Сумангул Тағойзода дар иҷлосияи 30-юми Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд

[:tj]1 то  5 апрели соли 2019 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода дар ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳимояи маърӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар иҷлосияи 30-юми Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид, ки дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардид, иштирок намуд.

Тавре аз маркази матбуоти вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори он маърӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо нисбат ба дуюмин маърӯзаи марҳилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба татбиқи Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо шунида шуда,  ба саволҳои аъзои Кумитаи СММ ҷавобҳо  пешниҳод гардиданд.

Зимни  ин маърӯза  зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда доранд, диққати махсус дода, оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ  дар ин самт  Нақшаи миллии амалҳо таҳия ва тасдиқ гардидааст. 2  майи соли 2017 оид ба натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ба Кумитаи СММ дуюмин маърӯзаи марҳилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ирсол  гардид.

Мавриди зикр аст, ки 16 апрели соли 2012 дар Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо якумин маърӯзаи марҳилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсияи  мазкур шунида шуда буд.

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо