Пешгирии таъсиррасонии гурӯҳҳои ифротӣ ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик

[:tj]Миллати тоҷик аз қарнҳо боз ба ҷаҳониён бо тамаддунофаринишу созандагии хеш машҳур мебошад ва дар тӯли таърих ҳамчун ҷомеаи мустақил бо идеяҳои миллӣ, ҳисси миллӣ ва худшиносӣ умр ба сар бурдааст.

Имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ фаъолият доранд, ки ҳадафи асосии онҳо ҷалби шахсони гумроҳ, аз ҷумла ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини террористию экстремистӣ мебошад.

Барои шомил кардан ба сафҳои худ гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ кӯшиш менамоянд, ки ба гурӯҳи муайяни аҳолӣ рӯ биёранд ва онҳоро ҷавонон, шахсони бекор ва эҳтиёҷманд, муҳоҷирони меҳнатӣ, шахсони ба маблағ эҳтиёҷдошта, аз волидон ё ҷамъият норозӣ, дорои дониши паст ва маърифати ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд.

Аз ин хотир, имрӯз миллати тоҷик бояд, аз бузургону пешвоёни хеш ибрат гирифта, ба ҳама муқадасоти миллату давлат арҷгузор бошад. Зеро ин фарҳанг аст, ҳисси миллӣ аст, идеяҳои давлату миллат аст, ки миллату давлати моро дар тамоми гӯшаву канори олам ҳамчун тамаддунофар мешиносанд.

Мақсади роҳбарони гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ноором сохтани ҷомеа барои манфиат ба даст овардан ё сохтори ин ё он давлатро тағйир намуда, ба таври худ низоми давлатдории ба худ хосро мехоҳанд созмон диҳанд. Барои ба мақсадҳои нопоки худ расидан ҳар гуна роҳу усулҳоро, аз ҷумла ҷалб кардани қишрҳои осебпазири ҷомеаро барои содир намудани амалҳои нопоки худ истифода мебаранд.

Бо мақсади инъикоси паҳлуҳои гуногуни терроризм ва экстремизм дар кишварамон мо аз ибтидои ба даст овардани истиқлолиятамон баъди фурӯ рафтани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ назар мекунем ва мебинем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин кишварест, ки ба ифротгароӣ ва моҷароҷӯи рӯ ба рӯ гаштааст. Мавзӯи терроризм ва экстремизм ё ифротгароӣ ва моҷароҷӯи дар замони муосир яке аз таззотҳои муҳими рӯз ба ҳисоб меравад.

Ин амалҳо дар ҳолати ҷанги шаҳрвандии солҳо 1992-1997 бараъло зоҳир мегардиданд. Агар ба ифротгароӣ аз диди имрӯза назар афканем, ҳоло ин масъала нисбат ба солҳои қаблӣ муҳимтар арзёбӣ мегардад. Зеро дар давоми панҷ соли ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он то соли 2001 дар Тоҷикистон ягон амали террористӣ бо иштироки худкуш ба қайд гирифта нашудааст.

Тавре тадқиқотҳо нишон медиҳанд, пешгирӣ ва муқовимат бар зидди ифротгароӣ марҳилаҳои зеринро дорост:

– Марҳилаи якум (солҳои 1991-1997): ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, мушкилот ва омилҳое, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Ҳамчунин, афзоиши тафаккури исломии шаҳрвандон-дараҷаи фаъоли ташаккулёбии исломи сиёсӣ.

– Марҳилаи дуюм (солҳои 1998-2013): давраи сулҳсозии баъди низоъҳо дар Тоҷикистон. Фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ин ҳизб аз соли 2015 бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст ва ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ ба ҳисоб меравад) дар ҷараёнҳои сиёсии давлат, фаъолгардии ташкилотҳои экстремистӣ: “Ҳизб-ут-таҳрир” дар охири солҳои 90-ум, ташкилёбӣ ва фаъолгардии салафиҳо ва дигар ҳаракату ҷараёнҳои ба ин монанди ғайри анъанавӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон.

– Марҳилаи сеюм (солҳои 2014-2016): омили ба миён омадани ба ном Давлати исломии Ироқ ва Шом (ДИИШ) ва фаъолгардии гурӯҳи ҷавони радикалӣ дар Тоҷикистон, тамоюл, равиш ва муносибатҳои нав оид ба ҷалби шаҳрвандон. Хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар пайравону мухлисон дар дохили кишвар, иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар амалиётҳои ҳарбии Сурия, Ироқ ва Афғонистон. Қабул гардидани “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бар зидди терроризм ва экстремизм барои солҳои 2016-2020” ва амалишавии нақшаи пешгирии амал дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо.

– Марҳилаи чаҳорум ( аз соли 2017 то имрӯз).

Таҳлили вазъият ва натиҷаи тадқиқот нишон медиҳад, ки баъди соли 2017 давраи баъдирадикалии ҷавонон оғоз гардид ва як қатор чорабиниҳо оид ба баргардонидани ифротгароён, ҳамчунин аъзои оилаи онҳо (зан ва фарзандон) натиҷагирӣ шуда, онҳо роҳандозӣ карда шуданд. Имрӯзҳо барои сафед кардан ва мутобиқ гардонидани ифротиён ва аъзои оилаи онҳо ба ҷомеаи шаҳрвандии кишвар чораандешӣ намуда истоданд.

Натиҷаи тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки сабаби ҷалб кардани шаҳрвандон (баъзе аз онҳо бо якдигар муқобиланд) ба омилҳои зерин асос меёбанд:

  • набудани кори доимӣ;
  • надоштани таҳсилоти динӣ;
  • мушкилот доштан бо “социализатсия” (мушкилоти иҷтимоӣ);
  • зиндагӣ дар шароитҳои душвор (набудани имконият барои рушди оянда);
  • мағзшӯӣ кардани шаҳрвандон ва афтодани онҳо зери таъсири ҷаҳонбинии манфӣ (радикалӣ);
  • одамони аз оилаҳои “мушкилотдор” ва “нопурра” ва ғайра.

Таҳлилҳои махсус нишон медиҳанд, ки ҷавононе ба гурӯҳҳои ифротӣ ворид мешаванд, ки имконияти хуб барои рушд ва социализатсия доштанд.

Масалан:

  • одамони аз оилаҳои таъминоташон пурра, ки муҳақиқон онҳоро ба мардуми сафи миёна мансуб медонанд, инчунин одамони аз оилаҳои соҳибкорон, намояндагони зиёӣ (муаллимон, духтурон ва ғайра).
  • “одамони муваффақ”, ки ба соҳибкорӣ (бизнес) машғуланд, кори худро дошта, фарзандонро тарбият кардаанд, падару модарро ба ҳаҷ равон карданд ва ғайра.

Ҳамин тариқ, сабаби умумии ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои ифротӣ вуҷуд надорад.

Ҳар як ҳолат хислати ягона дошта, муносибати махсусро барои фаҳмидани сабабу омилҳо тақозо менамояд. Дар ҷараёни таҳқиқоти саҳроӣ маълум шуд, ки аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аъзои ба ном Давлати Исломии Ироқ ва Шом (ДИИШ) гаштаанд, аз зумраи муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд.

Аз ҳамин сабаб омили муҳоҷирати меҳнатӣ дар омӯзиши ин муаммо нақши муаянкунандаро бозӣ карда, ҳамчун восита ба ҳисоб меравад.

Бояд зикр кард, ки дар солҳои охир ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ба монанди нигоҳ ба ҳаёт, дин ва умуман гирду атроф тағйир ёфтааст.

Дар ҳолати истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ахлоқи онҳо тағйирот ба мушоҳида мерасад. Нақши ин омил дар ҷалб кардани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳаматарафа таҳқиқ карда шудааст. Бояд иброз дошт, ки шабакаҳои иҷтимоӣ барои пешгирӣ ё паст кардани таъсири гурӯҳҳои радикалӣ ба ҷаҳонбинии ҷавонон он қадар фаъол истифода бурда намешавад. Ҳамин тариқ, беҳтар кардани фазои иттилоотӣ, ҳамчунин мазмуну мундариҷаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои пешгирии радикализм ва экстремизм нақши мусбиро бозӣ менамояд.

Дар ҳайати гурӯҳҳои террористӣ, масалан дар ҳудуди Федератсияи Россия шахсони баромадашон аз Осиёи Марказӣ зиёдтар ба назар мерасад. Дар аксар ҳолатҳо онҳо ҳамон одамоне мебошанд, ки дар корҳои касбияти паст кор мекунанд.

Ба ақидаи як қатор сотсиологҳо аксари муҳоҷирон дар давраи буду бошашон дар Федератсия Россия мусулмонҳои амалкунанда шудаанд. Ин дар асоси алоқаи зич бо дигар мусулмонҳо ё бо таъсири ахбороти интернетӣ ба вуҷуд омадааст. Муҳоҷирони меҳнатӣ бояд аз сари нав иҷтимоёти худро дигар кунанд, зеро нигоҳи динии онҳо дар масҷидҳо ба вуҷуд омадааст, ки дар он ҷойҳо одамон якдигарро медонанд. Лекин дар шаҳрҳои хориҷӣ дин фардӣ кунонида шудааст ва муайянкунандаҳою муқаддасоти маҳалии пешин фаромӯш гаштааст.

Имрӯзҳо масҷидҳои дар Россия мавҷудбуда ба муҳоҷирон барои ба кор таъмин намудан, дар қайд мондани онҳо ва дарёфт кардани ҷои зист ёрии ғайрирасмӣ мерасонанд. Ғайр аз ин, дар масҷидҳо хусусиятҳои индивидуалии шахсӣ ба шакли муайян медароянд ва онҳо барои дохил шудани муҳоҷирон ба ҷомеаи шаҳрвандии Россия мусоидат менамоянд. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки воридкунии муҳоҷирони мусулмонро оид ба ин масъала шахсони дигари миёнарави ҷалбкунанда истифода мебаранд. Баъзе мусулмонҳоро дар вақти рафтан ба масҷидҳо, кафетерияҳои ҳалол дар бозорҳо, ки дар он ҷо одамони зиёд аз дигар минтақаҳо меоянд ва ба чашм мерасанд, онҳоро ба дигар корҳо ҷалб менамоянд.

Ҷалбкунандагон бо муҳоҷирон барои додани кӯмак ёрии худро пешниҳод намуда, ҳамсуҳбат мешаванд. Бо ҳамин тариқ бо ин гуна шаҳрванд робита барпо намуда, оҳиста- оҳиста ташвиқот бурда, як қатор адабиётҳои муайян медиҳанд ва мехоҳанд, ки ба масҷид нараванд ва ба маҳфилҳои дар хонаҳо ва масҷидҳои ғайрирасмӣ ташкилшуда ташриф биёранд.

Ҷалбкунии муҳоҷирон дар аксар ҳолатҳо аз тариқи шабакаи интернетӣ ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ иҷро карда мешаванд. Барои шаҳрвандони омада идеяҳои “Сохтани давлати одилона” диққатҷалбкунанда буда, онҳоро ба ғояҳои экстремистӣ ҷалб мекунанд ва музди меҳнати баланд ваъда медиҳанд. Лекин ба муҳоҷирон дар бораи ба онҳо додани пулҳои қалбакӣ гап намезананд, ҳамчунин намегӯянд, ки давомнокии умри миёнаи ин гуна ҷанговарон кӯтоҳ аст.

Далелҳои қаблан зикршуда собит месозанд, ки бояд як қатор тадбирҳо на фақат барои бо роҳи зуроварӣ ба эътидол овардани гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳамчунин барои ҳаматарафа пешгирӣ намудани паҳншавии ғояҳои идеологияи экстремистӣ ва террористӣ дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ чораандешӣ карда шавад.

Алҳол бо иштироки намояндагони аксари давлатҳои ҷаҳон 19 ҳуҷҷат дар сатҳи СММ бар зидди терроризм қабул карда шудааст (Аз ҷумла, 11 конвентсия ва 2 протокол бо ин мақсад). Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии бевоситаи конвентсияҳо ва протоколҳои амалкунандаи СММ оид ба мубориза алайҳи терроризм мебошад ва он дар Маркази мубориза бар зидди терроризм дар ИДМ фаъол буда, корҳои назаррасро дар чорчубаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай иҷро карда истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барқарор намудани сулҳу субот дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон корҳои зиёдеро анҷом дода, ҳамарӯза дар сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон алайҳи террористон ва қочоқгарони маводи мухаддир чораҳои назаррас андешида истодааст.

Дар кишвари мо оид ба фаъолияти гуногунҷабҳаи муҳоҷирони меҳнатӣ Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад. Хадамоти муҳоҷират оид ба пешгирии муҳоҷирати меҳнатии ғайрирасмӣ, хусусан ҷавонон барои ворид нагардидан ба гурӯҳҳои ифротӣ корҳои зиёдро чораандешӣ намуда, онҳоро чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷи он роҳандозӣ менамояд. Корҳои зиёд оид ба ин мавзӯъ ба Федератсияи Россия рост меояд, зеро зиёда аз 90% муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қаламрави ин кишвар кору фаъолият менамоянд. Барномаҳои Хадамоти муҳоҷират оид ба ин мавзӯъ ба се давра тақсим мешаванд:

  • пеш аз сафар;
  • дар давраи сафар;
  • баъди сафар.

Дар Хадамоти муҳоҷират МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Хоруғ фаъолият менамоянд, ки корҳои зиёдеро дар самти ташкилу гузаронидани машварат, омодасозӣ ва мутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳандозӣ менамоянд.

Ҳадаф, вазифа ва самти асосии фаъолияти марказҳо аз инҳо иборатанд:

  • Ҳадафи асосии марказ – ин расонидани ёрии амалӣ тавассути курсҳои машваратию таълимӣ ба муҳоҷирони ватанӣ дар ду марҳилаи муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад, аз ҷумла:

Пеш аз сафар:ташкили бақайдгирӣ, омӯзонидани забон, таърих, ойин, фарҳанг ва қонунгузории давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин касбҳои зарурӣ, ҳамкорӣ бо литсейҳои касби техникии ҷумҳуриявӣ ва давлатҳои хориҷи кишвар (аз ҷумла, Федератсияи Россия), инчунин омӯзиши бозори меҳнати давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ, ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар ва мусоидат барои бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар.

Баъди бозгашт: тавассути бақайдгирии муҳоҷирони бозгашта, ташкили ташхиси тиббии онҳо, барасмиятдарории маҳорати касбие, ки онҳо ҳангоми кор дар хориҷи кишвар пайдо намудаанд, ҳамкорӣ бо мактабҳои таълимии касбӣ ва техникии ҷумҳурӣ барои омӯзиши касбии онҳо ва таъмини маълумот оид ба ҷойҳои корӣ.

Барои амалӣ гардидани ҳадафу вазифаҳои зикршуда марказ намудҳои зерини фаъолиятро ба роҳ мондааст:

– таъсиси системаи электронии бақайдгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нияти муҳоҷирати меҳнатӣ доранд ва ё аз муҳоҷирати меҳнатӣ боз гаштаанд;

– ташкили гузаронидани курсҳои ройгони кӯтоҳмуддати машваратию таълимӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар марҳилаҳои пеш аз сафар ва пас аз бозгашт аз хориҷи кишвар;

– гузаронидани машварату семинарҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар ба хориҷи кишвар;

– ташкил намудани курсҳои омӯзишии ройгони забонҳои хориҷӣ (аз ҷумла, забони русӣ, англисӣ ва арабӣ);

– ташкили синфхонаҳо барои омӯзонидани мухоҷирони меҳнатӣ;

– ташкили комиссияҳои аттестатсиякунонии махсус иборат аз мутахассисон ва муаллимони омӯзишгоҳҳои касбӣ барои гузаронидани санҷиш ва сертификатсияи малакаи ҳақиқатан касбие, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми кор дар хориҷи кишвар пайдо намудаанд;

– равон кардани муҳоҷирони меҳнатии бозгашта ба муассисаҳои таълимии касбӣ ва ё техникӣ барои гирифтани ихтисосҳои иловагӣ;

– равон кардани муҳоҷирони меҳнатии бозгашта ба ташкилотҳои дастгирии соҳибкории хурду миёна барои гирифтани машварати иловагӣ оид ба сохтани нақшаи фаъолияти соҳибкорӣ (бизнес-план);

– интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Федератсияи Россия баъди гирифтани иҷозатномаи Хадамоти муҳоҷират амалӣ карда мешавад;

-омӯзиши касбҳо ва ихтисосҳои дар бозори меҳнати кишварҳои хориҷӣ дар асоси иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мавридҳои алоҳида барои шаҳрвандони ғайримуҳоҷир дар асоси шартнома);

– такмили ихтисоси кормандони марказ дар мақомоти муҳоҷирати кишварҳои аъзои Давлатҳои ИДМ ва кишварҳои хориҷи дур;

– ҷалби субъектҳои хоҷагидор, ки ба ворид намудан ва содироти қувваи корӣ иҷозатнома доранд, дар нашри (чопи) буклетҳо, овезаҳо ва маводи дигари таблиғотӣ барои муҳоҷирон;

– ташкили гурӯҳҳои экспертони мустақил барои баҳодиҳии нақшаҳои фаъолияти соҳибкории (бизнес-планҳои) муҳоҷирони меҳнатии бозгашта;

– ҳамкорӣ бо бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии хурди ватанӣ бо мақсади имконияти пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба муҳоҷирони меҳнатии бозгашта барои пешбурди фаъолияти соҳибкории хурду миёна;

– таҳия ва дастрас намудани буклетҳо ва дастурҳои дахлдор ба муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– расонидани ёрии амалӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар ҳалли масъалаҳои ҳуқуқии мавҷудбуда;

– пешниҳоди иттилооти дахлдор ба муассис оид ба муҳоҷирони меҳнатие, ки ба хориҷи кишвар нияти сафар доранд;

– ҳамкорӣ бо намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Федератсияи Россия ва диаспораҳо ҷиҳати адаптатсия, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ;

– омӯзиши талаботи бозори меҳнатии ватанӣ ва давлатҳои хориҷӣ бо мақсади таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттилооти зарурӣ;

– ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ, иттиҳодияхои ҷамъиятии ватанӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират, дигар ташкилоту идораҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва омўзишӣ ҷиҳати пешбурди фаъолият дар самти омодагии пеш аз сафар ва адаптатсияи минбаъдаи муҳоҷирони меҳнатӣ;

– омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва судманд дар самти ҳалли мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ барои татбиқи онҳо дар кишвар;

– таъсис додани махзани маълумот оид ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба хориҷи кишвар нияти сафар доранд;

– бо мақсади ба ҳисобгирӣ ва омўзиши зуҳуроти рондашавии муҳоҷирони меҳнатӣ тибқи тартиби муқарраргардида, тавассути мақомоти дахлдор муайян намудани сабабҳои рондашавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлатҳои бокортаъминкунанда;

– реинтегратсияи иҷтимоию иқтисодии муҳоҷирони меҳнатии бозгашта ва ашхосе, ки воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъ шудааст, тариқи машварат ва мусоидат бокортаъминкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои хориҷӣ , омӯзиши ихтисосҳои замонавӣ ва барқарорсозии вазъи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ.

Ҳангоми гузаронидани машваратҳо диққати асосӣ ба ворид нагаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ дода шудааст. Кормандони марказ ҳангоми вохӯриҳо ба иштирокчиён маводҳои иттилоотӣ тақсим намуданд. МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо ташкилоти гуманитарии “Корпуси Шафоат” 300000 нусха флайерҳо (варақаҳо) ба табъ расонид.

Ин маводҳо ба 6 намуд гурӯҳбандӣ шуда ба мавзӯъҳои мубрами рӯз бахшида шудаанд. Яке аз онҳо бо унвони “Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) бахшида шудааст, ки барои муҳоҷирон ва хусусан ҷавонон хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Мазмуни мухтасари ин мавод чунин аст:

Имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ фаъолият доранд, ки ҳадафи асосии онҳо ҷалби шахсони гумроҳ, аз ҷумла ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини террористию экстремистӣ мебошад.

Барои эмин доштани худ аз доми гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ҳар як шахс, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ бояд аз мафҳумҳои зерин бохабар бошанд.

Экстремизм чист?- ин фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.

Терроризм чист?- ин зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони шинохта, арбобони давлатӣ ва воқеъӣ мебошад, ки дар натиҷаи он ба молу амволи шахсони ҷамъиятӣ ҳисороти калон расонида шуда, боиси ҳалокати одамони зиёди бегуноҳ мегардад. Инчунин, дар натиҷаи он сохти амниятии ҷамъият халалдор карда мешавад.

Донед, ки шахсони бегона метавонанд ба Шумо таъсир расонида, гумроҳ ва ба созмонҳои гуногуни террористию экстремистӣ ҷалб намоянд.

Гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ бо ҳар роҳ шомилшавӣ ба сафҳояшонро таблиғ менамоянд, бахусус бо фиристодани паёмакҳо бо телефон, саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ. Ба паёмаку даъватҳои ношинос ва шубҳаовар ҷавоб надиҳед, ба расму видеоҳои хусусияти даъватию таблиғотидоштаи ин гурӯҳҳо эътибор надиҳед.

Хусусияти муҳими ифротгароии динӣ аз он иборат аст, ки идеологҳои ин гурӯҳҳо онро ҳамчун восита ва силоҳи муборизаи манфиатҳои худ вориди муборизаи сиёсӣ намудаанд.

Ифротгароии динӣ як нерӯи муташакилонаи сиёсию ҳарбӣ, як тӯфони харобиовари иҷтимоӣ ва як таҳдиди ҷадидии сиёсию амниятист.

Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва масҷидҳо дар хориҷи кишвар аз шиносоӣ ва сӯҳбат бо афроди ношинос ва шубҳанок дурӣ ҷӯед.

Дар чунин ҳолатҳо кӯшиш накунед, ки мушкилоти худро дар танҳоӣ ҳал намоед, балки ба сафоратхонаҳову консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва диаспораҳо дар ҳудуди Федератсияи Россия муроҷиат намоед.

Бояд гуфт, ки роҳбарияти олии кишвар ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва хусусан барои соҳибкасб шудани аҳолии кишвар диққати ҷиддӣ медиҳад.

Чӣ тавре ки дар паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26-уми январи соли 2021 омадааст:

“Дар сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон танзими муносибатҳои меҳнатӣ, рушди бозори меҳнат ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ мавқеи асосӣ дорад”.

Вале бояд гуфт, ки тибқи таҳлилҳо сатҳи касбияти коргарон ҳанӯз ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй набуда, ин масъала ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад.

Дар ҷараёни ислоҳот як масъаларо ба эътибор бояд гирифт, ки имрӯз дар Тоҷикистон зарурат ва талабот барои ҷорӣ намудани омӯзиши садҳо ихтисоси дигар вуҷуд дорад.

Ҳоло дар кишвар 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи 97 ихтисос ва 5 маркази таълими калонсолон бо 41 филиал ва 21 намояндагӣ аз рӯи 93 касб кадрҳои коргарӣ тайёр мекунад.

Дар асоси дастури мо имсол дар заминаи литсею колеҷҳои техникӣ боз 47 маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир барои омӯзиши 50 касбу ҳунар ба фаъолият шурӯъ менамояд…

Вобаста ба ин, зарур мешуморам, ки ба ҳар як муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз ҳисоби аъзои Ҳукумат, вакилони парламент, роҳбарони сохтору мақомоти марказӣ ва шаҳру ноҳияҳо якнафарӣ ба ҳайси сарпараст вобаста карда, дар зарфи ду соли оянда тамоми мушкилоту масъалаҳои ҷойдоштаи онҳо ҳаллу фасл карда шаванд”.

Чӣ тавре маълум аст, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дараҷае ҷонибдори соҳибкасб шудани аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон мебошад, ки аъзои Ҳукумат, вакилони парламент, роҳбарони мақомоти марказӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро барои кӯмаки муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии кишвар сафарбар намуданд.

Хулоса, МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ ва Бохтар минбаъд низ ба ин мавзӯи рӯз, яъне пешгирии муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла ҷавонон барои ворид нагаштан ба гурӯҳҳои ифротӣ корҳоро тақвият бахшида, ин масъалаи муҳимро таҳти назорати доимии худ қарор медиҳанд.

 

МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ»- и Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо