Ҳамватанони азиз!
Имрӯзҳо миллати сарбаланди тоҷик бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Ваҳдати миллиро, ки барои мардуми тоҷик санаи тақдирсоз мебошад, истиқбол мегиранд.
Дар ин рӯзи таърихӣ ормони сулҳталабонаи халқи азияткашидаи тоҷик ба воқеият табдил ёфта, ба хотима додани ҷанги таҳмилӣ асоси бунёдӣ гузошт.
Имрӯз, ки мо ин санаи тақдирсозро бо рӯҳияи ҷашнӣ истиқбол мегирем, бо як ҷаҳон ифтихор Шуморо – ҳамватанони гиромӣ ва аҳли заҳматкаши миллатро, махсусан кормандони соҳаи меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбиро ба ин рӯзи воқеан таърихӣ ва муқаддас самимона табрик менамоям.
Мафҳуми Ваҳдати миллӣ барои ҳар як фарди мамлакат баробари Истиқлолият арзиши бузург дорад, зеро Ваҳдати миллӣ тавонист чун омили неруманди ҷомеа дар як марҳилаи тақдирсози таърихӣ хизмати бузургро анҷом диҳад.
Тавассути ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима дода шуд ва ин дастовард ҷиҳати таъмини Ваҳдати милливу ба эътидол овардани вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар ва рушди он заминаи воқеӣ гузошт.
Тавре аз саҳифаҳои таърих барои мо маълум аст, расидан ба ваҳдати миллӣ кори саҳл набуд, балки муколама, музокира ва мусолиҳату мувофиқатҳои ҷиддиро тақозо мекард, ки ҳайати намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидоятҳои Президенти муҳтарами кишварамон ин рисолати ҳассосу созандаро иҷро намуд.
Ҷомеаи Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро чун санади гаронбаҳои тақдирсоз хуш истиқбол кард. Ҳукумати кишвар 27- уми июнро ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ – Иди ваҳдат эълон намуд ва он ҳар сол дар тамоми каламрави мамлакат ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намудаанд, ки «Созишномаи мазкур аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».
Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ барои миллати мо дастоварди бузургу таърихӣ аст, ки қиммати онро ба ҳеҷ ганҷе баробар карда намешавад. Зеро дар сар то сари ҷумҳурӣ баъд аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ таҳаввулоти бузургро шоҳид ҳастем. Шурӯъ аз ташкили корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ то бунёди мактабҳову кӯдакистон, беморхонаву қасрҳои фарҳанг ва даҳҳо дигар ибтикороти созандаи давлату Ҳукумат далолати гуфтаҳои боло мебошанд.
Мо бояд аз ин неъматҳои бебаҳо шукргузорӣ намуда, дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ ва дар татбиқи сиёсати пешгирифта, саҳми арзанда гузорем.
Ин рӯзи таърихӣ воқеан ба марҳалаи нави такомули давлати соҳибистиқлоламон оғоз бахшида, барои татбиқи раванди созандагии давлат заминаи устуворро фароҳам овард.
Эътирофи ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ва пайваста баргузор гардидани чорабиниҳои сатҳи баланд дар Тоҷикистони азизамон, ташрифи сарони давлатҳо ва намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ самараи истиқлолият ва Ваҳдати пойдори миллати тоҷик буда, ба ин васила Тоҷикистон тавонист, ки то имрӯз дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти гуногуни глобалӣ саҳми назаррас гузорад.
Ин аст ки имрӯз, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси кишвари пешбар дар ҳалли масоили мубрами амниятӣ, обу экология ва тағйирёбии иқлим эътироф шуда, ба қатори даҳ кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини сайёҳии пиёдагардӣ, ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми соддаи пешниҳоди раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амният ворид гардид.
Бо шарофати Ваҳдати миллӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу субот пойдор аст Пойтахти азизамон шаҳри Душанбе макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ гардида, бо созандагиҳои насли ҷавони кишвар ба боғшаҳри минтақа мубаддал гардидааст.
Бо шукргузорӣ аз суботу оромӣ ва рушду шукуфоӣ, ки имрӯз дар Тоҷикистони азизамон ҳукмфармост бори дигар ҳамаи Шуморо ҳозирини гиромӣ ва дар симои Шумо тамоми кормандони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, таманно дорам, ки ин ҷашни миллию муқаддас роҳи давлату миллати моро ба сӯи ояндаи обод ва орому осуда ҳамеша равшан ва иттиҳоди ҷомеаи моро безаволу ҷовидон нигоҳ медорад.
Рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак бошад ҳамкорону ҳамватанони азиз!