Русия умури муҳоҷиратро рақамӣ мекунад

[:ru] 

МВД планирует через год представить для рассмотрения Госдумы законопроект по цифровизации всей миграционной системы России, сообщает ТАСС со ссылкой на замначальника управления по вопросам внешней трудовой миграции Главного управления по вопросам миграции МВД России Павла Дутова.

“Для нас очень важно использование цифровых технологий”, – заявил Дутов на заседании комитета Госдумы по охране здоровья.

По его словам, в рамках министерства уже будет введена система, предоставляющая информацию из других ведомств. Так, в частности, она позволит проверить наличие у мигрантов медицинских справок. Эту информацию можно будет запрашивать в режиме онлайн.

Ранее директор Центра миграционных исследований, ведущий научный сотрудник ИНП РАН Дмитрий Полетаев рассказал, что цифровизация трудоустройства мигрантов в ближайшие годы будет нарастать.

По его мнению, скоро цифровизация распространится и на другие сферы, подключатся возможности для цифрового поиска рабочих мест.

Напомним, Россия по итогам 2020-го вошла в топ-5 стран по числу мигрантов. По подсчетам ООН, в России находится 12 миллионов мигрантов.

 [:tj] 

Вазорати умури дохилаи (ВУД) Русия баъди як сол ба Думаи давлатӣ лоиҳаи қонун барои рақамӣ кардани низоми муҳоҷират дар кишварро пешниҳод хоҳад кард, хабар додааст ТАСС бо такя ба ноиби сардори Сарраёсати умури муҳоҷирати ВУД Русия, Павел Дутов.

“Барои мо истифодаи технологияи рақамӣ хеле муҳим аст”, – изҳор дошт Дутов зимни ҷаласаи Кумитаи ҳифзи сиҳатии Думаи давлатӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дар доираи Вазорат аллакай низоме ҷорӣ мешавад, ки маълумот аз дигар сохторҳоро низ фаро хоҳад гирифт. Аз ҷумла тафтиши вуҷуди маълумотномаи тиббии муҳоҷир имконпазир хоҳад шуд. Ин иттилоъро метавон дар низоми онлайн дастрас намуд.

Қаблан мудири Маркази тадқиқоти умури муҳоҷират, корманди калони илмии Академияи улуми Русия, Дмитрий Полетаев изҳор дошт, ки рақамикунонии таъмини муҳоҷирон бо кор солҳои наздик афзоиш хоҳад ёфт. Ӯ таъкид намуд, ки рақамикунонӣ соҳаҳои дигарро низ фаро хоҳад гирифт.

Маврид ба зикр аст, ки Русия соли 2020 аз рӯи теъдоди муҳоҷирон ба панҷгонаи кишварҳои пешсаф шомил шуд, ки ба ҳисоби СММ дар қаламрави он ҳудуди 12 миллион муҳоҷир иқомат доранд.

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо