Талаботи кишвари муҳоҷирпазир ҳатмист

Муҳоҷирати аҳолӣ дар тағйири вазъи иҷтимоии ҷаҳон падидаи муҳим буда, таърихи тулонӣ дорад. Дар замони муосир суръати муҳоҷирати одамон дар ҷаҳон чунон шиддат гирифтааст, ки он ба раванди муҳоҷират дар қарни гузашта қиёснопазираст.

Азбаски Тоҷикистон ҳам ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонист, ин раванд ба аҳолии кишвари мо низ бетаъсир намондааст.
Афзоиш ёфтани муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамчун раванди ҳаёти иҷтимоӣ дар кишвари мо омилҳои зиёд дорад. Яке аз сабабҳои асосии он бо таъсири ҷанги шаҳрвандӣ аз фаъолият боз мондани корхонаҳои истеҳсолии саноатӣ мебошад, ки бар асари ғайрифаъол гардидани корхонаву фабрикаҳо шумораи бекорон дар қаламрави мамлакат як давраи муайян зиёд гардид. Асосан сокинони кишвари мо бештар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба давлати Россия сафар мекунанд, зеро Федератсия Россия ҳамчун кишвари пасошӯравӣ ба ҷумҳурии мо робитаҳои зичи иқтисодиву иҷтимоӣ дорад.
Бояд гуфт, ки риояи қонунҳои амалкунанда ва урфу одати кишваре, ки ба он ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд барои табақаи муҳоҷиргардида ҳатмӣ маҳсуб меёбад.

Ҳамагон хуб медонем, ки соли 2020 хуруҷи бемории ҳамагири “COVID-19” мардуми сайёраро ба таҳлука андохт. Барои саривақт пешгирии паҳншавии он ва талафоти камтари аҳолӣ ҳамаи давлатҳои ҷаҳон ҷиҳати пешгирии хуруҷи ин вирус тадбирҳои зарурӣ андешиданд. Дар ин миён тамоми муҳоҷирон аз кишварҳои бегона ба давлатҳояшон баргаштанд. Ин навъи тадбир аз ҷумла дар қаламрави давлати мо ва Федератсияи Россия ҳам ҷорӣ буд. Вобаста ба ин Фармони Президенти Федератсияи Россия “Дар бораи тамдиди чораҳои мувақатӣ оид ба ҳалли вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия вобаста ба таҳдиди паҳншавии минбаъдаи сирояти нави коронавируси COVID-19” аз 15 декабри соли 2020, №791 оид ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳои муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, тағйиру иловаҳо ворид гардидааст. Мувофиқи тағйироти мазкур баруйхатгирии муҳоҷирон то 30 июни соли 2021 идома дошта, аз тамоми муҳоҷирони меҳнатӣ талаб карда мешавад, ки ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароранд ва қонунӣ фаъолият намоянд.

Дар робита ба фармони мазкур бо ибтикори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат бо таъсиси ситод корҳои фаҳмондадиҳиву таблиғотӣ бо аҳолӣ ва волидайни муҳоҷирони меҳнатии имрӯз дар Россия қарордошта суҳбату вохӯриҳо мунтазам идома дорад.

Дар ноҳияи Файзобод ҳам перомуни ҳамин масъала тарғибу ташвиқ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сурат гирифт. Зимни вохӯриҳо ба мардум фаҳмонида шуд, ки риояи қонуну қоидаҳои буду боши давлати муҳоҷирпазир барои сокинони диёри мо, ки ба ин кишвар сафари меҳнатии муваққатӣ анҷом медиҳанд, ҳатмӣ ва зарур мебошад. Воқеан ҳам риояи талаботи давлати муҳоҷирпазир ҳам барои мардуми мо ва ҳам сокинони минтақа ҳатмист. Зеро мо сокинони Осиёи марказӣ аз рӯйи дин, урфу одат ва баромади иҷтимоӣ аз сокинони Федератсияи Россия фарқкунандаем ва риоя накардани талаботи онҳо метавонад нофаҳмиҳои зиёдеро дар муносибатҳои фардӣ ва байнидавлатӣ ба бор оварад.

Бинобар ин, ба мақсад мувофиқ мебуд, ки шаҳрвандон пеш аз сафар ба муҳоҷират ба бахши Хадамоти муҳоҷирати дар ноҳия фаъолиятдошта муроҷиат намуда, дар бораи қоидаҳои муҳоҷират, заруратҳо ва қонунҳои кишваре, ки дар оянда кору иқомат ихтиёр манамоянд, маълумот гиранд.
Хадамоти муҳоҷират ҳамеша омодааст, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ кумак расонад, ба онҳо дар тамос бошад ва дар ҳалли проблемаҳои бамиён омада мусоидат намояд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо