Семинар-тренинг дар Хадамоти муҳоҷират

   Бо ташаббуси Хадамоти муҳоҷират дар ҳамбастагӣ бо Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-2 апрели соли равон дар толори маҷлисгоҳи Хадамот семинар-тренинг дар мавзӯи «Омӯзиши Дастурамали кормандони бахшу шуъбаҳои қабул ва маслиҳатдиҳии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар семинар-тренинг мудирони бахшу шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Бо суханин ифтитоҳӣ дар назди ҳозирин Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир баромад намуда, мақсад ва баргузории семинар-тренингро ба инштирокчиён муаррифӣ намуд. Сардори Хадамот қайд карданд, ки дастури методӣ бо дастгирии Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар ҷумҳурӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ иборат аз кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ҷиҳати истифодаи хизматии масъулини Хадамоти муҳоҷирати (ВММША ҶТ) дар сатҳи марказӣ ва сохторҳои минтақавии он пешбинӣ шудааст. Ҳадаф аз таҳияи он роҳнамоӣ ва расонидани кӯмаки методӣ дар танзими равиши қабул ва маслиҳатдиҳии шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар марҳилаҳои пеш аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва пас аз бозгашт ба Ватан буда, роҳҳои муносиби ҳалли масъалаҳои гуногуни ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони ҷумҳурӣ дахлдоштаро нишон медиҳад.
Дастури методӣ мақсаднок бо забони содда ва мантиқан фаҳмо таҳия карда шудааст ва фикр карда мешавад, ки он барои боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои сохторҳои Хадамоти муҳоҷират ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар марҳилаҳои пеш аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишварҳои хориҷ ва пас аз бозгашт ба Ватан мусоидат хоҳад кард. Дастури методӣ аз 4 қисм иборат буда, ҳар кадом ба яке аз ҷанбаҳои муҳими хизматрасонӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, - афзуд Каримзода Т.
Инчунин, дар назди иштирокчиёни семинар-тренинг сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Хадамот Нодиршоев Аслишо баромад намуда, муҳтавои ин дастурамалро муаррифӣ намуд.
Намояндаи Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавҷуда Азизова баромад намуда, пешниҳод ва маълумот оид таҳияи дастури методӣ ва фаҳмидани қоидаҳо оиди ба истифодабарии он дар фаъолияти кори бахшу шуъбаҳо ва мақсаду вазифаҳои семинар-тренинг маълумот дод.
Дар ҷамъбасти семинар-тренинг муҳокимаи масъалаҳои баррасишуда тавассути саволу ҷавоб анҷом дода шуд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо