Суҳбат дар синфхона

[:tj]Ҳаёт Аҳмадов, сокини Ҷамоати Сомони деҳаи Чаманистони ш. Ҳисор зиёда аз 6 моҳ дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Екатеренбурги Федератсияи Русия сарбаландона кору фаъолият намудааст.

Ба гуфтаи ў дар ин муддат чӣ қадар душвориҳо садди роҳаш гардидааст. Аммо вай ин мушкилиҳоро паси сар намуда, тартиби талаботи конунгузории давлати буду бошро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ риоя намуда, соҳиби касбу ҳунар гардид.

Ҳаёт як чизро баён намуд, ў афзуд, мутаассифона на ҳамаи ҳамкасбони ман шаҳрвандони тоҷик забони русиро хуб намедонистанд. Ҳато номгўи асбобҳои сохтмонӣ ва истифодабарии дурусти онҳоро низ наметавонистанд. Бояд гуям, ки ҳар корфармо вобаста ба сохтмонӣ худ масолеҳи сотмонӣ мехарад. Вазифаи мо самаранок масраф намудани масолеҳи сохтмонӣ ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ мебошад. Баъзе аз шаҳрвандони мо даъво мекунанд, ки пули моро корфармо надод, ё ин, ки кам дод. Агар рафта сифати кори ҳамон даъвогарро бинед, ба ў на маош, балки ўро ҷарима кардан мумкин аст.

Тавре мешуд, ки якчанд маротиба ман корҳои онҳоро аз сари нав ба анҷом мерасонидам.  Аксарияти мо дар орзўи ба  Русия омада соҳиби ҷои кор дорем, лекин фикр намекунанд, ки дар сохтмон кор кардан хеле мушкил аст, ҳатто тартиби чен кардани метри мурабаъро низ наметавонанд. Худи манн шахсан дар панҷ шаш иншоот кор мекунам. Бисёре аз ҳамватанонам маслиҳат мепурсанд, ки инро чӣ хел анҷом додан мумкин, бовар кунед, рўи одамизод ширин аст, маҷбур кори худамро партофта рафта ба онҳо кўмак мерасонам. Айни замон барои омода намудани ҳуҷҷатҳо барои гирифтани патент, ки муҳлати 30 рўзи тақвимӣ муқаррар шудааст, ва аз ҳар яки мо масъулияти баландро талаб менамояд, ва баъд аз гирифтани патент мо вазифадорем, дар вақташ маблағи ўро пардохт намуда фаъолияти меҳнатии худро идома диҳем.

Бояд таъкид намуд, ки бе ҳунар ҳар як фарди муҳоҷир аз Ватанаш орзўи азми муҳоҷират нанамояд, падару модар бояд инро ҳис намоянд.

Ҳунар набошад дар ягон сохтмон ба кор қабул намекунанд. Ман, ки усто мебошам як нафарро қабул менамоям, барои ман кифоя аст. Қисми зиёди ҳамватанони мо аз  шаш моҳ то як сол бекор гашта, шиками худашонро сер карда наметавонанд.

Ба корманди Хадамоти муҳоҷират гуфтаниам, ки ҳар як фарди тоҷике, ки ба муҳоҷират меравад, пеш аз сафар дар даст буклетҳо оид ба конунгузориҳои Федератсияи Руия дошта бошанд, нисбат ба ихтисоси худ имтиҳон супорида, нисбати ҳунари худ ҳуҷҷат гиранд,  шаҳрвандони мо имрўз бояд тестро дар бораи донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Русия супорида соҳиби Сертификат шаванд ва дар ҳолати надоштани ҳуҷҷати номбурда имконияти кор карданро дар ФР надоранд.

Шахси беҳунар дарахти бесамар мебошад.

Мебахшед, рафиқонам маро дар берун интизор мебошанд. Саломат бошед, барои тавсияҳои хуб.

Дар ҳақиқат пешниҳодҳои Ҳаёт Аҳмадов қобили дастгирӣ буда, бояд ҳар як фарди муҳоҷири тоҷик пеш аз сафар барои худ хулосабарорӣ намояд.

 

  •                                                                                           Фирдавс Бозоров
  •                                                   сармутахассиси Раёсати
  • Хадамоти муҳоҷират
  •                                                                                                          дар ш.Душанбе

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо