Семинари омўзишӣ дар Хадамоти муҳоҷират

[:tj]6 сентября дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират семинари омўзишӣ дар мавзўи «Вазъи ҳуқуқии шахсони паноҳҷўянда ва гурезаҳо дар ҳошияи фаъолияти меҳнатии онҳо дар ҶТ» баргузор гардид.

Дар кори семинар сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолӣ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Моёншо Маҳмадбеков, сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода, мушовири байналхалқӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии Намояндагии комиссариати олии СММ оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон Роза Миносян, мушовири байналхалқӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии Намояндагии комиссарияти олии СММ оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон Нодира Акбаралиева, ҳуқуқшиносони Ташкилоти ҷамъиятии «Кўдакон, муҳоҷирон ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд» ва кормандони дастгоҳи марказии Хадамот, Раёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе ва шуъбаву бахшҳои ноҳияҳои тобеи  Хадамоти муҳоҷират иштирок намуданд.

Сардори Хадамоти муҳоҷират дар сухани муқаддимавии худ меҳмононро хайрамақдам гуфта, оиди ин масъалаи муҳим қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои паноҳҷўяндагон ва осудаҳол зиндагони кардани гурезаҳо шароити фароҳам омода сохтааст.

Дар рафти семинар бароматкунандагон дар мавзўи: Ваколати Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо дар ҶТ, Низоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ҶТ оид ба вазъи ҳуқуқии гурезаҳо, Ўҳдадориҳои байналмилалии ҶТ дар соҳаи ҳуқуқи гурезаҳо, Унсурҳои мафҳуми гуреза тибқи Конвенсия дар бораи мақоми гурезаҳо аз соли 1951 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи гурезаҳо» ва тафовути он аз шаҳрвандони хориҷӣ, Тартиби муроҷиат оид ба гирифтани мақоми гуреза дар ҶТ, Расмиёти муайян кардани мақоми гуреза дар ҶТ, Кафолатҳои ҳуқуқии шахсони паноҳҷўянда ва гуреза дониста шуда, Қоидаҳои будубоши шахсони паноҳҷўянда ва гурезаҳо дар ҶТ, Ҳуқуқи шахсони паноҳҷўянда ва гурезаҳо ба меҳнат, фаъолияти соҳибкорӣ тибқи қонунгузории ҶТ ва ғайра шунида шуд.

Сипас ҳуқуқшиносони ТҶ «Кўдакон, муҳоҷирон ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд» Хуршед Кодирқулов ва Ширинбек Давлатшоев баромад намуда, муфассал дар бораи ҳар як мавзўъ суханронӣ намуда, ба саволҳои сершумори иштирокчиён посухҳои мушахасс доданд. Алалхусус, қайд гардид, ки Тоҷикистон Конвенсияи мақоми гурезаҳо аз соли 1951-ро имзо кардааст ва дар ҳашт моҳи соли 2018 1139 гуреза ва паноҳҷўяндаро дар қаламрави худ қабул кардааст. Гурезаҳо аъзои саҳмгузори ҷомеа мебошанд ва кўшиш мекунанд аз нигоҳи молиявӣ ва иҷтимоӣ дар кишвари паноҳандагӣ мустақил бошанд. Ба хотири татбиқи тавоноии пурраи худ ва саҳм гузоштан дар ҷомеаи Тоҷикистон ва доштани зиндагии бошарофат гурезаҳо ба дастрасии бозори меҳнат ва бо шуғл фаро гирифтан ниёз доранд. Донистани қонунгузории байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳуқуқҳои гурезаҳо ва кордиҳандагон барои таъмини шуғли пойдор ба гурезаҳо ва паноҳҷўяндагон мусоидат менамояд.

Ба ҳамаи саволҳои сершумори иштирокчиёни семинар ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

                                                                                              Анвар Юсупов

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо