Рӯзноманигорон қаноатманд шуданд

[:tj] 

 

Бо мақсади татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011, № АП-1729, дар асоси «Ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, шӯъбаю бахшҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту муассисаҳо» рӯзи 4-уми феврали соли равон нишасти матбуотии муштараки Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд доир гардид.

Тибқи анъана Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо мақсади додани маълумоти бештар ба кормандони воситаҳои ахбор оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2020, варақаи иттилоотӣ тақсим намуд. Ҳамзамон дар ҷузвдони махсус ба онҳо маводҳои конселярӣ, шумораҳои охирини рӯзномаи «Шуғл ва муҳоҷират», буклету дастурамалҳо оид ба муҳоҷирати бехатар, тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва мубориза ба муқобили терроризму экстремизм, бемориҳои гузаранда, аз ҷумла ВНМО – ро дастрас намуд.

Дар нишасти матбуотӣ зиёда аз 20 нафар кормандони воситаҳои ахбори чопию электронии ҷумҳуриявию маҳаллӣ иштирок намуданд.

Дар оғози нишаст кормандони воситаҳои ахбор баъди суханронии ифтитоҳӣ гузориши сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд  Зайнура Шарифиро оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 шуниданд.

Баъдан сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят Шермуҳаммад Нодирӣ вобаста ба фаъолияти Раёсати мазкур дар соли сипаришудаи 2019  суханронӣ намуд. Вобаста ба нишондиҳандаҳои солона аз ҷониби Раёсати мазкур ҳам ба намояндагони васоити ахбори омма варақаи иттилоотӣ дастрас шуд.

Зимни саволу ҷавоб сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ ба пурсишҳои намояндаи Агентии иттилоотии «Азия плюс» дар вилоят Мавлуда Рофиева, муҳбири махсуси ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Фарзона Муродӣ, мухбири махсуси ҳафтаномаи «Омӯзгор» Нӯъмон Раҷабзода, намояндаи Агентии иттилоотии «Суғднюс» Мадина Почоева, муҳаррири телевизиони маҳаллии «7 ситора» Ӯғулой Раҷабова ва муҳаррири ширкати телевизион ва радиои «Азия» Афзал Босолиев посух гардонид.

Саволҳои додаи онҳо асосан оид ба бозгашти кормандони ширкатҳои бо ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ фаъолиятбаранда ва корхонаҳои муштараки ҳудуди вилоят аз Ҷумҳурии мардумии Чин ва чораҳои бехатарӣ вобаста ба пешгирии бемории навпайдошудаи сироятӣ, муҳоҷирони меҳнатии бе ному нишон гумшуда, фавти шаҳрвандон дар муҳоҷирати меҳнатӣ ва интиқоли ҷасади фавтидагон ба ватан, ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ (ба ғайр аз Федератсияи Россия) дар самти таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ бо кор, реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатии берункардашуда ва воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Россия муваққатан манъгардида, баррасии баҳсҳои пайдошуда оид ба муҳоҷирони меҳнатиро фиреб додани миёнаравҳо ва таъини нафақа ба муҳоҷирони меҳнатӣ буданд.

Зайнура Шарифӣ ба саволҳои рӯзноманигорон посух дода, баён дошт ки ҳамкории Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо бо воситҳи ахбори омма мунтазам густариш меёбад ва ин падидаи нек аст. Ҳамзамон сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Шермаҳмад Нодирӣ ба пурсишҳои кормандони васоити ахбори омма ҷавоб гуфта, онҳоро ба ҳамкории босамар даъват кард.

Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ мухбири махсуси маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» дар вилояти Суғд Ҷӯра Юсуфӣ аз номи рӯзноманигорон ба ташкилкунандагони он миннатдорӣ баён кард.

Мардон ҚУРБОНОВ

 

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо