[:tj]Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешваи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Парлумони касбии кишвар таъкид доштанд, ки сиёсати “дарҳои кушода” чун меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дод.
Муносибатҳои Тоҷикистон бо давлатҳои калидӣ ва дигар кишварҳои Осиё хусусияти шарикӣ пайдо карда истодаанд, ки далели равшани ҳадафҳои созандаи мо мебошанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки имрўз яке аз ҳамин гуна давлатҳои калидӣ барои Ватани азизи мо Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳисоб меравад. Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ ва ҳамкории судманди дуҷониба мутахассисони чинӣ дар вилояти Суғд низ фаъолияти густурда доранд. Тибқи маълумотҳо айни замон дар вилоят зиёда аз 60 корхонаҳои муштарак ва ширкатҳо бо ҷалби мутахассисону коргарони хориҷӣ амал менамоянд ва аксари кулли онҳо аз ҳамин кишвари ба мо дўсту ҳамсоя мебошанд.
Аз ҷумлаи ҳамин гуна коргоҳҳо метавон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нафтрасон”-ро ном бурд, ки дар ҳудуди шаҳри Конибодом ҷойгир аст.Сохтмони коргоҳ аз ҳисоби соҳибкорони хитоӣ ва ватанӣ дар семоҳаи дуюми соли 2013 оғоз гардида буд. Рўзи 24 марти соли 2016, дар доираи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврўз бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи навтаъсис бо иқтидори коркарди 70 ҳазор тонна нафт дар як сол ва 80 ҷои кории доимӣмавриди истифода қарор гирифт.
Дар соли нахустини фаъолиятдар ҶДММ “Нафтрасон” 730 тонна нафти хом ба маблағи умумии 1 миллиону 854 ҳазор сомонӣ коркард ва маҳсулоти зерин:128 тонна бензин, 343 тонна сўзишвории дизелӣ ва 220,5 тонна мазут истеҳсол гардид. Роҳбарият ва аҳли ҷомеаи меҳнатӣ аз нишондиҳандаҳои аввалин рўҳбаланд шуда, дар соли 2017 фаъолияташонро тақвият бахшиданд. Ҳамин буд, ки коргоҳ мувофиқи шартномаҳои тарафайн 9500 тонна нафти хомро харидорӣва коркард кард. Ашёи хом асосан азҶумҳурии Қирғизистон (4000 тонна)ва ширкати ватании ҶДММ “Петролеум Суғд” (5500 тонна)ворид шуд. Дар ин сол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот (3626 тонна сўзишвории дизелӣ ва 497 тонна мазут) 17 миллиону 525 ҳазор сомониро ташкил дод.
Бо рўҳу илҳоми тоза аз сафари кории Президенти мамлакат ба вилояти Суғд аҳли меҳнати корхона семоҳаи аввали соли равонро ҳам бо нишондиҳандаҳои хуб ҷамъбаст карданд. Бино ба иттилои масъулин дар ин давра аз Ҷумҳурии Қирғизистон 2100 ва аз ҶДММ “Петролеум Суғд” 500 тонна – ҳамагӣ 2600 тонна нафти хом ворид ва коркард гардид. Дар умум 296 тонна сўзишвории дизелӣ, 462 тонна мазут ва 42 тонна газолин истеҳсол шуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра ба 2 миллиону 614 ҳазор сомонӣ баробар аст.
Дар оғози моҳи апрел байни ҶДММ “Нафтрасон” ва ҶДММ “Петролеум Суғд” барои харидории 2000 тонна нафти хом шартнома ба имзо расид ва имрўзҳо кашонидану захира намудани нафт аз ҶДММ “Петролеум Суғд”босуръат идома дорад.
Қобили зикр аст, ки баъди ба фаъолият сар кардани ҶДММ “Нафтрасон” вазъи молиявӣ дар шаҳр хеле беҳтар гардид. Коргоҳ соли 2016 59 ҳазору 320 сомонӣ, соли 2017 1 миллиону 414 ҳазор сомонӣ ва дар семоҳаи аввали соли 2018 100 ҳазор сомонӣ андозҳои ҳатмии давлатиро пардохт, ки албатта, ба ғанитар шудани буҷаи маҳаллӣ мусоидат намуд.
Нақшаи истеҳсолӣ барои соли 2018 коркарди 50 ҳазор тонна нафти хом мебошад.Дар сурати амалишавии нақшаи пешбинишуда вазъи буҷети шаҳр сифатан беҳтар мегардад ва барои ривоҷи бунёдкорию созандагӣ имконияти бештар фароҳам меояд.
Имрўзҳо дар коргоҳи мазкур зиёда аз 50 нафар мутахассисон ва коргарони маҳалливу чинӣ фаъолият бурда истодаанд. Вобаста ба намуди кор шумораи шаҳрвандони хориҷӣ ба 12 – 15 нафар мерасад.Ҳамкорӣ онҳоро ба ҳам мисли бародар қарину меҳрубон гардондааст. Ҳамин меҳру муҳаббат ва дўстию рафоқат аст, ки пешравиро дар кор таъмин менамояд ва боиси давра ба давра афзудани нишондиҳандаҳои меҳнатӣ мегардад.
Корхонаи дигаре, ки имрўзҳо дар шаҳри Конибодом бо дастгирии чиниён сохтмонаш босуръат идома дорад, ҶДММ “Билол Суюлин Семент” мебошад, ки дар ҳудуди заводи маснуоти оҳану бетон ҷойгир аст. Чуноне ки аз номаш пайдост, он баъди мавриди баҳрабардорӣқарор гирифтан истеҳсоли сементро ба роҳ мемонад. Соҳибкори ватанӣ, яке аз маблағгузорони лоиҳа Абдухалил Маҳмудов дар иртибот ба ин чунин гуфт:
Арзиши умумии лоиҳа 2 миллион доллари амрикоро ташкил медиҳад. Аз ин 40 фоизаш аз ҷониби Абдухалил Маҳмудов ва 60 фоизаш аз ҷониби соҳибкори чинӣ Сун Ҷи Бин маблағгузорӣ мешавад. Тибқи нақша ашёи хомро ҷиҳати коркард аз ҳудуди шаҳри Исфара, ки тибқи қонунгузории амалкунанда дар масоҳати 30 гектар барои истифодабарии захираҳои табиӣ ба соҳибкорон иҷозат дода шудааст, дастрас менамоянд. Иқтидори пурраи лоиҳавии корхона истеҳсоли 600 тонна сементи маркаи 500 дар як шабонарўз аст.
То имрўз қисми зиёди корҳои асосии сохтмону васлкуниро ба анҷом расидаанд. Навбати аввали корхона ё худ печи нахустин санаи 30-юми апрел бо иқтидори истеҳсоли 300 тонна семент дар як шабонарўз ба истифода дода шуд. Муҳлати баистифодадиҳии навбати дуюм (печи дуюм) санаи 20 декабр пешбинӣ шудааст. Бунёди ин коргоҳ армуғони арзандадар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хоҳад буд.
Баъди пурра ба итмом расидани корҳои сохтмонӣ барои 70 нафар ҷойи корӣ фароҳам меояд. Айни замон ба корҳои сохтмону васлкунӣмутахассисону коргарони маҳаллӣ ва чинӣ машғуланд. Роҳбарияти ҳар ду ҷониб ба риояи таносуби 80 бар 20 дар мавриди қабул ба кор эътибори махсус медиҳанд. Аз ҷумлаи сохтмончиёну васлгарон 90 фоизашон сокинони маҳаллӣҳастанд ва ин таносуб минбаъд низ риоя хоҳад шуд.
Ҳоло, ки дар арафаи мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали корхонаи сементбарории Конибодом қарор дорем, ин падидаи рўҳбахшро ба кулли сокинон ва аҳли ҷомеаи меҳнатӣ табрик гуфта, дар зиндагию фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳо таманно мекунем.
Мардон Қурбонов
[:]