Силсилачорабиниҳо дар вилояти Суғд

[:tj]

Оғози машғулиятҳои курси такмили ихтисос

 

Тибқи бандҳои 3 ва 5-и фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.12.2019, №103 “Дар бораи Нақшаи гузаронидани курсҳои такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои системаи вазорат барои соли 2020” бо ибтикори Муассисаи давлатии “Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” оғоз аз рўзи 20-уми апрел дар вилояти Суғд машғулиятҳои курси такмили ихтисос роҳандозӣ шуда истодаанд, ки то рўзи 25-уми апрел идома меёбанд.

Машғулиятҳо дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи меҳнат ва шуғли аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо фаро гирифтани мутахассисон, мутахассисони пешбар ва сармутахассисони дастгоҳи Раёсати Хадамоти муҳоҷиратҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  ва сохторҳои зертобеи он дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ташкил шудаанд.

Падидаи ҷолиб он аст, ки ба шунавандагони курс ба ғайр аз намояндаи Муассисаи давлатии “Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” кормандони собиқадор ва ботаҷрибаи раёсат низ машғулият мегузаронанд. Бино ба иттилои муовини сардори Раёсат Ҷамшедхон Сайфуллозода ва сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Диловар Муродов дар рафти онҳо вобаста ба тамоми самтҳои фаъолият, аз ҷумла ҳуҷҷатнигорию коргузорӣ шунавандагон донишу малакаи касбиашонро такмил ва тақвият дода, ҳамзамон санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаро омўхта истодаанд.

                                                       Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                        дар вилояти Суғд

 

Армуғони идона ба муҳоҷирони экологӣ

 

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.11.2016, №506 “Дар бораи Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кўчонидани муҳоҷирони экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 2020” соли равон дар ҳудуди шаҳри Исфара бояд 5 оила ҳамчун муҳоҷири экологӣ ба ҷойҳои бехавф кўчонида шаванд.

Аз ҷумлаи онҳо тибқи пешниҳод ва санади техникии комиссия оид ба хоҷагиҳои аз офати табиӣ ва ҳодисаҳои фавулодда зарардидаи раёсати шўрои маҳаллаҳои шаҳри Исфара, хулосаҳои шуъбаи раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд ва Корхонаи воҳидии “Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум” 2 хонавода аз ҷониби ҷамоати деҳоти Хонобод ва 3 хонавода аз ҷониби раёсати шўрои маҳаллаҳои шаҳри Исфара, бо назардошти таҳти таъсири равандҳои экзогенӣ қарор доштани манзилҳои истиқоматиашон, барои  ба рўйхат ворид намуданашон ҳамчун муҳоҷири экологӣ пешниҳод шудаанд.

Дар арафаи фарорасии ҷашни байналмилалии Наврўз, рўзи 19-уми марти соли равон қарори раиси шаҳри Исфара таҳти №130 оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба имзо расид. Мутобиқи қарори мазкур муҳоҷирони экологӣ дар ҳудуди минтақаи бехавфи таҳти заминистифодабарии ҶСШК “Дўстӣ” қарордоштаи ҷамоати деҳоти Хонобод ва мавзеи Моҳпарӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба андозаи 0,06 гектар  таъмин мешаванд.

Муҳоҷирони экологӣ ба имзо расидани қарори раиси шаҳрро ҳамчун ҳадяи наврўзӣ пазируфтанд ва ҳангоми дастрас намудани нусхаи он ба намояндагони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара гуфтанд, ки баробари ҷудо гардидани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба сохтмони манзил шурўъ мекунанд.

 

                                                       Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                       дар шаҳри Исфара

 

Ҳамкорӣ самараи нек дода истодааст

 

Дар хусуси ҳамкории босамари раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо бо Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд ва комиҷроияи минтақавии ҲХДТ дар самти ташкили чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ бисёр гуфта ва навишта шудааст.

Паҳн гардидани бемории сироятии “коронавирус” ва муташанниҷ гардидани авзои Сайёра ин ҳамкориро боз ҳам тақвият бахшида истодааст. Лозим ба ёдоварист, ки тибқи вазифагузориҳои Сардори Хадамоти муҳоҷират вобаста ба пешгирии сироятёбӣ аз ин беморӣ дар раёсат ситод таъсис ёфта, нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ бо густариш ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба таҳияву тасдиқ шудааст. Яъне, бо ҷалби ҳамкорону сарпарастон дар маҳалҳо ба таври васеъ роҳандозӣ намудани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ аз ҷумлаи чорабиниҳои асосии ба нақша гирифташуда мебошад.

Бо назардошти ин, оғоз аз ҳафтаи гузашта таҳти унвони “Ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузорем!” Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ва Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд ҳамарўза дар ҳудуди маркази вилояти Суғд аксияи муштарак гузаронида истодаанд. Ҳафтаи гузашта ин гуна чорабинӣ дар майдони Регистони назди бозори марказии “Панҷшанбе” ва дигар ҷойҳои серодам гузаронида шуд. Дар рафти чорабиниҳои доиргардида аъзои гурўҳҳои ташвиқотию тарғиботӣ ба шаҳрвандон варақаю дастурамал тақсим намуданд ва қоидаҳои муҳофизату бехатарӣ аз сироятёбӣ ба бемории “коронавирус”-ро фаҳмониданд.

Аз оғози ҳафтаи равон бошад, корҳои иттилоотию маърифатӣ дар маҳаллаҳо доир шуда истодаанд. Аъзои гурўҳҳои ташвиқотию тарғиботӣ ҳоло ҳавлӣ ба ҳавлӣ гашта, бо сокинон суҳбат мекунанд, вобаста ба тарзи ҳаёти солим маслиҳату дастур дода, ба онҳо варақаю буклет тақсим менамоянд. Ин гуна маводҳо бо дастгирии кумиҷроияи шаҳрии ҳизб, ҳамчунин дастгирии донорҳои ҷалбнамудаи Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд ба теъдоди зиёд аз чоп бароварда шудаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳамин гуна як номгўй дастурамали ташвиқотию тарғиботӣ аз ҷониби раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ҳам омода гардида, барои шиносоӣ ва хулосабарорӣ ба ташкилотҳои ҷамъиятии  ҳамкор пешниҳод гардидааст. Дар сурати қобили қабул ҳисобидан, тавсия додан ва дастгирӣ намудани онҳо чопи маводи мазкур ва баъдан паҳн намудани он ҳам ба роҳ монда мешавад.

 

                                                      Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                        дар вилояти Суғд

 

Мавзўъ дигар шуда бошад ҳам, ҳадаф дигар нашудааст

         чунин гуфт зимни мусоҳибаи кўтоҳ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич Санавбар Баҳодурова, ки таҳти сарварии ў дар самти гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ ва дигар самтҳои фаъолият бахши мазкур ҳамкории васеъро бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, амнияти миллӣ, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ходимони дин ва фаъолони ҷомеа ҳамкории хубро ба роҳ мондааст.

Бино ба иттилои Санавбар Баҳодурова бо паҳн шудани бемории коронавирус масъалаи пешгирӣ аз сироятёбӣ ба он дар миқёси ноҳияи Деваштич низ зимни бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ба мавзўи асосӣ ё худ рақами як табдил ёфтааст. Вале, новобаста ба ин, ҳадаф аз ташкили чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ ҳамоно чун пештара баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо мебошад.

“Дар баробари ин, мавзўи доғи рўз зимни мулоқотҳо бо аҳолӣ чун пештара масъалаҳои муҳоҷирати бехатар, танзими муҳоҷирати дохилию экологӣ, пешгирӣ ва мубориза бо дигар бемориҳои сироятӣ, муқовимат бо терроризму экстремизм, коррупсия, хариду фурўши одамон, истифодаи шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак, таълиму тарбияи фарзанд, таҳкими оила, танзими анъана ва ҷашну маросимро низ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода истодаем” мегўяд ў.

Аз ҷумла, ҳамин мавзўъҳо дар рафти чорабинии дар омўзишгоҳи касбӣ – техникии №38 доир гардида ҳам баррасӣ шуданд. Ёдовар мешавем, ки барои ташкил ва гузаронидани он дар радифи маъмурияти муассисаи мазкур ҳамчунин Маркази ноҳиявии ташаккули тарзи ҳаёти солим бо бахши Хадамоти муҳоҷират ҳамкорӣ карданд. Ин мулоқот зиёда аз 120 нафар омўзгорону хонандагон ва устоҳои таълимии омўзишгоҳро сарҷамъ сохт, ки баъди шунидани суханрониҳо ба саволҳои худ аз мудири бахши Хадамоти муҳоҷират С. Баҳодурова ва директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим К. Тўйчиев посухи мушаххас гирифтанд.

 

                                                            Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                               дар ноҳияи Деваштич

 

 

Ҳашари дастҷамъона ба хотири пешгирӣ аз беморӣ

 

Паҳншавии босуръати бемории сироятии “коронавирус” дар миқёси олам масъулинро водор месозад, ки дар самти ташвиқоту тарғибот ва роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳу воситаҳои гуногунро истифода баранд. Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатии ба нақша гирифтаашро ин навбат бо усули дигар гузаронид, ки қобили пайравист.

Дар ҳамкории бахш бо шуъбаи ҷавонон ва варзиш, бахши кор бо занон ва оила ва комиссияи кор бо ноболиғони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ин чорабиниҳо дар ду давр дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №47-и деҳаи Ашт ва №53-и деҳаи Дўстӣ доир гардиданд. Дар рафти даври якум, ки дар дохили толор ҷараён гирифт, ба иштирокчиён –  омўзгорон, кормандони техникӣ ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳо баъди шунидани маърўзаҳо ва саволу ҷавоби озод маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ дастрас шуданд.

Дар рафти даври дуюми чорабинӣ иштирокчиён ҳашари дастҷамъона гузаронида, дар самти тозаю озода намудани гирду атроф, ба тартиб даровардан ва безараргардонии роҳраву долонҳо ва ҳуҷраҳои фаннию синфхонаҳо корҳои муайянро ба иҷро расониданд. Дар ин хусус ба мо мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт Нодира Маҳмудзода хабар дод.

 

                                                      Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                          дар ноҳияи Ашт

 

                      Се мулоқот дар як ҷамоат

 

Вақтҳои охир шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент фаъолияти худро дар самти ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ хеле ҷоннок намуда, кўшиш ба харҷ дода истодааст, ки бо корҳои фаҳмондадиҳӣ на танҳо сокинони маркази шаҳр ва деҳаҳои калон, балки минтақаҳои дурдаст ҳам бештар фаро гирифта шаванд.

Ҷамоати деҳоти Ёрӣ яке аз калонтарин ҷамоатҳои шаҳр буда, дар гузаштаи начандон дур ду хоҷагии калони давлатӣ – совхози “Панҷакент” ва Иттиҳодияи байнихоҷагии бўрдоқипарварӣ қисми асосии аҳолии қобили меҳнатро сарҷамъ сохта буданд. Айни замон дар заминаи ин хоҷагиҳо даҳҳо адад хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ таъсис ёфта, ҳамасола як қисми муайяни аҳолӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Ногуфта намонад, ки сокинони ҷамоати мазкур дар кишоварзию чорводорӣ таҷрибаи фаровон доранд ва аз қадимулайём бо меҳнатдўстиашон машҳур ҳастанд.

Бо сабаби хеле сераҳолӣ будани ҷамоат шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент дар маҳаллаҳои гуногун паиҳам се мулоқот гузаронд, то теъдоди ҳарчи бештари сокинон бо корҳои фаҳмондадиҳӣ фаро гирифта шаванд.

Аз рўи гуфтаи сардори шуъба Абўрайҳон Абдушаҳидов ба гурўҳи ташвиқотию тарғиботӣ дар радифи раиси ҷамоат Ф. Алимов намояндаи шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Маъруф Чуянов, нозири минтақавӣ Сино Нурализода, сармутахассиси Ҷамоати деҳоти Ёрӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим Абулайс Музаффаров ва мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Ашўрмаҳмад Муқумов шомил буданд. Дар як мулоқот мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент М. Муродзода ва мутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират М. Аҳтамқулзода низ иштироку суханронӣ карданд.

Ҳар се чорабинӣ бо иштироки намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла раисони маҳаллаҳо, хоҷагидорон, соҳибкорон, аъзои хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ, омўзгорону табибон, соҳибхоназанҳо, муҳоҷирони меҳнатию аъзои оилаи онҳо, ходимони дин ва фаъолон ҷараён гирифта, дар рафти онҳо суханронӣ, суҳбати озод, шунидани дархосту пешниҳоди иштирокчиён, саволу ҷавоб ва тақсимоти маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ роҳандозӣ гардид. Масъалаҳои доғи рўз, аз ҷумла муҳоҷирати бехатар ва мубориза бо хатарҳои замони муосир мавриди баррасии васеъ қарор гирифтанд.

 

                                                     Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                  дар шаҳри Панҷакент

 

Шаҳри Истиқлол низ дар канор нест

 

Имрўзҳо, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо вобаста ба пешгирии сироятёбӣ аз бемории сироятии “коронавирус” ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим маъракаҳои ташвиқотию тарғиботӣ аз ҷониби мақомоту ниҳодҳои гуногун роҳандозӣ мешаванд, дар шаҳри саноатии Истиқлол низ корҳои муайян ба иҷро расида истодаанд.

Аз ҷумла, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, бахши Хадамоти муҳоҷират ва комиҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар маҳаллаҳои Табошари кўҳна ва Меҳнатобод бо ҷалби намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ду мулоқот гузаронида шуд. Қобили қайд аст, ки дар радифи мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Ф. Ойматов ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол М. Ниёззода дар ин чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ муовини аввали раиси шаҳр М. Аллабердиён бевосита иштирок ва суханронӣ кард.

Тавре ки мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истиқлол Фахриддин Ойматов зикр намуд, ба ғайр аз мавзўи болозикр дар рафти ин ду чорабинӣ дигар масоили ҳалталаб ва доғи рўз низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, ба иштирокчиён маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ дастрас гардид.

 

                                                       Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                  дар шаҳри Истиқлол

 

 

Ба воҳима бовар накунем!

 

Таҳти унвони “Ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузорем!” бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳристон чорабинии иттилоотӣ – маърифатии калонҳаҷмро дар маркази ноҳия доир кард, ки ба мавзўи пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории “коронавирус” бахшида шуд. Тибқи иттилои мудири бахш А. Ғозиев мақсад аз ташкил ва баргузор намудани чорабинии мазкур, пеш аз ҳама, бохабар намудани сокинон аз ҳолати зиддиэпидемиологии кишвар, инъикоси вазъи воқеӣ ва пешгирии овозаю ҳангомаҳои бардурўғ буд.

Ба шаҳрвандон иттилоъ дода шуд, ки вазъият дар кишварамон таҳти назорати қатъӣ қарор дошта, намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамарўза ҳолати зиддиэпидемиологиро назорат мебарад ва хушбахтона, то имрўз дар Ватани маҳбубамон ягон ҳолати сироятёбии шаҳрвандон ба бемории сироятии “коронавирус” ба қайд гирифта нашудааст. Аз ҷумлаи шаҳрвандони аз кишварҳои хориҷӣ баргаштаи таҳти карантин қарордошта аллакай аксарияташон ҷавоб шудаанд ва умед аст, ки нафарони боқимонда ҳам ба наздикӣ ба манзилҳояшон бармегарданд. Аз ин рў, аҳли ҷомеа набояд ба ҳар гуна овозаҳои бардурўғ ва ҳангомаи баъзе воситаҳои ахбори омма бовар кунанд.

Ташкилкунандагон аз волидон, аҳли оила ва наздикону пайвандони муҳоҷирони меҳнатӣ ҳам дархост карданд, ки аз онҳо хавотир набошанд. Зеро гирифтории шаҳрвандон ба бемории “коронавирус” дар кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳам таҳти назорат аст.

 

                                                      Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                дар ноҳияи Шаҳристон

 

                            Аз Урметан то Анзоб

 

Бо назардошти босуръат паҳн шудани бемории сироятии “коронавирус” дар миқёси олам ва дар робита ба ин мавзўъ аз ҷониби баъзе расонаҳои ахбори омма паҳн намудани овозаю хабарҳои бардурўғ, бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ тасмим гирифтааст, ки бо фарогирии намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеа таҳти шиори “Аз Урметан то Анзоб” ташкили чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатиро дар тамоми қаламрави ноҳия ба таври густурда ба роҳ монад. Тавре аз мазмуни ин шиор бармеояд, ҳадафи масъулин бо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқоту тарғибот фаро гирифтани сокинони кулли ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аст.

Танҳо давоми даҳ рўзи охир дар ҷамоати шаҳракҳои Сарводаю Зарафшон, деҳоти Урметан ва Фондарё дар рафти чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ ва тарғиботу ташвиқоти сарикасӣ (хона ба хона) дар маҳаллаҳо наздик ба 1000 нафар шаҳрвандон бо қоидаҳои муҳоҷирати бехатар, гигиенаи шахсӣ, роҳҳои пешгирии сироятёбӣ аз бемориҳои гузаранда, аз ҷумла вируси норасоиии масунияти одам, “коронавирус” ва ташаккули тарзи ҳаёти солим бохабар шуданд.

Тибқи хабари мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Баҳрулло Ғайбуллоев ба ҳамаи иштирокчиёни чорабиниҳои доиргардида маводҳои чопии ташвиқотию тарғиботӣ дастрас гардида, захираи ин гуна маводҳо барои даҳҳо адад чорабиниҳои минбаъда низ басандагӣ мекунад.

 

                                                        Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                           дар ноҳияи Айнӣ

 

 

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо