне мо соли 2020 дар вазъияти бошиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ кардем.

Ҳамзамон дар баромадашон Президенти мамлакат ба вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм супориш дода шуд, ки барои таҷдиди назар кардани барномаву нақшаҳои таълими касбҳои коргарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва таъмини муассисаҳои зикршуда бо китобҳои дарсӣ чораҳои заруриро ба роҳ монанд.

Вобаста ба ин, ба ҳар як муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз ҳисоби аъзои Ҳукумат, вакилони парламент, роҳбарони сохтору мақомоти марказӣ ва шаҳру ноҳияҳо якнафарӣ ба ҳайси сарпараст вобаста карда, дар зарфи ду соли оянда тамоми мушкилоту масъалаҳои ҷойдоштаи онҳо ҳаллу фасл карда шаванд.

 

                                                                                        Анвар ЮСУПОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо