Рўзи байналмилалии муҳоҷир таҷлил гардид

[:tj]18-уми декабр дар Хадамоти муҳоҷир мизи мудаввар бахшида ба «Рўзи байналмилалии муҳоҷират» дар мавзўи «Пурқувват намудани иқтидори Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати расонидани кумак ба муҳоҷирони бозгашта ба Ватан» баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар Сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Саидасрор Саидов, Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода, Роҳбари Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон Кристина Транка, муовини сардор, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Дар сухани ифтитоҳии худ сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода қайд кард, ки дар баробари Тоҷикистон дар бисёр мамлакатҳои дигар ин рўз ҷашн гирифта шуда, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ дар навбати худ паҳн намудани маълумотҳо оид ба ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии муҳоҷиронро бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои гуногун ва семинарҳои корие, ки қонун дар бораи муҳоҷиронро дарбар мегиранд, саҳми худро мегузоранд.

18-уми декабри соли 1990 Ассамблеяи генералии СММ Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзоёни оилаҳои онҳоро қабул намуд ва дар санаи 4-уми декабри соли 2000 ассамблеяи мазкур Рўзи байналмилалии муҳоҷиронро, ки ҳамасола 18-уми декабр ҷашн гирифта мешавад ба расмият даровард. Гуфта мешавад, ҳадаф аз таҷлили Рўзи байналмилалии муҳоҷир аз он сарчашма мегирад, ки солҳои охир теъдоди муҳоҷирон дар тамоми дунё рўз то рўз меафзояд. Ассамблея дар оянда риояи қонунҳои ҳимояи инсон ва озодиҳои асосии ҳамаи муҳоҷиронро муҳим ҳисобидааст, – гуфт ў.

Баъдан Каримзода Т.А. қайд кард, ки ҳамасола дар ин рўз ҷомеаи байналмилалӣ даъват ба амал меоранд, ки давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ таваҷҷўҳи хосаро ба шумораи зиёди муҳоҷирон, ки дур аз ватананд ва дар холати вазнин қарор доранду ба кўмаку дастгирӣ ва ҳимояи худ эҳтиёҷ доранд, равона созанд.

Тибқи омори Созмони Миллали Муттаҳид  имрўз шумораи умумии муҳоҷири меҳнатӣ дар ҷаҳон ба 236 миллион расида ва мувофиқи пешбиниҳои Созмони Миллали Муттаҳид то соли 2050 ин шумора ба 405 миллион мерасад.

Сипас намояндаи Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон Шехова Зебигул оиди руйнамоии «Лоиҳаҳои Созмони байналмилалии муҳоҷират комёбиҳо ва афзалиятҳои асосӣ дар фаъолияти минбаъда» муфассал маълумот пешниҳод намуд. Аз ҷумла қайд кард, ки бо кумак ва дастгирии Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар ҷумҳурӣ 130 курсҳои омўзиши касбӣ ташкил карда шуд, ки дар он 1800 нафар шаҳрвандон иштирок намуданд. 30 фоизи онро муҳоҷирони бозгашта ташкил дод.

Инчунин бо грантҳои СБМ дар шакли таҷҳизот ва масолеҳи сохтмони пешниҳод гардид, ки 186 грант ба аҳолии ноҳияҳои вилояти Хатлон супорида шуд, ки 73 фоизи онро муҳоҷирони баргашта ташкил дод.

Ў низ қайд кард, ки мувофиқи санҷиши гузаронидани коршиносон ҳар нафари сиву панҷуми кураи замин муҳоҷир буда, дур аз ватани хеш кору фаъолият дорад: «Бояд зикр намуд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамчун падида таърихи ҳазорсола дорад ва дар ҳама давру замон ин раванд буд, ҳаст ва боқӣ мемонад. Муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷаҳони муосир як раванди ногузир маҳсуб гардида, бархе аз мамолики пешрафта онро ҳамчун василаи табодули таҷриба, тарбияи мутахассисон ва ҷалби сармоя медонанд»

Аз ин хотир, кишварҳои хориҷи дуру наздик ба равандҳои муҳоҷират диққати ҷиддӣ дода, кўшиш менамоянд то ин равандро танзим ва ба шакли дуруст ба роҳ монанд.

Баъдан бо маърузаҳо доир ба муҳоҷирони баргашта дар назди иштирокчиёни мизи мудаввар намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон, Институти ҷамъияти кушода «Бунёди мадад» дар Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятӣ «Марказ оид ба ҳуқуқи инсон», МД «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим», МД “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО”, Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид ва Ташкилоти ҷамъиятии кўдакон, муҳоҷирон ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд суханронӣ намуданд.

Хадамоти муҳоҷират бо мақсади  танзими раванди муҳоҷират, беҳтар намудани шароити буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва бахусус дар Федератсияи Россия, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, баланд бардоштани сатҳи таълими касбӣ ва забономўзии муҳоҷирони меҳнатӣ, вусъати равобит бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби онҳо дар рушди иқтисодиёти мамлакат, дар оянда низ кўшиш менамояд, ки ҳамкориҳои худро бо мақомотҳои дахлдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ пурзўр намуда, ба натиҷаҳои назарраси  фаъолият ноил гардад.

Дар фарҷоми мизи мудаввар байни иштирокчиён муҳокимаи мавзўъҳо бо саволу ҷавоб дар фазои дўстона ва ҳусни тафоҳум анҷом ёфт.

                                                                                                    Анвар ЮСУПОВ

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо