Тантанаҳои Наврӯзӣ дар Шарқи Дур

[:ru]Тантанаҳои Наврӯзӣ дар Шарқи Дур
Тантанаҳои наврӯзӣ дар тамоми вилоятҳо ва шаҳрҳои Федератсияи Россия аз ҷониби ҳамватанонамон чун иди аҷдодӣ ва ҷашни баҳор сулҳу сафо бо шукуҳу шаҳомат, бо эҳсоси ифтихор ва шукргузорӣ аз ободиҳои Ватан бо ҳама рукнҳояш таҷлил гардида истодааст, навиштааст имрӯз хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар ФР Садбарги БОҚӣ.
Гуфта мешавад, ки ҳарчанд ҳавои Шарқи Дур, Сибир ва Тотористон сард аст, вале аз қалбҳои гарму чеҳраҳои пурнури ҳамватанонамон базмгоҳҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз рангину мусаффо гардидаст. Мардум ба дастурхони идона, ба шукуҳу зебоии манзараҳои наврӯзӣ, ба Наврӯзу баҳори зебо нигариста, бори дигар итминони комил пайдо мекунанд, ки Наврӯз иди сирф ориёӣ ва ватани аслии Наврӯз Тоҷикистони сар ба домони гардун ва кишвари афсонаҳо мебошад.
Дар кишвари Хабаровск бо ибтикори Ҷамъияти «Тоҷикони Шарқи Дур» таҳти сарварии бонуи фаъоли тоҷик Моҳтоб Ғафурова Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ҳама суннатҳояш, бо ширкати васеи меҳмонон аз ҳайати Ҳукумати минтақаи Шарқи Дур ва доираи васеи намояндагони миллату халқиятҳои гуногун баргузор гардида истодааст. Дар ҷараёни ин чорабинии идона шеърхонӣ, намоиши дастурхони наврӯзӣ ва таронаҳои ноби тоҷикона пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд. Дар ин лаҳзаҳо бошад, базми наврӯзӣ дар толори барҳавои «Хонаи Дӯстии Халқҳо»-и Хабаровск идома дорад.
Дар шаҳри Новокузнетск ҳам Наврӯзи оламафрӯз бо иштироки васеи меҳмонону ҳамватанони бурунмарзӣ таи ду рӯз боз хеле шукуҳманд таҷлил гардида истодааст. Ба ин муносибат дар майдони варзишии шаҳри Новокузнетск мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили гӯштингирӣ ва бандкашӣ сурат гирифт. Бо ташаббуси кадбонуҳои соҳибҳунари тоҷик дар 7 деги калон таомҳои миллӣ, ки дар фасли баҳор омода мешаванд, таҳия гардид. Аз ҷумла, тамъу лаззати суманак ва оши бурида меҳмононро бештар писанд омад.
Садои суруд мусиқӣ ва намоиши сару либосҳои миллии тоҷикона гӯшаи дигари базмгоҳи наврӯзиро зиннати хос мебахшид. Тавре раиси Ҷамияти тоҷикони Новокузнетск «Дӯстии миллати тоҷику рус» Шавкатҷон Тоҳиров дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд: «Мо ҳамасола дар баробари дигар идҳои миллӣ кӯшиш мекунем бо таҷлили ҷашни сарсабзию сулҳофарӣ Наврӯзи хуҷастапай, ки ҳамакнун дар саросари ҷаҳон истиқбол гирифта мешавад, ба оламиён нишон диҳем, ки миллати мо аз қадим миллати ободкор, ботамаддун ва дорои анъанаҳои наҷибест, ки ҳамаи онҳо ба хушию саодати инсонҳо нигаронида шудаанд».
Дар фарҷом ба ғолибони мусобиқаи гуштини миллии тоҷикӣ, ба онҳое, ки дар васфи баҳору Наврӯз шеърҳои хуб қироат карданд, ба бонувоне, ки таомҳои лазизи наврӯзӣ, нонҳои гирдачаву чаппотӣ, кулчаҳои ҷаззадору оши бурида, фатирмаска, умоч, далда, самбусаҳои танурию дегӣ ва ғайра омода карданд, мукофотҳои таъсиснамудаи Ҷамъияти тоҷикони Новокузнетск «Дӯстии миллати тоҷику рус» ва Ҳукумати шаҳри Новокузнетск тақдим гардид.
Тантанаҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва мусобиқаҳои варзишӣ аз ҷониби ҳамватанонамон дар дигар минтақаҳои Федератсияи Россия ҷараён доранд.

Садбарги БОЌЇ

[:en]Тантанаҳои Наврӯзӣ дар Шарқи Дур

[:tj]Тантанаҳои наврӯзӣ дар тамоми вилоятҳо ва шаҳрҳои Федератсияи Россия аз ҷониби ҳамватанонамон чун иди аҷдодӣ ва ҷашни баҳор сулҳу сафо бо шукуҳу шаҳомат, бо эҳсоси ифтихор ва шукргузорӣ аз ободиҳои Ватан бо ҳама рукнҳояш таҷлил гардида истодааст, навиштааст имрӯз хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар ФР Садбарги БОҚӢ.
Гуфта мешавад, ки ҳарчанд ҳавои Шарқи Дур, Сибир ва Тотористон сард аст, вале аз қалбҳои гарму чеҳраҳои пурнури ҳамватанонамон базмгоҳҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз рангину мусаффо гардидаст. Мардум ба дастурхони идона, ба шукуҳу зебоии манзараҳои наврӯзӣ, ба Наврӯзу баҳори зебо нигариста, бори дигар итминони комил пайдо мекунанд, ки Наврӯз иди сирф ориёӣ ва ватани аслии Наврӯз Тоҷикистони сар ба домони гардун ва кишвари афсонаҳо мебошад.
Дар кишвари Хабаровск бо ибтикори Ҷамъияти «Тоҷикони Шарқи Дур» таҳти сарварии бонуи фаъоли тоҷик Моҳтоб Ғафурова Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ҳама суннатҳояш, бо ширкати васеи меҳмонон аз ҳайати Ҳукумати минтақаи Шарқи Дур ва доираи васеи намояндагони миллату халқиятҳои гуногун баргузор гардида истодааст. Дар ҷараёни ин чорабинии идона шеърхонӣ, намоиши дастурхони наврӯзӣ ва таронаҳои ноби тоҷикона пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд. Дар ин лаҳзаҳо бошад, базми наврӯзӣ дар толори барҳавои «Хонаи Дӯстии Халқҳо»-и Хабаровск идома дорад.
Дар шаҳри Новокузнетск ҳам Наврӯзи оламафрӯз бо иштироки васеи меҳмонону ҳамватанони бурунмарзӣ таи ду рӯз боз хеле шукуҳманд таҷлил гардида истодааст. Ба ин муносибат дар майдони варзишии шаҳри Новокузнетск мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили гӯштингирӣ ва бандкашӣ сурат гирифт. Бо ташаббуси кадбонуҳои соҳибҳунари тоҷик дар 7 деги калон таомҳои миллӣ, ки дар фасли баҳор омода мешаванд, таҳия гардид. Аз ҷумла, тамъу лаззати суманак ва оши бурида меҳмононро бештар писанд омад.
Садои суруд мусиқӣ ва намоиши сару либосҳои миллии тоҷикона гӯшаи дигари базмгоҳи наврӯзиро зиннати хос мебахшид. Тавре раиси Ҷамияти тоҷикони Новокузнетск «Дӯстии миллати тоҷику рус» Шавкатҷон Тоҳиров дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд: «Мо ҳамасола дар баробари дигар идҳои миллӣ кӯшиш мекунем бо таҷлили ҷашни сарсабзию сулҳофарӣ Наврӯзи хуҷастапай, ки ҳамакнун дар саросари ҷаҳон истиқбол гирифта мешавад, ба оламиён нишон диҳем, ки миллати мо аз қадим миллати ободкор, ботамаддун ва дорои анъанаҳои наҷибест, ки ҳамаи онҳо ба хушию саодати инсонҳо нигаронида шудаанд».
Дар фарҷом ба ғолибони мусобиқаи гуштини миллии тоҷикӣ, ба онҳое, ки дар васфи баҳору Наврӯз шеърҳои хуб қироат карданд, ба бонувоне, ки таомҳои лазизи наврӯзӣ, нонҳои гирдачаву чаппотӣ, кулчаҳои ҷаззадору оши бурида, фатирмаска, умоч, далда, самбусаҳои танурию дегӣ ва ғайра омода карданд, мукофотҳои таъсиснамудаи Ҷамъияти тоҷикони Новокузнетск «Дӯстии миллати тоҷику рус» ва Ҳукумати шаҳри Новокузнетск тақдим гардид.
Тантанаҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва мусобиқаҳои варзишӣ аз ҷониби ҳамватанонамон дар дигар минтақаҳои Федератсияи Россия ҷараён доранд.

Садбарги БОҚӢ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо