«Суғдиён Помир тур» дар сафи пеш

[:tj]Новобаста ба тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврўз ва рўзҳои истироҳат ҶДММ «Суғдиён Помир тур» дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатиро ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон рўз то рўз муташаккилона ба роҳ монда истодааст. Танҳо дар давраи аз 19 то 27 март 6 гурўҳи муҳоҷирони меҳнатиро ба шаҳрҳои Оренбург, Самара, Тюмен, Новокузнетск, Перм ва Орски Федератсияи Россия ва 1 гурўҳро ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон сафарбар намуд. Сафарбаршудагон асосан сокинони ноҳияҳои Ашту Бобоҷон Ғафуров ва қисман аз шаҳру навоҳии ҷануби Тоҷикистон буда, дар умум шумораашон ба 251 нафар мерасад. Ёдовар мешавем, ки як ҳафта пештар ҶДММ «Суғдиён Помир тур» зиёда аз 200 нафар муҳоҷирони меҳнатиро муташаккилона гусел намуда буд.                                                                                                      Ҳангоми сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ дар байни онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст.

                                                                      Раёсати Хадамоти муҳоҷират                                                                                               дар вилояти Суғд[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо