(Русский) Ҳамватанони гиромӣ! Кӯдакони хурдсолро беназорат нагузоред!!!

[:ru]Бахусус дар хонаҳои баландошёна. Боз як ҳодисаи нохуш дар шаҳри Москва аз ошёнаи 11-ум бинои истиқоматӣ кӯдаки 3-солаи як оилаи ҳамватанамон афтида, дар ҳолати вазнин, дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ мебошад.

Боиси таассуфи зиёдаст, ки ҳафтае қабл чунин ҳодиса дар шаҳри Санкт-Петербург рух дод. Он гоҳ кӯдаки 2 – сола, Ризвонов Муҳаммад аз ошёнаи 8–ум афтида ба ҳалокат расида буд.

Имрўз кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба аёдати кӯдак рафтанд. Мудири шуъбаи эҳёгарии беморхонаи клиникии бачагонаи Святой Владимир вазъӣ саломатии кӯдакро вазнин арзёбӣ кард.

Намояндагӣ бо волидони кудак дар тамос аст.

                                                  Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират

                                          ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба масъалаҳои  

                                                                                                         муҳоҷират[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо