Пешгириву муқовимат бо падидаҳои номатлуб

[:tj] 

Ҷаласае, ки 3 май дар Ҷамоати деҳоти ба номи Дустмурод Алиеви ноҳияи Файзобод доир гардид, ба масъалаҳои муҳоҷирати бехатар ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳли ҷомеа вобаста ба пешгириву муқовимат бо падидаҳои номатлуб бахшида шуда буд.

Дар чорабинӣ асосан кормандони масъули ҷамоат, раисони кумитаҳои маҳаллаи ҳудуди ҷамоат, ҷавонону фаъолон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ҳамзамон намояндагони ташкилотҳои динию ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Муовини раиси ноҳия сарпарасти соҳаи муҳоҷират Нурия Раҷабова диққати аҳли ҷомеаро ба раванди бунёдкорию  созандагӣ ҷалб намуд ва аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ҳарф зад. Таъкид намуд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ метавонанд дар пешрафту ободонии диёр саҳми арзанда гузошта бошанд.

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод Махфират Рашидова вобаста ба муҳоҷирати бехатар, муқовимат бо коррупсия ва терроризму экстремизм, пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО, созишномаҳои байни ҳукуматии миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қазоқистон ибрози назар намуд ва аз муҳоҷирони меҳнатӣ, шахсони бе касбу бешуғл даъват ба амал овард, ки бо истифода аз имкониятҳо дар курсҳои омӯзишии таълимгоҳҳои ноҳия касбу ҳунар омӯзанд.

Дар чорабинии мазкур зиёда аз 150 нафар шаҳрвандон иштирок намуданд.[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо