[:tj]Тоҷикистони азиз дар ҳақиқат гӯшаи биҳиштосои ҷаҳон буда, сайёҳону меҳмонони олам мафтуну шефтаи он гаштанд. Маҳз тавассути сиёсати оқилонаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила ҷумҳурии мо ободу зебо гардида, таваҷҷуҳи сайёҳон ба минтақаҳои зебои он меафзояд. Талошҳои пайвастаи Сарвари давлат барои муаррифии забон, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ равона шудаанд.
Як бахши аслии Паёми навбатии Сарвари давлат, ки 26 декабри соли 2018 баргузор гардид, ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар бахшида шудааст. Ба хотири андешидани тадбирҳои лозим ба манзури болобурдани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ Пешвои миллат таъкид доштанд, ки Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, обу ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад. Аз ин лиҳоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро дар кишвар «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карданд. Ҳамчунин Пешвои миллат ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба Ҳукумати кишвар дастур доданд, ки ба соҳибкорон ва ҳунармардон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнокро тавассути фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монад.
Воқеан, сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар дунё бисер кишварҳои Олмону Куриё, Шветсария ва Амрико аз ҳисоби рушди сайёҳӣ ҳар сол миллионҳо доллар фоида мебинанд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид гардидааст: «Мардуми мо аз азал ҳунарманд аст ва мо имрӯз низ бо намунаҳои барҷастаи маҳсули дастони ҳунармандони ҳалқӣ, аз ҷумла косибон ифтихор менамоем».
Бо иқдоми Хукумати кишвар бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1-уми январи соли 2018 ин гуна молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод шуданд. Аз ҷумла, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли авали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шуданд.
Қобили қайд аст, ки ҳамасола аз ҷониби Сарвари давлат барои рушди соҳибкориии занон грантҳои Президентӣ ба маблағи аз 10 то 40 ҳазор сомонӣ ҷудо мегарданд. Бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани шаҳрвандон, алалхусус занону духтарони хонашин ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ аз қабили қолинбофӣ, қуроқдӯзӣ, бофандагӣ, гулдӯзӣ, дӯзандагӣ, сӯзанидӯзӣ, зардӯзӣ, адрасбофӣ, ҷомадӯзӣ, кешбофӣ, сабадбофӣ ва тоқидӯзӣ дар 57 шаҳру ноҳияҳои кишвар 302 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ ташкил гардида, ба онҳо 8020 нафар шаҳрвандон ҷалб шудаанд.
Фарҳанги либоспӯшии тоҷикон аз нигоҳи муҳаққиқон махсусияти хоси худро дорад. Мо имрӯз куртаҳои занонаи замонавиро вомехӯрем, ки ҳар як зани тоҷик онро аз диди худ оро дода, бо гулдӯзӣ ба бар менамояд. Дар охири асри ХХ ҳунари гулдӯзии тоҷикона қариб аз байн рафта буд ва хушбахтона, бо дастгирии Роҳбари давлатамон ҳунари тоҷикии гулдӯзӣ аз нав эхё шуд.
Кулолгарӣ, ки яке аз пешаҳои суннати маъруфи тоҷикон мебошад, ба коркард ва сохтани маҳсулоти гилӣ марбут аст. Ин касб бештар дар шаҳрҳои калон рушд ёфта, маҳсулоти сохтаи онҳо нисбатан босифат, хушнамуд ва зебо буд. Касби кулолӣ дар байни тоҷикон то ба нимаҳои садаи ХХ маъмул буд, аммо бо пайдо шудани зарфҳои металию чинии корхонаҳо касби мазкур рӯ ба инқироз оварда буд. Ин пешаи аҷдодӣ низ ҳамакнун аз нав эҳё гардидааст.
Бозори маҳсули ҳунарҳои дастӣ солҳои охир бо афзоиш ёфтани шумораи сайёҳону меҳмонони хориҷӣ сархаридор гардида, шумораи занону духтарон ба ин кор рӯйоварда рӯз аз рӯз зиёд мешавад. Ҷиҳати муаррифии маҳсулоти миллӣ корхонаю коргоҳҳо ва марказҳои таълимӣ дар намоишгоҳҳои дохиливу байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, маснуоти тайёри дастии худро пешкаши тамошобинон ва сайёҳон мегардонанд, ки барҳақ, муаррифгари фарҳанги бой ва қадимаи халқи тоҷик мебошанд.
Имрӯз зарурати таъсиси мағоза ва растаҳои алоҳидаи фурӯши маҳсулоти санъати амалии халқӣ ба миён омадааст. Дар ин сурат ҳунармандони халқӣ, ки маҳсулоти тайёрнамудаашонро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамоянд, пеш аз ҳама ба сифати маҳсулот ва ороиш (дизайн)-и он таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бо нархи арзон пешкаши харидорон ва сайёҳон менамоянд.
Таҳияи
Анвар ЮСУПОВ [:]