Боздиди гурӯҳи корӣ аз минтақаҳои осебдидаи шаҳри Кӯлоб

18 майи соли равон гурӯҳи корӣ иборат аз Сардори Хадамоти муҳоҷират, Муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кормандони ниҳодҳои мазкур бо мақсади бурдани корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотиву ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ ва аъзои оилаи онҳо доир ба расмикунонии фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламравӣ Федератсияи Россия, пешгири аз шомилшавии муҳоҷирон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва тундрав, пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ ба монанди ВНМО, шиносоӣ бо масъалаи иқлим ва корбарӣ дар самти муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ, боздид аз шароити кории кормандони шуъба ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ ва дар доираи имкониятҳои мавҷуда таъмин намудан бо шароити мувофиқ, озими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуданд.
 
Қабл аз сафар ба ВМКБ, гурӯҳи корӣ аз минтақаҳои осебдидаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва шитаби гурӯҳҳои кории вазорату идораҳо боздид ба амал оварда, ҳамзамон аз ҳисоби ҳайати гурӯҳи корӣ ва кормандони сохторҳои тобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлӣ аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати бартарафсозии хисороти воридгардида ва барқарорсозии иншооти осебдида дар пайи офатҳои табиӣ ба 30 хонаводаи маҳаллаи Нонбои поён ёрӣ расониданд.
 
Зимни боздиди гурӯҳи корӣ, Муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳозирон суҳбат доир намуда, вобаста ба бартарафсозии хисороти воридгардида ва чораҷӯӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сар задани офатҳои табиӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
 
Ҳамзамон, ҳангоми бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ Сардори Хадамоти муҳоҷират бо ҳозирон суҳбат намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки дар паҳлӯи сокинони осебдида қарор гирифтан ва расонидани кӯмакҳои модиву техникӣ ба онҳо, бунёди иншооти муҳими ҷамиятиву маишӣ ва хизматрасонӣ, ки ба иқтисодиёти кишвар таъсиррасон мебошанд, аз масъалаҳои мубрами рӯз буда, масъулияти тамоми сохтору мақомотҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
 
Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати дастгирии аҳолии ниёзманд пайваста чораҷӯӣ менамояд. Минбаъд низ чорабиниҳои заруриро амалӣ месозад ва ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳад. Чунончи Сарвари давлат таъкид менамоянд «мо танҳо дар ҳамбастагӣ ва иттиҳоди комил, якдигарфаҳмию ҳамдилӣ ва эҳтироми ҳамдигар метавонем ҳама мушкилотро бартараф намоем ва дар якҷоягӣ Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонем».
 
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11 май дар пайи боришоти шадид як қатор шаҳру навоҳии вилояти Хатлон осеб дид.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо